Раиси парлумон: "Тамоми маошамро ба фақирон сарф мекунам"
Асилбек Жеэнбеков, раиси парлумони Қирғизистон, мегӯяд, аз ҳадди маоши худ ва сарфи он ба оилаҳои камбизоат комилан розист.
Раиси парлумони Қирғизистон, ки дар ин бора зимни нишасти хабарие суҳбат мекард, гуфт, маоши ӯ 30 ҳазор сом буда, бо иловапулиҳои дигар ба 45-46 ҳазор мерасад. Аммо то расидан ба дасти онҳо фисади камаш боқӣ мемонад.
Ба гуфтаи ин ин намояндаи мардумии қирғиз, фаъолияти парлумони Қирғизистон то рафт ошкортар мешавад ва дар ин замина низ мардуми ин кишвар бояд кумак кунанд. Ӯ мегӯяд, “фаъолияти ҳар як вакил бояд ошкоро бошад ва мо аз ин рӯ, тамоми даромади худро эълон мекунем. Қаблан мо бо орои аксарияти вакилон тасмими махфӣ нигоҳ доштани маошро гирифтем. Парлумони Қирғизистон ба фаъолияти ошкору шаффоф мегузарад ва то он даме ман дар ин симат фаъолият мекунам, талош хоҳам кард, ки то ҳадди имкон фаъолияти парлумон пӯшида набошад. Агар фаъолияти мо куҷое ошкоро набуд. Пас, хоҳиш мекунам, аз он интиқод кунед, то ислоҳаш кунем.”
Асилбек Жеэнбеков хотиррасон кард, ки тамоми маоши худро ба оилаҳои камбизоату фақир сарф мекунад. “Метавонед ба эълонномаи ман дар бораи даромади солонаам назар кунед. Ман шахси камбизоат нестам ва ба ман ин кифоя мебошад”,-афзуд ӯ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |