Бахшҳо
08 июл 2013 14:57Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Пажуҳиш: 68%-и сокинони Душанбе шабакаҳои моҳворагӣ тамошо мекунанд

Нилуфари КАРИМ

Дар миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ тавассути иҷозатнома, танҳо дар Тоҷикистону Узбакистон боқӣ мондааст, ки боиси ношаффоф ва густариши фасод дар ин бахш шудааст.

Ин нуктаро Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии “Хома”, имрӯз, 8-уми июл, зимни муаррифии натиҷаи тадқиқоти “Бозори телевизионҳои Тоҷикистон – мушкилӣ ва дурнамо”, ки аз ҷониби “Хома” анҷом ёфтааст, таъкид намуд.

Зимни муаррифии натиҷаи тадқиқот таъкид шуд, ки бозори телевизиони тоҷик имрӯз чандон ҷолиб нест ва беш аз 68 фисади сокинони Душанбе аз моҳвора истифода бурда, телевизионҳои маҳаллиро умуман тамошо намекунанд.

Пажуҳиш: 68%-и сокинони Душанбе шабакаҳои моҳворагӣ тамошо мекунандШаҳло Акобирова, директори ташкилоти “Хома”, изҳор дошт, тадқикоти мазкур аз моҳи октябри соли 2012 то моҳи июни соли 2013 дар доираи лоиҳаи “Гузариш ба пахши рақамӣ ҳамчун имконияти устувор намудани мавқеи шабакаҳои мустақили телевизионӣ дар бозори ВАО-и электронӣ” амалӣ гашт: “Ҳадафи мо муайян намудани воқеияти бозор буд. Барои гирифтани руйхати расмии истеҳсолкунандагони миллӣ ба унвонии раиси Кумитаи телевизион ва радио чанд маротиба хаттӣ ва шифоҳӣ муроҷиат кардем, аммо мутаассифона мактубҳо ва чанд муроҷиатнома ягон натиҷа надоданд. Ҳол он, ки тибқи қонунгузорӣ мақомот вазифадоранд, дар муҳлати се рӯз ҷавоб гардонанд. Дар ҳамин ҳол, ба мактубҳое, ки барои тадқиқоти мазкур ба давлатҳои дигар фиристода будем, ҷавоби расмӣ гирифтем.”

Акобирова афзуд, ки “агарчи шумораи расмиро барои мо дар ин самт надоданд, мо тавонистем иқтидори ин бозорро равшан намоем. Ба хотири маълум кардани тавоноии бозор ва истеҳсолгарон, мо ҳатто онҳоеро, ки базаи техникӣ доранду иҷозат нагирифтаанд, ҳисоб гирифтем. Албатта, ба хотири халал ворид накардан ба фаъолияти онҳо, ин маълумот фош нахоҳанд шуд.”

Шаҳло Акобирова илова намуд, ки “чунин тадқиқот дар кишвари мо бори аввал гузаронда мешавад, бинобарин мо аз таҷрибаи мамолики дигар ва нишондиҳандаҳояшон истифода бурдем. Бояд гуфт, дар давлатҳои дигар, чунин тадқиқотро худи шабакаҳои телевизионӣ маблағгузорӣ мекунанд, то вазъи бозорро омӯхта, матолибро мувофиқи талаботи он омода намоянд.”

Пажуҳиш: 68%-и сокинони Душанбе шабакаҳои моҳворагӣ тамошо мекунандЛола Мерганова, намояндаи ташкилоти “Хома” иброз дошт, ки яке аз самтҳои муҳими тадқиқот, омӯзиши заминаи техникӣ ва эҷодии студияҳои истеҳсолкунандаи маводи аудиовизуалӣ аст: “Бозори маводи аудиовизуалӣ дар Тоҷикистон ривоҷ наёфтааст ва дар доираи омӯзиш, кушиш карда шудааст, ки сабабҳояш муайян гардад. Маводи босифати аудиовизуалии ватанӣ дар фазои рақамӣ хеле муҳиму зарур аст, зеро он бояд ба маводи дигар шабакаҳои хориҷӣ, ки теъдодашон барои бинанда ниҳоят зиёд аст рақобатпазир бошад.”

Дар давоми ҳамоиш инчунин таъкид гардид, ки мушкилоти кадр монеъи рушди телевизион мешавад. Чунончи, кормандони штатии 9 шабакаи давлатӣ зиёда аз 1000 нафар аст, ки дар як шабонарӯз 129 соат мавод пахш мекунанд. Дар 15 шабакаи телевизионҳои мустақил бошад, кормандони штати 170 нафар аст, ки дар як шабонарӯз 110 мавод пахш мекунанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)