Зиёӣ?!
Халил ҚАЮМЗОД
Дуруд хонандаи арҷманд!
Ин навбат дар бораи қишри зиёии кишвар менависам.
Вожаи зиёиро метавон бо чанд намуд фаҳмонд. Аммо ба ин чор намуд иктифо мекунем:
1) Зиёии классикӣ
А) - шахси донишманд, эҷодкор, ҳунарманд, дорои ақл ва фаросатро мегӯянд.
Б) - корманди давлатӣ, ба ҷуз мақомотҳои қудратӣ.
2) Зиёии фиребӣ (фиреб-бин!)
А)-зиёии худфиреб. Нафаре, ки фикр мекунад бо пӯшидани шиму костюм зиёӣ шудааст.
Б)- зиёии мардумфиреб. Нафаре, ки бо рафтори “боодобона” ва суханони “оқилона” худро зиёӣ мешуморад ва аз дигарон ҳам талаби эътирофи зиёӣ будани хешро мекунад.
3) Зиёии дарборӣ
Нафаре, ки бо ҳар роҳу усул манфиатҳои дарборро (ҳокимият на давлатро) тарафдорӣ мекунад. Ба хотири ба дарбор наздик будан ва то андозае зиндагии худро обод намудан, ин тоифа зиёиёни дарборӣ ном доранд. Беҳтарин мисол метавонад, шахсияти Бозор Собир бошад. Ин ҳарф ниёз ба шарҳ ҳам надорад.
4) Зиёии ҳақиқӣ (эътирозӣ)
Шахси хирадманд, дорои фаҳмишу ҳисси хоса, интиқодгар. Манфиатҳои Ватану давлатро аз манфиатҳои худу ҳукумат болотар дониста, аз онҳо ҷонибдорӣ мекунад. Зиёӣ агар эътироз кардан натавонад, пас шубҳа пайдо мешавад нисбати донишу фаҳмиши ӯ. Зиёӣ наметавонад эътироз накунад, чунки зиёии аслӣ табиатан нафари волоназар мешавад. Ӯ ҳар чизро қабул намекунад, ҳар чизро нисбати худу Ватанаш сазовор намебинад. Ӯ дар бораи беҳтаринҳо медонад, меандешад, менависад.
Зиёӣ, яъне кӣ? Меҳмон Бахтӣ ё Олга Тутбалина?
Олга Тутабалина, муҳаррири рӯзномаи “Азия-плюс”, рӯзи 30-уми май, матлабе зери унвони “Нозиёиёна дар бораи зиёиён” навишта буд. Ман худи он рӯз матлабро хонда будам. Он ягон шоҳкорӣ набуд. Як дидгоҳи хоси як рӯзноманигор буд. Ва вақте дар пешгуфтори он матлаб, бону Олга Тутабалина лозим донист, гуфтаи Ленинро (“зиёиён қишри ақлонии ҷомеа набуда, наҷосати онанд”) нисбати баргаштани шоири тоҷик, Бозор Собир ба Ватан ҳамчун мисол оварад...
Яке Меҳмон Бахтӣ ҳам дар ниҳоят аз ҷояш хест, дид ҷои нишастааш намнок будааст. Ба ғазаб омад, асабӣ шуд ва ниҳоят лозим донист, ки Олга Тутабалинаро барои ифшои сирри магӯяш ба додгоҳ кашад. Аз ин иқдоми Меҳмон Бахтӣ дигарон ҳам илҳом гирифтанд ва аз ҷой хестанд. Диданд, ҷои нишасташон тар будааст. Асабӣ шуданд ва лозим донистанд бо як бонуи ошкорбаён дар якҷоягӣ мубориза баранд.
Агар Ленин зинда мебуд, мутмаинам, хомӯширо авло медонистанд зиёиёни дар нохунаки мо. Аммо Ленин зинда нест, ва “зиёиён”-и мо баъди марги ӯ бо як суханаш дар як саф ҷамъ омада, мубориза бурдан мехоҳанд. Пас, зиҳӣ Ленин!
Аммо агар ман, нависандаи ин сатрҳо, дар симои раиси Иттифоқи нависандагон, мӯҳтарам Меҳмон Бахтӣ, як нафар зиёии ҳақиқиро медидам, бовар кунед, пеш аз ҳама аз гиребони Олга мегирифтам, ки чаро ин тавр навиштӣ, зуд узр бипурс.
Шумо, зиёиёни дар бораи г..ҳ фикр мекарда бас набудед, ки имрӯз боз чанд корманди як сохтори қудратӣ ба сафи шумо пайваста, ба идораи рӯзномаи “Азия-плюс” рафтаанд. Зиёӣ буданро аз Барзу Абдураззоқов биомӯзед, ки берун аз Тоҷикистон ҳам тавонист обрӯи миллати тоҷикро боло барад.
Пас, зиҳӣ ҳақиқат!
Зиҳӣ Олга, ки тани танҳо, тани садҳоро ба ларзиш даровардаӣ!
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |