Бахшҳо

Сардаргумии Амрико дар қиболи таҳаввулоти Миср

Таҳаввулоти Миср ба андозае амрикоиҳоро сардаргум кардааст, ки бо гузашти ҳудуди 7 руз аз барканории раиси ҷумҳури ин кишвар ба дасти артиш, онҳо камокон аз баёни мавзеъи шафофи худ дар қиболи ин кудито худдорӣ мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", камтар аз як ҳафта кудитои артиши Миср алайҳи Муҳаммад Мурсӣ ва даргириҳои шадиди миёни ҳомиён ва мухолифони у мегузарад ва давлатмардони амрикоӣ ҳануз ҳеч мавзеъи мушаххасе дар қиболи ин иттифоқот иттихоз накардаам, на вазорати хориҷа, на Пентагон ва на Кохи Сафед ҳеч мавзеъи равшане нагирифтаанд ва ҳатто Кунгура низ лузуме ба ташкили ҷаласа дар бораи ин нооромиҳо надидааст.

Танҳо суханоне, ки онҳо бар забон овардаанд, баёни матолиби куллӣ будаасту бас. Ба унвони мисол, Кохи Сафед бо судури баёнияе таъкид кардааст, Иёлоти Муттаҳида аз ҳеҷ ҳизб ё гуруҳи сиёсии хосе дар Миср ҳимоят намекунад ва эъмоли хушунатомез дар ин кишварро маҳкум мекунад. Ҳатто дар бахши дигаре аз ин баёния омада, мо ҳамчунон ба мардуми Миср ва орзуҳои онҳо барои демукросӣ, каромати инсонӣ ва фурсатҳои иқтисодӣ эҳтиром мегузорем ва муътақидем, ки масири ояндаи ин кишварро танҳо мардуми Миср таъйин мекунанд.

Як руз баъд аз кудито низ Вашингтон сирфан аз мақомҳои мисрӣ хост то ба аъзои Ихвонулмуслимин фишор наёварад. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ҳатто аз артиш ба хотири ин кудито интиқод накард ва фақат аз артиш хост то давлатро ба як давлати ғайринизомии мунтахаб вогузор кунад. Аъзои гуруҳи амнияти миллии Обама ҳам аз мақомоти Миср хостанд то аз дастгирии Мурсӣ ва ҳаводоронаш худдорӣ кунанд. Мақомҳои амрикоӣ ҳатто саъй карданд аз бакоргирии вожаи “кудито” дар бораи таҳаввулоти Миср худдорӣ кунанд.

Барои ин худдорӣ метавон ду далел баршумурд. Ба рағми инки бархе гумон мекунанд, амрикоиҳо дар мудирияти ин кудито нақш доштаанд, аммо воқеият ин аст, ки онҳо дар қиболи ҳаводиси ахир дар Миср сардаргум шудаанд. Мавзуъе, ки Эдворд Пак, сафири пешини Амрико дар Ироқ низ ба он ишора кард ва гуфт, ман фикр мекунам давлати Амрико андаке дар бораи инки чи кор бояд анҷом диҳад, сардаргум шудааст. Ин ба ин маъно нест, ки афроди хосе дар Амрико дақиқан медонанд, чи коре анҷом диҳанд. Бархе аз онҳо мегуянд набояд коре анҷом дод, вале баъзе дигар мегуянд, ки мо наметавонем коре анҷом диҳем ва гуруҳи дигар ҳастанд, ки мегуянд мо бояд коре анҷом диҳем.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки муътақиданд, Амрико ё ҳар кишвари дигар метавонад мустақиман дар ҳаводиси Миср дахолат кунад, ба шиддат дар иштибоҳ ҳастанд.

Аммо далели дигаре, ки метавон дар бораи рафтори мунфаъилонаи амрикоиҳо зикр кард ин аст, ки бар асоси қавонини Амрико, ҳаргуна кумаки низомӣ ё иқтисодӣ ба кишваре, ки давлати он ба дасти артиш сарнагун шуда, бояд лағв шавад.

Аз он ҷое, ки Миср дуюмин дарёфткунандаи кумакҳои Амрико ба шумор меояд, изъон ба кудито метавонад масъаласоз шавад. Бинобарин наҳваи изҳори назари Барак Обама ва дигар масъулони амрикоӣ дар бораи шароити Миср, ки аз гуфтани калимаи “кудито” ибо доранд, нишон медиҳад қасд надоранд низомиёни мисриро хеле тазъиф кунанд.

Бар асоси моддае аз қонуни будҷаи Амрико, ки аз соли 1985 ба таври мураттаб тамдид мешуд ба кишваре, ки раиси давлати он ба таври қонунӣ интихоб шуда ва бо як кудитои низомӣ барканор мешавад, наметавон ҳеч гуна кумаки молӣ кард. Дар банди дигар низ таъкид шудааст, ки Миср бояд аз гузор ба давлати ғайринизомӣ ҳимоят кунанд. Аммо аз соли 2012 вазирони умури хориҷаи Амрико яъне Ҳиллорӣ Клинтон ва пас аз Ҷон Керӣ ҳар як дар ҷиҳати манофеъи амнияти миллии кишвари худ, ин шартро барои ихтисоси будҷаи лозим барои кумак ба Миср ҳазф кардаанд.

Иллати ин кор низ мушаххас аст; манофеъи Амрико; нуктае, ки Боб Куркер, сенатори ҷумҳурихоҳ бар он таъкид кард ва гуфт: пеш аз ҳар чиз ибтидо бояд ба манофеъи ҳаёти миллии худ фикр кард.

Мойкел Робин, коршиноси умури Ховари Миёна дар андешкадаи муассисаи амрикоии Интерпройз низ дар ин робита гуфт: Ин манофеъ бавижа шомили амнияти канали Суэтс мешавад. Канали Суэтс аҳамияти басезое дорад зеро каштиҳои амрикоӣ дар соҳили шарқӣ барои рафтан ба Халиҷи Форс аз тариқи дарёи Медитарона, аз ин Канал убур мекунанд.

Амрико аз соли 1984 то кунун беш аз 70 миллиард доллар дар қолиби кумакҳои низомӣ ва иқтисодӣ ба Қоҳира пардохтааст. Як миллиарду сесад миллион доллар аз ин маблағ марбут ба соли 2013 будааст. Аз онҷое, ки маблағи кумаки Амрико ба Миср барои соли молии 2014 , ки якуми октябр оғоз мешавад, пас аз поёни тобистон дар Кунгураи Амрико ба раъй гузошта мешавад, мавзеъгириҳои мунфаиълонаи Вашингтон фурсате дар ихтиёри Қоҳира қарор медиҳад, то ба шароити худ сарусомон диҳад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)