Бахшҳо
10 июл 2013 09:50Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ҳасан Асадуллозода гуфтааст, монеи фурӯши биноҳои “Мовароуннаҳр” намешавад

Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк”, намояндагони ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр”-ро қабул карда, ваъда додааст, ки барои ҳалли мушкили онҳо мусоидат хоҳад кард.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи саҳмдорони ширкати “Мовароуннаҳр”, имрӯз, 10-уми июл дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, “раиси “Ориёнбонк” моро ба хубӣ қабул кард, асосҳои моро гӯш кард ва изҳор дошт, ки монеи фурӯши биноҳои дар гаравбудаи “Мовароуннаҳр” нахоҳад шуд.”

Раиси “Ориёнбонк” дар муроҷиат ба намояндагони “Мовароуннаҳр” гуфтааст, “биноҳоро худатон фурӯшед. Муштарӣ ёбед ва бо кадом маблағе, ки хоҳед фурӯшед, вале пулҳои моро баргардонед.”

Ба гуфтаи Бузургмеҳр Ёров қарор шуд, ки фардо 11-уми июл, “бо муҳосибҳои “Ориёнбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” вохурему масъалаи фоизҳоро, ки аз кадом ҳисоб пайдо шудаанд, баррасӣ намоем.“

Чанде қабл Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк», бо ирсоли як нома гуфтааст, «Мовароуннаҳр» аз ин бонк наздики 5 миллион сомонӣ қарздор мебошад ва то ин қарз пардохт нашавад, биноҳои дар гаравмонда ба муштариён бозгардонда нахоҳанд шуд. Чунин як иддаоро алайҳи “Мовароуннаҳр” “Тоҷиксодиротбонк” низ пеш гузоштааст.

Ба гуфтаи Бузургмеҳр Ёров “аз рӯи ҳисобу китоби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ширкати «Мовароуннаҳр» аз “Ориёнбонк” ҳудуди 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ қарздор аст, на панҷ миллион сомонӣ.”

Ёров дар мавриди афзудани қарзҳо аз ҳисоби фоизу ҷаримаҳо барои саривақт напардохтани қарз афзуд, “қонунгузорӣ мегӯяд, агар ягон шароити ногувор ба вуҷуд биёяд, пас, дар ин ҳолат тарафҳо аз уҳдадорӣ озод карда мешаванд. Ин аст, ки “Ориёнбонк” нисбати “Мовароуннаҳр” набояд ҷаримаю фоизбандӣ татбиқ намояд. Ба ҳама маълум аст, ки муддати се сол ҳамаи амволи "Мовароуннаҳр аз тарафи мақомоти қудратӣ ба ҳабс гирифта шуда буд ва имкони фаъолият кардан надошт.”

Ёдрас менамоем, фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» баъд аз ҳабси Ҷӯрабек Охунов, раиси пешини он дар соли 2010 қатъ шуда, суратҳисоб ё худ молу амволи ин ширкат ба ҳабс гирифта шуд. Саҳҳомони ширкат мегӯянд, мақомот ба ҳар далел монеи давоми кори ширкат мешаванд ва имкон намдиҳанд, ки ширкат биноҳои нимсохтаашро ба итмом расонад ва мизоҷонро бо хона таъмин намояд.

Аммо ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ба қазияи муштариёни ин ширкат дахолат карда, дастур дод, ки масъалаи онҳо омӯхта ва ҳал шавад.
Мӯҳр
точик
Мардаки хуб будааст ку Хасан. Мана дар гап медаромадаасту, вохима мекунанд журналисто. пулканихои худшона намеген ..

Rambo
Интихобот дар пеш. Хасан команда гирифтагист, ки мардума зулм накунад пешоруи интихобот. Хама ин нармихо бо шарофати интихобот.точик,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)