Обама ҳоло тасмим нагирифта, ки чӣ теъдоде аз низомиён дар Афғонистон боқӣ монад
Барак Обама, райисиҷумҳури ИМА ҳоло дар мавриди теъдоди дақиқи неруҳои амрикоӣ, ки қарор аст баъди соли 2014 дар Афғонистон боқӣ монанд, тасмим нагирифтааст. Ин нуктаро Ҷей Карни, сухангӯи Кохи Сафед изҳор доштааст.
Изҳороти Ҷей Карни баъд аз он садо дод, ки ВАО навишт, эҳтимол дорад, бо далели нофаҳмиҳо миёни Кобулу Вашингтон Амрико баъди соли 2014 тамоми неруҳояшро аз хоки давлати исломӣ берун кунад.
Аммо Ҷей Карни ҳозир нашудааст, то иттифоқ афтодани чунин эҳтимолро шарҳ бидиҳад. Ӯ танҳо гуфта, ки тасмим дар мавриди теъдоди неруҳои ИМА дар Афғонистон баъди соли 2014 дар пайи силсилаи музокирот бо ҳукумати Афғонистон гирифта мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |