Ҷавоби сиёсатшиносони Қазоқистон ба даъвои академики узбак
Бархе аз сиёсатшиносони қазоқ баъд аз изҳороти ахири Рустам Абдуллоев, академики узбак, хостори ворид гардидани Узбакистону Қирғизистон ба қаламрави Қазоқистон шудаанд.
Данияр Ашимбаев, сиёсатшиноси қазоқ, мегӯяд, дар шароити кунунӣ беҳтар аст, Узбакистону Қирғизистон ба қаламрави Қазоқистон ҳамчун ҷумҳурии худмухтор шомил карда шаванд. Ба гуфтаи Ашимбоев, ин баҳамоӣ, як иттиҳоди сулҳомези Осиёи Марказӣ зери боли як миллати пойдортарин ба шумор хоҳад рафт.
Сиёсатшиноси қазоқ гуфтааст, вақтҳои охир вазъият дар Қирғизистону Узбакистон печида буда, барои минтақа оқибати хубе нахоҳад дошт: “Шӯришу инқилобҳои бардавом, муҳоҷирати дастҷамъӣ ва дуздӣ дар робита ба сармоягузорон дар Қирғизистон тақрибан, мафҳуми ҷумҳурияти ин кишварро зери суол бурдааст. Вазъияти Узбакистон бошад, бо вуҷуди бархе аз пешрафтҳояш дар самти иқтисод низ печида мебошад. Бештари тавлидоти нохолиси ин кишвар аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатияш мебошад. Аммо дар мавриди ояндаи ин кишвар суҳбат кардан мушкил аст, зеро ҳама чиз бештар аз ҷангу ҷидоли қудратхоҳонаи фарзандони эркатулфори ҳокимаш ва аз афзоиши ҳаракатҳои ифротгарои динӣ вобаста мебошад.”
Ашимбоев, афзудааст, босуботтарин кишвари минтақа Қазоқистон ба шумор меравад, ки дар он як роҳи гуфтугӯи хубе миёни мазоҳиб роҳандозӣ шуда, дар самти иқтисод бошад, то ҷое муваффақ низ мебошад ва мизони сармоягузорӣ дар ин кишвар рӯ ба афзоиш овардааст.
“Кишвари мо муҳоҷирони кориро ба самти худ ҷалб карда, аз ҳама зуд кумакҳои башардӯстонаро ба кишварҳои ҳамсоя мерасонад. Сармоягузорони қазоқ дар бозори сармоягузории Қирғизистон бо вуҷуди фазои номуносиб доштанаш дар самти рушди иқтисоди ҳамсояи худ талош доранд”,-гуфтааст ӯ.
Ин пешниҳоди сиёсатшиноси қазоқ дар ҳолест, ки чанде қабл Рустам Абдуллоев, доктори илмҳои иқтисодии Узбакистон, гуфта буд, кишвараш бояд узвияти НАТО-ро ба даст оварда, ба бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон иддаои бозпас гирифтани заминҳои худ кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |