Бахшҳо

Тақаллубкорӣ сабаби аз сохтмон даст кашидани «Гавҳар-руд» гардид

Сабаби ба таъхир афтодани корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи «Санги Кар» акнун рӯшан шуд.


Норасоии маблағ, тақаллубкориву иштибоҳи дағали масъулин      бойис гардид, ки ширкати «Гавҳар-руд»  аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон даст кашад ва  Тоҷикистонро тарк кард. Раҳматулло Камолов, судяи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, ширкати эронии  «Роҳи корвон» барои сохтмони нерӯгоҳи «Санги Кар» дар тендере, ки соли 2004 баргузор шуд, ғолиб омад, вале ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ муяссараш нагашт. Маврид ба ёдоварист, «Гавҳар-руд» ва «Роҳи корвон» ширкатҳои ҳамкор маҳсуб мегарданд.     

Зимнан, масъулини ин ширкат барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ба суди олии иқтисодӣ аризаи шикоятӣ пешниҳод сохтанд. Бино ба гуфти Раҳматулло Камолов, онҳо дар аризаашон аз маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика талаб кардаанд, ки барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ ба онҳо иҷоза диҳанд, вале аз сабаби он ки ин ширкат дар оғоз хомӯширо ихтиёр карда буд, бинбар ин барои ҳалли мушкилот дер шуда буд: « Аслан баҳси ин ширкат дар соли 2007 оғоз гардид, вале ба мақомоти судӣ соли 2011 муроҷиат карданд, гузашта аз ин дар тендере, ки аз ҷониби Бонки исломии рушд гузаронида шуд, на танҳо ширкати «Роҳи корвон» балки ширкати «Гавҳар-руд»  низ ғолиб омада буд. Дар ин ҷо саҳми ширкати «Гавҳар-руд»  70% ва «Роҳи корвон»  30%-ро ташкил медиҳад. Яъне ҳар ду ширкат бояд дар сохтмон фаъолият мекарданд, лекин ширкати «Роҳи корвон» ба тақаллубкориҳо даст зад, бинобар ин ширкати «Гавҳар-руд» аз ҳамкорӣ даст кашида Тоҷикистонро тарк намуд».  {jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)