Бахшҳо
11 июл 2013 17:32Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Фавти 72 нафар аз cил: 60 миллион $ куҷо меравад?

Ибодуллоҳи ТОҲИР

Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи гуфтаҳои Асадулло Саидов, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар ҳузури вазир гуфт, табибон барои табобати писари мубталои сил аз ӯ пул мегиранд, ба тамоми соҳа баҳо додан дуруст нест.

Раҳмонов мегӯяд, ин шаҳрвандро ба ҳузур пазируфтааст ва афзуд: “Имрӯз бемории намуди мутобиқгаштаи сили писараш пурра табобат шудааст. Яъне ӯ дигар манбаи сироят нест. Агар имрӯз ӯро ба бемористони Қарияи боло ва ё ба Маркази ҷароҳии қалб гузаронем, барои нафароне, ки ҳамроҳи ӯ дар як ҳуҷра мехобанд зараровар нест. Яъне вай аз ҷиҳати сил солим аст.”

Ҷаноби Раҳмонов илова намуд, ки ҳамаи беморӣ паёмад дорад ва яке аз паёмадҳои бемории сил ин аст, ки дар пардаи рӯи дили бемор мушкил пайдо мешавад: “Дар натиҷа дил пурра кушода нашуда ва хунро ба шоҳрагу ба дигар рагҳои хунгард намефиристонаду одам норасоии оксигенро ҳис мекунад. Барои ин амалиёти ҷарроҳӣ гузаронидан лозим аст, ки имконияти гузаронидани чунин амалиётҳо дар дохили кишвар вуҷуд дорад.”

Асадулло Саидов, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иддаои вазирро, ки гуфт, табобати сил дар Тоҷикистон ройгон аст, қатъиян рад карда, гуфт, “чӣ гуна ройгон аст, ки баъди чор соли беморӣ ҳамсарам соли 2013 аз сил фавтид ва ҳоло писари 14-солаам, ки 6 моҳ боз дар беморхонаи Мачитон хоб асту ҳатто пули сӯзанро ҳам аз ман мегиранд”.

Аммо муовини вазири тандурустӣ таъкид медорад, ки аз рӯи иддаои як сокин ба тамоми соҳа баҳогузорӣ кардан дуруст нест: “Тасаввур кунед, ки имрӯз 50-ҳазор нафар дар соҳаи тандурустӣ бо мардум сару кор дорад. Аҳолии кишвари мо 8 миллион аст ва дар як сол мо 36 миллион муроҷиати расмӣ ба қайд мегирем. Ба ҳисоби миёна бинед, ки як шаҳрванди кишвар дар як сол то 5 маротиба ба корманди соҳаи тандурустӣ муроҷиат мекардааст.”

Соҳибназар Раҳимов, мегӯяд хазинаи феълии мубориза алайҳи сил дар Тоҷикистон зиёда аз 60 миллион долари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол Уктам Бобохоҷаев, директори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои сил мегӯяд, “аз ин беморӣ дар шаш моҳи соли 2013 дар кишвар 72 нафар фавтидааст. Дар соли гузашта дар ҳамин давра шумораи фавтидагон аз ин беморӣ 173 нафар буданд. Яъне муриш аз ин беморӣ 101 нафар кам шудааст. Дар маҷмуъ сатҳи мубталошавӣ ба сил дар ҳақиқат дар ҷумҳурӣ пас шуда истодааст. Соли 2013 ҳамагӣ 3 ҳазору 522 нафар бемории сил ба қайд гирифта шуд. Дар шаш моҳи соли 2012, 3 хазору 701 бемори силро ба қайд гирифта будем. Шумораи умумии гирифторони бемории сил дар кишвар зиёда аз 14 ҳазорро ташкил медиҳад.”

Дар мавриди писари Асадулло Саидов, директори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои сил мегӯяд, “ин писар аллакай сиҳат шудааст ва бояд вазъи ӯро ташхис карда, ба хулосае биёем, ки табобаташро дар куҷо идома бидиҳем.”
Мӯҳр
бояд гуфт ки бо ин 60 милион хамаи точикистонро табобат кардан мумкин коркунони фасод корашонро ефтанд акнун мархамат ба вазорати тандурусти ебу гир

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)