Бахшҳо
12 июл 2013 09:30Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Асадуллоҳ Раҳмонов: “Ман ба Додоҷон ягон диски тӯйро надодаам” (НАВШУДА)

Асадуллоҳ Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизион, гуфт, ӯ ба Додоҷони Атовуллоҳ, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, навори тӯйи Рустами Эмомалӣ -- писари раисиҷумҳури Тоҷикистонро надодааст.

Оқои Раҳмонов, ки рӯзи 12 июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, онҳо дар бойгонии худ чунин наворро надоштанд ва намедонанд аз кадом тариқ ба дасти Додоҷони Атовуллоҳ расидааст.

“Ин гуна туҳматро бисёр шунидаем. Ин гапи занакҳои лаби об аст. Ягон наворбардори мо дар ин тӯй иштирок накардааст ва ҳеч гуна таҳқиқот ҳам дар ин бора анҷом надодаем. Ин ҳамааш бофтааст, бовар накунед. Он барномаеҳое, ки дар барои ободониҳои Тоҷикистон пахш мекунем, посух ба ин гапҳои беасосанд.”,-афзуд ӯ.

Дар мавриди қатъи дастрасӣ ба шабакаи “К+” (Қазоқистон), ки навори тӯйи писари раисиҷумҳур тариқи он пахш гардид, Асадулло Раҳмонов гуфт, ки дар ин кор даст надоранд. Ӯ гуфт, дастрасии сокинони Тоҷикистон ба барномаҳои ин телевизион тариқи моҳвора аз онҳо вобаста нест. Оқои Раҳмонов афзуд, барои қатъи дастрасӣ ба барномаҳои “К+” таҷҳизот зарур аст, ки онҳо чунин таҷҳизот надоранд ва аз ҷои дигар ҳам наовардаанд.

Пахши тӯи писари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар телевизиони “K+” дар ду моҳи пеш тавассути Додоҷони Атовуллоҳ вокунишҳоеро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овард. Дар пайи пахши ин навор мақомот дастрасӣ ба шабакаи Ютуб ва ҳамчунин торнамои “K+”-ро масдуд карда, нашрияҳои давлатӣ матолиби интиқодиеро алайҳи оқои Атовуллоҳ ба табъ расонданд.

Раҳбари ҷунбиши сиёсии "Ватандор" гуфта буд, ин навори тӯйро аз Асадуллоҳ Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, дастрас кардааст.
Мӯҳр
hah!!! i eto otvet rukovodstva TV v Tajikistane...??? ne professionalno! Gospodin Rahmonov

Садои мардум
пас туйи Рустамро кадом наворбардорон сабт кардаанд? Асад! бовар кун танхо хотири он ки Додочон хурсанд нашавад, туро аз вазифа озод накардаанд, аммо дар асл иштибохи туро дар лаби об чунин шарх медиханд, ки агар дар танзимхона хешу таборонат набуд, пас гунохи ту нест

БЕФАХМХО НАМЕФАХМЕД КИ ИН НАКШАИ КАШИДАИ ДОДОЧОН БУД, ВАЙ МЕХОСТ БА ХАМИН ВОСИТА ТАФРИКАНДОЗИ КУНАД, АГАР ШУМО БОВАР КУНЕД КИ КОРГАРИ ДАВЛАТИ ХАМИН КОРРО КУНАД ПАС МАН ЧУНИН МЕПИНДОРАМ КИ ШУМО...

Маъруф
Додоҷон кори кардагияшро кард-дааа!

Тамошобин
Барои доллар шуда,, хамаи корро мекунанд, хатто даркор шавад ватанро хам, мефурушанд. Набошад ин туйро,ки ба навор гирифтааст. Касе ,ки дар он маърака, хатман иштирок кардааст.

Додочон Атоулоев ин навори видеойро агар чанде, ки аз Асадулло Рахмонов нагирифта бошад аз хама зарураш ин видео хакикат аст ва вучуд дорад. Хеле хуб, ки ин видеоро мантаж нагуфтаанд...

Хамон наворхои туи писари президентро дар Россия хазорхо нафар мухочирони кори тамошо карданд. Чи чои тааччубу эрод аст. Инчо ягон зарра элементхои чиноиву манъи суруду ракси иштирокчиён нест. Туй туй аст ва хохад буд. Хело мардону занхо раксхои зебо карданд. Дар тамоми дуньё марду зан дар холатхои хурсанди раксу бози карда ва суруд мехонанд. Мо вахши нестем ку. Лекин як лахзае таачубовар буд.Марди бузбалаи тахминан 50-солаи шиму костюмдору галстукдору ними сараш рехтаву ругирди муйлабдор, раксида-раксида,ногахон ба ду зонуяшро ба фарши колинпуш гузошта, мухлати кутохе намоз хонд, дар атрофаш дигарон мераксиданду мераксиданд.Хамон тавре ки ду зону зада намоз хонд,хамон тавр дуо хонда ду даст ба руйхояш молида,озодона бархоста боз раксро давом дод. Ачабо..Боз хангоми ракс президент дасти росташро мисли гардани коз халка карда,ба сару пешонии як марди зиёии раккос куфтан гирифт,бештар ба пешонаи у кут-кут мезад.Ки буд он чабрдидаи раккос?.Хайр чи гап,туй туй аст.

нур
Хамин кори Д.Атовулло махз ба нафароне писанд аст, ки худ занакмичозанд,вокеан занакои лаби обворе лакиги мекунанд. Сиёсатмадор на бояд чунин бошад,ин зиндагии як фарди точикистонист

ej gape ne hamai odam dar tui farzandash raks mekuna

USA
Он барномаеҳое, ки дар барои ободониҳои Тоҷикистон пахш мекунем, посух ба ин гапҳои беасосанд.”,-афзуд ӯ.

Гапи беасос ё навори видео?

Рустам
Ай Асадулло то Нур, хай ку шумо мардакои лави об шида хакиката гап занен, чи кор карден да ика сол, кати мардакитон дар бади мардум заден, все таки Додик маладетсай, дар назди мардуму Худованд аз гуфтани хакикат натарсид, Додик хаму гапоера гуфта ки хама бачои да сари дастурхон меган факат ай дастаи хукумати диктатори метарсан да пеши дигаро гап занан. Мардакои лаби об мардакитона ай даст натиен, Худованд бузург аст, ин давлату ин кордори дер нахохад кашид!!!

xai raks ro mon charo dar korxonai hukumati tui mekunand? Oyo in xilofi konun nest?

Алишер
Додочони Атовулло Шери Нарай о кандота бизан Атовуллоев.Зинда бошед ки хакро ба мардум мерасонед кош дигархо хам мисли шумо мебуданд

э бародаро шумо кори дига надорен иша сиёх мекнен уша сафед монед худованд бо ки чи карданашро медонад шумо ташвиш нашавед ачаб мардуми бесаводем ба гандагуи одат кардем шмохам чои ида бошен ай ида мегзаронен

Махсум
Зебаш ягон мусикачи будан аст на раиси.... Раиса бояд дидаш ба зердастхо дигар бошад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)