Бахшҳо

Марз

Зафари СӮФӢ

Чандест ба ин вожа ва ба мазмуну муҳтавои он меандешам. Воқеан ҳудуди ин мафҳум то куҷост? Корбурди он дар баробари мафоҳими дигар чигунааст? Оё мо бовар дорем, ки ҳар гуна истифодаи он дуруст, самимӣ ва ҳақиқист? Оё вақте марзи номус мегӯему мегӯянд бовар дорему доранд, ки воқеан марзи номус мушаххасу ошкор аст? Агар мушаххас аст, ин ҳама беномусиро дар ҷомеа чӣ гуна метавон арзёбӣ кард?


Вақте ниҳодҳои ба истилоҳ рушанфикриву эҷодӣ мисли замони шӯравӣ дастаҷамъона алайҳи як нафар, ки воқеъбинона танқидашон карда, мешӯранд, ба тангноҳо мухтас шудани марзи номусро метавон ба тамошо нишасту пеши худ зор-зор мӯя кард.

Бадбахтӣ дар он аст, ки имрӯз ҳама доварему марзи гуноҳу савобро таъин кардан мехоҳем. Ҳатто Хуршеди ошнои ман ба оҳанги пурсише талош карда таъинкунандаи марзи савобу гуноҳ бошад. Навишта, ки оё кадоме аз ин ду тоифа бештар гунаҳкоранд: оне, ки риш мондаву савдогари бозор аст ва бо омадани моҳи мубораки Рамазон нархи маҳсулотро боло мебарад ва ё оне, ки дар Рамазон рӯза намегираду барои нороҳат накардани дигарон ба истироҳатгоҳҳо паноҳ мебарад? Ба назари ман таъини мизони гунаҳкории онҳо бо Худост. Аммо намебоист фаромуш кард, ки марзҳо муайян шудаанд, фақат бояд онро шинохту аз он нагузашт.

Беш аз ин боло рафтани нархҳо дар бозор дар остонаи ин ё он иду моҳ ҳеч рабте ба гуноҳу савоб надорад, балки сирфан нишони тақозо ва арза дар бозор аст. Ин талошҳои шаҳрдорӣ ва ҳар ниҳоди дигар барои марзбандии нархҳо бидуни пуштивонаи амалӣ асаре нахоҳад дошт. Яъне бояд бозорро аз ҳамон маҳсулоти лозим дар марзи лозим таъмин кард. Агар ин тавоноиро надоранд ва фақат бо амру фармон мехоҳанд нархҳоро поин оранд, амалан ба беадолатӣ роҳ медиҳанд. Таҷрибаи таъмини бозор бо маҳсулоти ниёзи мубрами рӯз ва аз ин тариқ назорат кардани болоравии нархи маҳсулот дар аксари кишварҳои ҷаҳон вуҷуд дорад.

Усулан марзи ниҳоии мардумӣ будани як ҳукумат он аст, ки барномаи аслӣ ва вазифаи аввалиндараҷааш таъмини доимии ниёзҳои мардум ва фароҳам овардани рифоҳи ҳақиқиву ҳамагонӣ бояд бошад. Ҳоло ҳама гуна баҳонаву далелҷӯиҳо нишони заъф ва нотавонии он ҳукумат аст.

Як бардошти дигар аз марз ин ҳамон марзбандиҳо байни сарзаминҳои азалии тоҷикон аст. Маро ин ифтихор насиб шуда, ки дар он сӯи ин марзбандиҳои маснуъӣ дар таъини сарзамини тоҷикон дида ба дунё боз кардаам. Ҳамакнун пайвандон ҳама он сӯи марз мондаанд ва ҳашт соли тамом аст, ки ба иллати эҷоди марзҳои сарду оҳанин дар муносибати ду кишвар, наметавонам ба дидори онҳо шарафёб гардам. Ҳоло дунболи пайдо кардани муқассир ё муқассирон ҳам нестам. Аммо дар ин назар сахт мутмаинам, ки сардии равобити ду кишвари ҳамсоя ба ҳеч ваҷҳ ба мардуми ин ду кишвар иртибот надорад. Аз ин назар ман ба сифати як инсон агар барои ин ҳама азияту нороҳатӣ аз омилони ин сардии равобит мутанаффир бошам, ҳақ дорам, зеро онҳо ҳаққи маро зери по кардаанд...

Марзи номус... Марзи инсоф... Марзи имон... Марзи адолат... Марзи ростӣ... Марзи дурӯғ... Марзи шараф... ва боз даҳҳо марзи дигар, ки мутаассифона дар пеши назари мо ҳамарӯза аз сӯи ину он зери по мешавад. Бадтар аз ин ҳама марзи тарсу мулоҳиза тамоми эҳсосу идроки моро чунон марзбандӣ карда, ки дар баробари ин ҳама вокунише наметавонем аз худ нишон дод. Баҳонаву далели зиёде дорем. Ва агар касе ҷуръат карду дар баробари зери по кардани марзҳо вокуниш нишон дод бо тамоми тавон талош мекунем муҷрим бихонемаш ва аз майдон берунаш андозем.


Мӯҳр
Дар соир кишварҳои исломӣ мардум интизори идхои исломии рамазон ва курбонанд, то дар бозорхо нарххо пойин биёянд ва чизхои мавриди ниёзашонро бихаранд. Дар Осиёи Миёна баръакс рузхои ид нарххо боло мераванд. Оё Шумо фикр намекунед, ки ин кори давлатхои худкоми минтака хаст, онхо дар ин амр коре намекунанд, то мардумро ба ин ин идхо бадбин кунанд. Ё лоаккал ихлосашонро кохонад. Ба риш мондагону савдогарони бозор фарке надорад гур сузаду дегашон чушад. Дар мазхабашон хар чи фоидаи зиёд оварад - халол чизи зиёновар - харом аст.

Иктисоддон
Акаи Зафар рост гуфти. Бахонаи г...н нони чавин гуфтаанд. Вакте хукумат худ заифу нотавону бечора ва дорои як барномаи иктисодии шаффофу пешрафтаву ба манфиати мардум нест, бахонаро ба гардани мардуми бечора меандозад. Вакте як дехкон барои ворид шудан ба беморхона факат барои ворид шудан ба назди духтур бояд соатхо навбат истад ва пул дихад, вакте милиса дар рох дехкони бечораро дошта аз бораш аз бодирингу памидор чандин килояшро мегирад, вакте налогчамъкун бо гурур ва дугу пуписа аз ин бечора пул меситонад, вакте аз фарзанди дехкони бечора муаллимим мактаб хар мох 30 то 50 сомони талаб мекунад, вакте барои россия рафтан бояд аз хариди билет сар карда то таможнию дарбони аэропорту дарби самолёт пора дихад, шумо бигуед чаро ин дехкони бечора як кило бодиринги бо хазор захмату хуни чигар парвариш додаашро ба намояндагони хамин чохои гуфтаам, ки бо дагдагаю кару фар бобои "дехкон чи ика киматуш карди" гуфта сиёсат мекунанд, ба се сомони фурушад? Намъкула сад бор кардед!

шери жаён
Худоё ба ин савдогарони мо имони комилро ато фармояду хидояташон кунад

Одинашо
Домулло Зафар мехостам боз як бори дигар ба хамин нуктаи навиштахоят диккат дихи ва поёнтар суолхое Шуморо интизор аст:"Бадбахтӣ дар он аст, ки имрӯз ҳама доварему марзи гуноҳу савобро таъин кардан мехоҳем. Ҳатто Хуршеди ошнои ман ба оҳанги пурсише талош карда таъинкунандаи марзи савобу гуноҳ бошад. Навишта, ки оё кадоме аз ин ду тоифа бештар гунаҳкоранд: оне, ки риш мондаву савдогари бозор аст ва бо омадани моҳи мубораки Рамазон нархи маҳсулотро боло мебарад ва ё оне, ки дар Рамазон рӯза намегираду барои нороҳат накардани дигарон ба истироҳатгоҳҳо паноҳ мебарад? Ба назари ман таъини мизони гунаҳкории онҳо бо Худост. Аммо намебоист фаромуш кард, ки марзҳо муайян шудаанд, фақат бояд онро шинохту аз он нагузашт.

Беш аз ин боло рафтани нархҳо дар бозор дар остонаи ин ё он иду моҳ ҳеч рабте ба гуноҳу савоб надорад, балки сирфан нишони тақозо ва арза дар бозор аст. Ин талошҳои шаҳрдорӣ ва ҳар ниҳоди дигар барои марзбандии нархҳо бидуни пуштивонаи амалӣ асаре нахоҳад дошт. Яъне бояд бозорро аз ҳамон маҳсулоти лозим дар марзи лозим таъмин кард. Агар ин тавоноиро надоранд ва фақат бо амру фармон мехоҳанд нархҳоро поин оранд, амалан ба беадолатӣ роҳ медиҳанд. Таҷрибаи таъмини бозор бо маҳсулоти ниёзи мубрами рӯз ва аз ин тариқ назорат кардани болоравии нархи маҳсулот дар аксари кишварҳои ҷаҳон вуҷуд дорад."... Акнун мехостам андешаи Шуморо дар мавриди хадисхои Пайгамбар (с.с.) дар мавриди ашхоси гандумро нигох дошта, баъд кимат мефурухта ва умуман рибохорону судхурон ва амри Оллох таъоло нисбати рибо дар Куръони карим бифахмам. Чаро Худованду Расули у бо амру фармон бо ин тоифа мубориза бурданду Убайдуллоев набарад? Дуюм Хуршед дуруст мегуяд, чаро рузахурон ба хотири ба изати нафси мо нарасидан дар истирохатгоххо панах мебаранду ин ришдорхои камтамизи рибохор муъчиби расидан на танхо ба изати нафс балки ба рузгордории тамоми мардум шаванду мо хомуш нишинем. Дар мавриди Тутубалина: Зафар ба кавли мардум "Руи Худоро бин" ва биё руи рост мегуем. Шеваи гуфтори Олга на тахкир, балки паст задан, одам нашуморидан ва дигар амалхои хоси шовинизми руси аст, ки Олгачони мо аз ин осёб об мехурад. Мо бошем барои мабодо зери никоби солидарности журналисти уро дастгири мекунем. Марзи дехаи туву дехаи манро на ин хукумат бастааст ва ихтиёри кушодану бастани он хам ба дасти кист, Шумо сардабиру журналисти муваффак нагз медонед. Бале рост мегуи мардуми ин ду сарзамин хеч гунохе надорад. Ман суоли дигарро мехостам бифахмам, ки чаро хатто рохбарони олимакоми хамсоякишвар точик будани худро пинхон медоранд? Фикр намекуни ки ин хам геополитика аст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)