Кумитаи ҳифзи муҳити зист “Сарез”-ро хатарнок гуфт
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, оби кӯли «Сарез», ба 5,5 миллион нафар сокини минтақа хатар дорад.
Талбак Салимов, раиси ин кумита, имрӯз, 16-уми июл, зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ҷонибдори интиқоли оби кӯл ба кишварҳои хориҷӣ мебошад, зеро як хавф дар минтақа бартараф мешавад: “Агар обашро хориҷиҳо бубаранд, раҳмат ба онҳо, чун барои оби нушокӣ мебаранд, на барои техникӣ. Агар обро харанд боз хубтар. Ҳоло 7 миллиард метри мукааб обро тақдим карда истодаем, камтарашро фӯрушем ҳеч гап намешавад. Аз интиқоли оби «Сарез» ба кишварҳои дигар, муҳити зисти ин минтақа ҳеч зараре нахоҳад дид.”
Талбак Салимов таъкид намуд, ки агар дар «Сарез» ягон ҳодиса сар занад, мақомоти тоҷик фақат системаи хабардоркунӣ дар даст доранд, ки хабар медиҳанд, то мардум аз минтақаҳои ғарқшавӣ бароянд.
Ин дар ҳолест, ки ширкати “MAI Resources International”-и Швейтсария мехоҳад, оби кӯли Сарези Тоҷикистонро ба кишварҳои Халиҷи Форс интиқол диҳад. Бахши қувайтии ширкати “MAI Resources International”-и Швейтсария алоқамандии худро ба содироти оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои Халиҷи Форс, зимни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба Қувайт эълон карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |