Раванди татбиқи қонунҳои «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар вилояти Суғд бомаром идома дорад ва тадбирҳои андешидашуда самараи нек медиҳанд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ, райиси вилоят Қоҳир Расулзода дар ҷамъи хабарнигорон иброз дошт. Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» тайи шаш моҳи соли равон дар қаламрави шимоли Тоҷикистон 7 689 тӯйи домодию арӯсӣ, 2 207 хатнасур, 4 051 маросими чил, 1 329 маросими сол дар маҷмӯъ 15 276 маърака баргузор гардида, дар онҳо 52 361 232 сомонӣ маблағ хароҷот карда шудааст, ки ба ҳар як маърака 3 428 сомонӣ рост меояд.
Дар давраи ҳисоботӣ аснои баргузории тӯю маросимҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Ашт, Зафаробод, Айнӣ ва Панҷакент 33 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта, оиди пардохти ҷарима нисбати гунаҳкорон санадҳои судҳои шаҳрию ноҳиявӣ ба тасвиб расиданд. «Дар баробари бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намудани идҳои 8 март, Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамчунин тӯйи хонадоршавии 21 ҷуфт домоду арӯсон ва хатнасури 810 нафар писаракон аз оилаҳои камбизоат ва серфарзанд доир гаштанд»,- афзуд манбаъ.{jathumbnail off}
Мӯҳр