Бахшҳо
17 июл 2013 12:42Тоҷикистон / Сиёсат

Ошкоргӯиҳои вазир дар бораи шиканҷа, гумшавии Араловаҳо ва “дедовшина”

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 17-уми июл, зимни ҷаласаи мушовараи вазорат ба қазияи гумшавии Араловаҳо, қатли як хонавода дар Суғд, истифодаи шиканҷа аз ҷониби маъмурини пулис, дедовшина ва дигар масоил дахл карда, ошкоро вазъи мавҷударо шарҳ додааст.

Раҳимов таъкид намудааст, ки дар аксарияти шӯъбаҳо сатҳи дониши назариявӣ ва касбии кормандон паст буда, дар рафти дастгиркунӣ ва тафтишот азобу шиканҷа нисбати гумонбаршудагон ҳанӯз ҳам ба чашм мерасад: “Муоширати нодуруст, дағалгуфторӣ ва бадмуомилагӣ бо шаҳрвандон аз ҷониби бисёре аз кормандон, бахусус кормандони хизмати беруна пайваста мушоҳида кардан мумкин аст.”

Вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, дар давоми 6 моҳи аввали соли равон ба воситаи телефони боварӣ 330 арзу шикоят ворид гардид, ки аз ин 155-тояш нисбати кормандони милитсия буда, аз он 20 далелаш тасдиқи худро ёфтааст: “Танҳо дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи 23 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 25 ҷиноят содир шудааст. Аз он ҷумла, 8 ҳолати гирифтан ва додани пора, 7 ҳолати қаллобӣ, 4 ҳолати сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ, 4 ҳолати баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, 2 ҳолати шиканҷа.”

Рамазон Раҳимов аз ҷиноятҳои пурсарусадои вақтҳои ахир зикр карда, ҳушдор додааст, ки дар сурати ошкор нагардидани ин ҷиноятҳои вазнин, ки боиси нигаронии авзои ҷомеа гардидаанд, нисбати шахсони масъул ҷазои интизомӣ андешида мешавад: “Аз сабаби паст будани маҳорату малакаи оперативии кормандон, махсусан кор бо дастгоҳи гумоштавӣ, надонистани вазъи криминогении минтақаи вобасташуда, ҷиноятҳое, ки боиси изтироб ва нигаронии мардум гардидаанд, ба мисли сӯхтори бозори “Корвон” ва гум шудани ду духтарчаи ноболиғ дар шаҳри Душанбе, куштори ваҳшиёнаи як оила дар ноҳияи Б.Ғафуров, куштори корманди хадамоти давлатии “Муҳофиза” дар ноҳияи Файзобод то ҳол ошкор карда нашудаанд ва ягон хабари оперативии боэътимод низ дар ин хусус мавҷуд нест. Ҳол он, ки ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолият дар ин самт, борҳо ба хадамотҳои оперативӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода будам.”

Раҳимов инчунин аз интизоми хизматӣ дар қисмҳои ҳарбӣ интиқод намуда, таъкид намудааст, ки ҳолатҳои ба муноқиша ва лату кӯб даст задани сарбозони соли аввали даъват, ки то дараҷаи фавти аскарон овардааст то ҳол ҷой доранд ва фавти аскарбача аз шаҳри Сарбандро мисол овардааст.

Дар мавриди мусодираи силоҳ аз аҳолӣ вазири тоҷик гуфтааст, 769 адад силоҳ ва миқдори зиёди дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шудааст: “Кор дар ин самт беҳбудиро мехоҳад. Зеро рух додани ҷиноятҳои вазнин тавассути силоҳ дар байни аҳолӣ ҳангомаҳои зиёдро ба вуҷуд меорад.”

Рамазон Раҳимов кормандони милисаро ба рафтору муносибати намунавӣ, хушмуомилагӣ, қабул ва ҳалли дурусти арзу муроҷиати шаҳрвандон даъват намуда, гуфтааст, чунин шеваи кор эътимоду боварӣ ва назари аҳолиро нисбати мақомоти корҳои дохилӣ дучанд хоҳад кард.

Мӯҳр
agar az yoft nashukani jinoyatkorone ki Mahmadalii Hait va Hikmatullo Sayfulozodaro latukub kardand yod mekarded chi meshud magar inho ba andozai bozori KORVON arzish nadorand?!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)