Додгоҳ афзоиши баҳсҳо барои заминро айби мақомот гуфт
Масъулини Додгоҳи Олиии иқтисодии Тоҷикистон мегӯянд, аксари даъвоҳо дар мавриди замин бо айби мақомотҳои заминсозӣ сар мезанад.
Вайсиддин Фатҳудинов, муовини раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбеи 18-уми июл, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод суҳбат мекард, гуфт, “ҷудо кардани қитъаи замин ваколати мақомотҳои ҳокимияти маҳаллӣ аст, лекин ин корро бо хулосаи мақомотҳои заминсозӣ анҷом медиҳанд. Ҳолатҳое мешаванд, ки бо хатоии мақомотҳои заминсозӣ, ҳукумат як қисмати заминро ба ду нафар ҷудо карда медиҳад. Дар ин ҳолат як тараф ба суд шикоят мебарад ва суд вақте, ки месанҷад кадоме ғайриқонунӣ аст, яке аз ин ду қарорро беэътибор медонад.”
Қайд карда шуд, ки дар шаш моҳи аввали соли равон дар марҳилаи якуми Суди олии иқтисодии Тоҷикистон 22 парванда баррасӣ шудаанд, ки 15 тояшон дар бораи беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии мақомоти давлатӣ мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |