Бахшҳо
22 июл 2013 15:38Тоҷикистон / Сиёсат

Насиҳати Ҳукумов ба журналистони тоҷик ва Додоҷон

Амонуллоҳ Ҳукумов, раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, дар нишасти хабарии 22-юми июл журналистони тоҷикро як навъ насиҳат кард ва онҳоро ба ҳамкорӣ хонд. Ӯ гуфт, ҳар як хабарнигоре, ки ба манофеи худ ва гуруҳаш кор мекунад, оянда надорад.

Оқои Ҳукумов, ки чанде пештар писараш -- Рустам Ҳукумов бо нашрияи “Имрӯз Нюз” баҳси додгоҳӣ дошт, афзуд, “ман бо Ғоиб Қаландаров рафиқ будам, дар тарбияи ҳамин одам калон шудаам. Ӯ пеш аз раиси телевизион буданаш хабарнигори рӯзномаи “Правда” буд. Як матлабаш дар газета чоп мешуд, хонаи ҳамон котиби райком месӯхт. Ман вақте ба Душанбе омадам, шароит надоштам ва дар хонаи ҳамин одам меистодам. Ӯ доимо коргарҳояшро таъкид мекард, ки қалами журналист бояд бисёр тез бошад, лекин барои манфиати миллату ватан кор кунад, на яктарафа бинависад.”

Раиси кунунии ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар идомаи суханаш аз журналисти маъруф Отахон Латифӣ ҳам ёдовар шуда, гуфт, “Отахон Латифӣ барои таҳияи як матлаб рафта дар Ёвон ду моҳ пахта чидааст. “Иштибоҳ кардан лозим нест. Барои як обрӯ зиёд шавад, як сенсатсия шавад гуфта хонаи як одамро сӯзондан кори хуб нест. Мо бояд бисёр дурандеш бошем. Фикр намекунед, ки ҳамин як одам дилсӯзи ҳамин миллат асту ҳамаи мо не? Як Атовуллоеви касофат тариқи телевизион баромад карда мегӯяд, Раҳмонов Узбакистонро ин хел гуфту он хел гуфт. Агар ҳамин гапҳо дуруст бошад, мо ҳам розӣ ба ҳамин гапҳо. Лекин як гапҳои қабеҳи бофтаро аз ким-куҷо пайдо карда мегӯяд...”

Амонулло Ҳукумов хитоб ба хабарнигорон гуфт, дари онҳо ҳамеша ба рӯи журналистон боз аст ва барои таҳияи гузоришҳои хуб кумак хоҳанд кард.
Мӯҳр
Агар шумоён дуруст кор мекардед 2000000 нафар мухочир намешуд!

миша
мухтарам хукумов лутфан мегуфтед,ки писари шуморо дар руссия ба чурми кадом гунох махбас карданд.Ва ба кадом сабабхо рахо шуд.

Клоби аз Кубод
Хами горатгари миллатам боз насихаткунанда шудай. Боз ин журналистои кисагии хукуматам насихатгушкун. ба фикрам хами журникои мохам хами нишасти хабари ташкил мнем гуфта факат суратои хами наханга гирифтаанд. Якбор саволуш наметенки хаму сагераата дар россия бо чи иваз кади. чаро гапи хакро савол намедихен. Баъд ана ин мавзуъ барои ома пешниход мешуд хубтар буд.

Хукумов! Шумо аввал поездҳои моро тоза кунед! Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Руссия сафар мекунан, билетҳоро бо пули худ мехаран. Шумо инқадар пулро аз мардум мегиред, куҷо мекунед? Моро шарманда кардед! Дар Руссия "шайтанғараба" гуфта барномаи дар бораи шумо буд! Шумо аввал кори худро нигоҳ кунед, шумо пеш аз ҳама пули мо шаҳрвандони Тоҷикистонро барои ватан сарф кунед! Поезҳо тоза бошан!!!
Дододжони Атоулло ҳамавақт ҳақ аст. Ба шумо намефорад, касе аз корҳои бади шумо сухан занад.

Озодагон опубликуйте пожалуйста

hukumov khub qaid karded. Lekin yak jumlaro az Atovulloev biyored va shahodat dihed ki nodurust ast . on goh mo ba shumovu kheshu tabori beobruyaton ki khudro hukumati tajikiston menomand bovar khohem kard!!!
bo ehtirom Jamshud az kulob

Хуб мебуд, аз чои насихат мухтарам Хукумуф хукми дуздхои дупои поедро мебароварданд, то мардуми камбагал осуда рафту омад дошта бошанд.

Бахтиери Лангари
ту бачохота аввал насихат кун

Меган, ки ин ҷаноби олӣ 2 дар ҷои кораш бисёр одами ҷиддӣ будаст. Агар ягон коргаруш нарушенӣ кунад, ура файрод карда, "Дафъ шав!" мегуфтасту тамом баъди 2 минут котифа фармони аз кор рондашавии ун коргара тайор мекардаст. Худша шоҳаншоҳи замон трошидай ин каллағавс. О аввал ҳа вай бачаи наркабизнеста ба роҳи рост дрор, баъд дигарора насиҳат кун.

ганди гандаш
Э Хукумов ту Точикистонро шарманда карди

Дарвеш
Чаноби Хукумов ,шумо барин нафарон мардума ба хамин холу зори пасту кашшоки оварда расондед ва боз щумо мардума насихат мекунед. Аввал шумо хамон каторахоро ,ки табъи одам намекашад,ки ба онхо савор шуда ба ягон самт сафар кунанд,аз холати гайри санитари мебаровардед, ин хеле кори хуб мешуд.
Нисбати гуфтахои Шумо ба шанъи рузноманигор ва марди ба ору номуси миллати точик Додочони Атовуллоев, хаминро гуфтаниям,ки Шумо хато мекунед. Додочони Атовуллоро хозир хар як шахрванди Точикистон хурмат ва гуфтахояшро адолатнок мешуморанд. Додочон шахсест бузург,ки нотарсида аз режими хозира,хакикатро мегуяд ва дар оянда хохад гуфт. Мо чонибдори гуфтахои Додочон хастем.

касе ки Атовулоевро хуб мешуморад вах худаш душмани милат аст))шайтон поезди гуфтаатон чанбаи сиёси дорад наход хаминро нафахмед дар мавриди 2млн мухочир гуфтаниям ки хукумат ба таври чидди машгул нашуда истодааст ин хатои хукумат аст

Коля
Ту аввал фарзанди худатро насихат кун чаноби Хукумов айб аст айб

Точик
пора прилагат мекуни чаноб дига ба зури нашидестай ?

Киссаи худро пур мекунам гуфта зиндагии миллионхо нафаронро бо "марги сафед" шикастан кори хуб нест! 9-кг маводи мухаддир ин бози нест, ин шармандаги аст. Дар давлатхои таманддуни чунин падарон аз кори фарзандонашон худ ба истеъфор мераванд. Зиёда аз ин он 9-кг бо катораи (поезди) ширкати Рохи охани Точикистон ба Руссия бурда шудааст!

Амонуллоҳ Ҳукумов бисёр доноги кардеду лекин аз хотир набароред ки бузурге гуфтаанд <<Хар гиз аз ин зиштар надидаам, ки айбчуён айби худро надида дар дигарон бичуянд>>.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)