Бахшҳо
23 июл 2013 09:28Тоҷикистон / Сиёсат

Пешниҳоди генерали КГБ дар бораи “Сешанбеи сиёҳ”

Генерал Оразшоҳ Пояндашоев, собиқ муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, бо навиштани як муроҷиатнома аз мардуми Тоҷикистон хостааст, ба хотири ёдбуди шаҳидони солҳои 1992-2013 ҳамасола 24-уми июлро ҳамчун рӯзи “Сешанбеи сиёҳ” қайд бикунанд. Рӯзи 24-уми июли соли 2012 амалиёти низомӣ дар Хоруғ оғоз ва бо марги беш аз 70 нафар поён ёфт.

Ба пешниҳоди ин генерал, дар рӯзи 24-уми июл мардуми тоҷик ба хотири қурбониёни солҳои 1992-2013 дар сари синаи чапи худ лентаи сиёҳ баста, дар тамоми ҷумҳурӣ дақиқаи сукут низ эълон шавад. Дар муроҷиатнома омадааст, дар ин рӯз оромгоҳи ҳар як қурбониву шаҳид гулгузорӣ гардида, барои онҳо тандис, барои мардум оши оштӣ, ба хонаводаи қурбониён кумакпӯлӣ ҷудо гардида, 24-уми июл тамоми шаҳрвандон аз ҳамдигар узр бипурсанд.

Оразшоҳ Пояндашоев ҳамзамон навиштааст, амалиёти Хоруғ дар вилояти Бадахшон аз ҷониби ҳукумати кишвар қасдан роҳандозӣ шудааст. “Дар сурати дигар мо мебинем, ки то имрӯз даҳҳо генерали дигар кушта шуданд. Аммо чаро ҳукумати Тоҷикистон танҳо барои пайдо кардани қотилони Абдулло Назаров амалиёти низомӣ баргузор кард?”,-мепурсад ҷаноби Пояндашоев.

Ба навиштаи Оразшоҳ Пояндашоев, ҳукумати Тоҷикистон нақшаи баргузор кардани чунин як амалиётро дар вилояти Бадахшон 3 моҳ қабл то замони қатли генерал Назаров тарҳрезӣ карда буданд.

Амалиёти низомӣ дар Хоруғ 24-уми июли соли гузашта, дар пайи қатли генерали амният Абдулло Назаров оғоз шуда, даҳҳо қурбонӣ бар ҷой гузошт. Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вотч бо гузашти тақрибан як сол аз ҳодисаҳои Хоруғ, маркази Бадахшон, гуфт, дар ин ноамниҳо 20 сокини осоишта ҷони худро аз даст дода буданд.

Дар ҷараёни даргирии мусаллаҳона миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифони мусаллаҳ дар Хоруғ моҳи июли соли гузашта, аз ҷумла Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари шӯъбаи бадахшонии ҲНИТ ва ҳамчунин Имумназар Имумназаров, яке аз фармондеҳони собиқ, кушта шуда, чанд тани дигар, аз ҷумла Шерик Карамхудоев (раҳбари бахши ҲНИТ дар Хоруғ) ва дигарон боздошту зиндонӣ гардиданд.
Мӯҳр
хонанда
(Ба хотири ёдбуди шаҳидони солҳои 1992-2013 ҳамасола 24-уми июлро ҳамчун рӯзи “Сешанбеи сиёҳ” қайд бикунанд) Чаро ба хотири шахидони 1992 хам 24 июл рузи сиёх эълон шавад? охир аз 1992 то 2013 ин миллат рузхои сангинтарро ба сар бурдааст, ки рузе шояд даххо баробар бештар аз 24 июл хуни бегунохон рехта шудааст.
Шахсан чонибдори поси хотири шахидони Бадахшон мебошам, аммо на он тавре ки чаноби генерал пешниход намудааст

Рафиқ генерал кай шумо маҳалгароиро бас мекунед а? Боз сар мекунед а? Ба ёд доред соли 1992 ки митингҳоро оғоз карда буд. Як ба хотир биёред. Митинга сар кардеду сони худатона ба қафо кашидед.Бадбахтии миллати тоҷик ҳамин буд, ки мо шумо барин генералҳо доштем дар солҳои 1991-92. Чи магар ба мисли бадахшониҳо гуруҳҳои ҷиноятӣ дар Суғд набуданд а? Чи магар мардуми Суғд зарар надидаанд а?Чи магар аз мардуми Қаротегин аз пушти чунин хоинони миллат ба мисли наркоманҳои бадахшонӣ зарар надида буданд а? Магар мадуми Кулоб ва Вахшонзамин аз пушти ингуна наркоманҳо намурдаанд ё зарар надидаанд а? Модари Бадахшонӣ модар будааст, фарзанди бадахшонӣ фарзанд будаасту модар ва фарзандони минтақаҳои дигар Тоҷикистон не а? Мардуми шарифи минтақаҳои дигари Тоҷикистон одам нестанд магар? То кай маҳалгароӣ мекунед. Як бор ҷанг кардед баст набуд? Агар мардуми шарифи Бадахшон аз рузи аввал бар зидди ин хоинони миллат, ки дар модари тоҷик ва фарзандони тоҷикро ба мисли сипар истифода мебурданд, ҷанг эълон мекард, имруз мо оид ба ин сухан намегуфтем. Оё гунаҳгор ки будаст? Номуси шумо куҷо буд, вақте ки духтари ноболиғи Бадахшониро ба наркаманҳои афғонӣ ин "қаҳрамонҳои бадахшонӣ" мефурухтанд. Шумо чаро он вақт даҳон боз накардед. Куҷо пинҳон будед рафиқ генерал. Ҳайф, сад ҳайф, ки тақдири миллати тоҷик ба мисли шумо барин генералҳо дар соли 1991-92 буд. Ман мебудам ба ҷои шумо шарм мекардам барои гап задан ва бахшиш мепурсидам барои солҳои 1991-92.
Озодагон илтимос чоп кун.

Одил
Рафик "генерали махалгарои игвогар" гап сари генерал Абдулло Назаров намеревад вай дар ичрои вазифаи хизматиаш буд. Сардори раёсати КАМ. Фахмиши Шумо мисли чакафурушхои бозори Саховат аст. Аз лента бастана ду рукат намоз бхону ба бутпарасти хотима дех.

Шохдара
пешниҳоди генерал Оразшо Пояндашоев дар мавриди ҳуҷуми мусаллаҳона ба сари мардуми осоиштаи Хоруғшаҳр дар тахрихи 24 июл , яъне эълони "Сешанбеи сиёҳ" вокеан аз руи имон ва эҳтиромӣ инсонҳо ба қурбониёни ҳар ду тараф аст ва онро ҳар инсони гуманист бояд, ки дастгирӣ ва поси хотир дорад. Худованд ватани моро тинҷу ором нигоҳ дорад.

Душанбеги
ШУмо ин генералро насихат мекунед бачахакои кумитаву худатон накшаи игворо мекашед, Вакте як нафар хакикатро ошкор кард, шумо зуд аз ким кадом гуша пайдо мешавед. Ин генерал ва корманди собики кумита вазифаи инсонии худро анчом дод ва сирри шумо ва хукумат ва сарварашро фош кард.Браво генерал!

Бадахшони
О бародар ту аклатро кор фармон чи гуфта истодаи, ту хубаш калима арза кун аз ин тарафат он тарафат кариб омадааст. Хамин ёдбуду бутпарастиро кариб фаромуш карда буданд. Фочиа фочиа фочиаро худамон ташкил кардем на хукумат гуфти русхо аб... кардаги будем...

Факир
Албатта ин пешниходи генерал фикр мекунам махалгарои набошад, зеро дар он хамаи шахидон дар назар гирифта шудаанд. Баъдан чаро 24 июл гуфтааст, ба назарам дар хакикат дар як замони осоишта дар ороми бо 3000 сарбозу афсари артиш дар соати 4 сахар (мисли хамлаи олмони фашисти, ки соати 4 сахар буд) ба сари мардуми худ хамла кардан шояд дар таърих кам иттифок афтода бошад. Баъдан ин генерал як генерали хирфаи ва шояд бисёр чизхоеро медонад, ки мо намедонем.
Боки Худо донад!!!

Мухтарам Оразшо Шумо якзамоне дар макоми олии КГБ-и Точикистон будед ва бисере бадахшонихо ба шумо фахр мекарданд Вале ба сари хамдиёрони шумо чи кадар бадбахтихо омаданд Садхо нафар бадахшонии бегунох кушта шуданд даххо нафар дару хонаи худро гум карданд, Садхо хона горат гардид , одамон дар куча бе хеч чиз монданд. Хазорхо помири чойи зисти доимии худро тарк карда, дарватани худу бегона гуреза шуданд. обрую эътибори пештар доштаашонро аз даст доданд. Хамаи ин аз нотавонии шумо ва дигар лидерхо буд, ба ибораи дигар шумо ба мардуми Помир хиёнат кардед. Он зарари модди ва маънавие, ки садхо нафар аз мардуми Помир диданд. Шумо надидед, дар чойи амн будед, хонаатонро хам касе горат накард.Холо бошад аз нав ба ходисахои Хоруг дахл карда гуё сири мухимеро ошкор кардед. Дар Хоруг гуруххои силохбадасти гайри конуни буданд,ки кори макомоти давлатиро халалдор мекарданд. Инро хама аз боло то поён медонистанд. Сабаби рохандозии амалиёт низ хамнхо буданд на мардуми оддии ин шахр. Мухтарам генерал! Монед бадахшонихо ором зиндаги кунанд. Такрори солхои 90-ум бар зарари мардуми ин вилоят аст Кохи кухнаро аз нав бод додан фоида надорад! Мардумро аз нав ноором накунед!!!!

Ба Рустам Хакикатан хам одами беаклу нодони. Пеш аз сухан гуфтаанд аввал андеша, ту боши ба фикрам аввал сухан мекуни баъд андеша. Ба худ савол намедихи, ки бештари наркотикхо аз кучо ва тарики кихо ба Точикистон ворид мешавад. Албатта касе, ки сари кудрат аст ва ба хама маълум аст, ки 90 фоизи наркота за самти Хатлону Кулоб ба Душанбеву Сугд ворид мешавад. Майлаш дар Бадахшон як ё ду вокеаи интиколи духтарон ба Афгонистон агар чой дошта бошад, пас дар таи фуки тую хукумати дустдоштаат хар хафта даххо духтаракхои чавони сугди, рашти, кулоби ва дигаронро барои шахвони (проституция) ва гуломи ба Турция ва давлатхои Араб бурдестанд. Чаро то имруз ташкилкунандагони ин бизнесро ба чавобгари намекашанд? Чавоб хар яки онхо сохиб (крыша) аз хисоби рохбарияти давлат доранд. Ва дар ин кор хама даст доранд. Ки бояд кира капа???????

[b]рустам[Номи ту Рустам нест,номи ту Шайтон аст.Аввалаш ин ки ягон авлоду асхобу бобову падару падарандарат,ба ягон рузи хизмати ин генерал наздик набуданду намешаванд.Оразшох Пояндашоевро хатто Андропов в Кремлу рохбарони КГБ и СССР мешинохтанд.Онхо гапхову дархостхои худро дар назди рохбарони ЦК.КГБ ва Брежневу Горбачев мегузарониданд.Гапи ту мумкин,ки ба занат нагузарад.Бале,гапат ба занат намегузарад.Митингу эътирозхо дар тамоми руи дунё буданд.Ин генералро Москва ва Кремль хуб мешинохтанд.Кавкозихо гумон мекарданд.ки генерал аз Кафкоз аст.Ана хамин хел мардони багурдаи пахлавонсурату пахлавонсифати кухистони Точикистон,моро дар мамлакати СССР ва берун аз он нишон медоданд.Чангро ки сар кард.хама медонанд.Сангак Сафарови мудири буфету.дуторзани игвогар Абдурахиов Рустам,бо тамоми гвардияи худ аввалхои мохи май-1992-сол ба дасти митингарони "Шахидон" афтоданд.Командири гвардия,собик гуштингири пахлавон,Бурихон Чобиров,ки унвони подполковникро дошт ,гурехта пинхон шуд.Онхоро накуштанд ку?.Дар озод кардани Сангак ва дуторзани майзада,хусусан Д.Худоназарову афсарони бадахшонии КГБ и РСС Точикистон хисса гузоштанд.Ман шохиди хамон лахзахо будам.Гурухи Кори Махмадчони кургонтеппаги хостанд,ки хардуи онхоро ба Кургонтеппа баранд.Онхо(хизматчиёни КГБ) дар либосхои харби омада,он ду касро озод карда ба Кулоб фиристонданд,ки сулху салох шавад.Худорахматии генерал Абдулло Назаров хам дар сафхои оппозиция буд.Маълум гашт,ки у аз дасти 3-4 нафар бадахшонихо ба катл расид.Мегуянд,ки мархум хело дагаливу кабехи кардааст.Хамон 3-4 нафарро магар МВД ва КАМ и Точикистон имконияти дастгир карданро надошт?.Онхо албатта мегурехтанд,лекин ба даст меафтоданд.Барои кайк шуда,пустинро сузондан чи лозим.Бале,он амалиётхо террори давлати ба сари мардуми осоишта-шахрвандони Точикистон буд.Холо ягон шахси наздику азизатро аз даст дех.баъд мефахми,ки фироку андух чист."Рустам".

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)