Бахшҳо

Оё даҳони мунтақидонро бастан имкон дорад?

Ин бор “Озодагон” аз коршиносону мақомот пурсид, ки оё бастани даҳони мунтақидон ё танқидгарон дар Тоҷикистон имкон дорад, ё хайр?

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ:

“Мунтақидон мардуме ҳастанд, ки бояд мансабдорону ҳукуматро танқид кунанд. Мо бояд аз ин панд гирему камбудҳоро ислоҳ кунем, онҳо душманони давлати мо нестанд. Душманон мавқеи сиёсии муайян доранд. Вале ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳолати нодуруст бурдани кор метавонад танқид кунад. Аз ин рӯ, зарурати маҳдуд кардану даҳони онҳоро пушиданро аслан ман намебинам. Баръакс, онҳоро дастгирӣ кардан лозим, то бештару хубтар ва амиқ танқид кунанду роҳи дурусти ҳалли масъаларо нишон диҳанд. Ин чизи хубе мешавад барои ватани мо. Мо давлати демократӣ ҳастем ва тоталитаризм бароямон лозим нест. Инро мо дар Қонуни асосӣ навиштем ва чаро бояд хоҳишҳое дар дили мо пайдо шаванд, ки берун аз Сарқонуни мо бошанд?”

Амният Абдулназаров, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократӣ:

“Тоҷикистон агарчӣ як кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд эълом шудааст, вале дар асл мардум аз ҳуқуқи худ дифоъ карда наметавонанд. Зеро кишвар демократӣ несту дар парлумон ҳам намояндагони мардум нестанд. Агар намояндагон дар парлумон мардумӣ мебуданд, он гоҳ худи парлумон аз ҳуқуқи мунтақидон дифоъ мекард. Имрӯз мардум ва мунтақидон аз усули кории ҳукумати кунунӣ дар ҳаросанд. Шахсони зиёд ба хотири таъсиси ҳизби нави сиёсӣ дар зиндонанд ва пеш аз Зайд Саидов сардорони зиёде, ки мехостанд ҳизби сиёсӣ ташкил намоянд, ба воситаи фишорҳои зиёд аз сиёсат берун шуданд. Он мардуме, ки берун аз Тоҷикистон мехоҳанд аз ҳаёти сиёсии ҷомеа сухан гӯянд, онҳо ҳам таҳти фишоранд ва ниҳодҳои қудратӣ метавонанд онҳоро бо иттиҳомоти гуногун ба кишвар баргардонанд ва ё даҳони онҳоро бибанданд. Ба ҳамин хотир, ҳукумат ба ҳама чиз қодир аст ва ҳизбҳои сиёсиву шаҳрвандони хориҷӣ қудрате надоранд, ки аз ҳуқуқи худ дифоъ кунанд.”

Абдулфаттоҳ Воҳидов, коршиноси масоили сиёсӣ:

“Дар Тоҷикистон танқид агар барои ислоҳи ягон камбудӣ бошад, иҷозат аст. Вале дар ҳаёти зиндагии худ мебинем, ки танқид ба аҳли ҷомеаи мо писанд нест. Зеро танқид хоҳ нохоҳ боиси паст гаштани обрӯ ва аз мансаб дур шудан мегардаду агар Шумо минбаъд ягон карйера карданӣ бошед, аз он маҳрум мешавед. Яъне, танқид аз рӯи манфиатҷўии одамон писанд нест. Бинобар ин, агар нафаре пайдо шаваду танқид кунад, ӯро таҳқир мекунанд ва мо ин чизро ҳар рӯз дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон мебинем. Чун онҳо ягона созмонҳое ҳастанд, ки ошкоро фаъолияти ҳукуматро танқид мекунанд. тавре аз маҷолиси мо маълум аст, танқид ба мо писанд нест ва кӯшиш менамоем, то бо ягон восита ба онҳо посух бигӯем. Ҳарчанд танқидҳои онҳо воқеӣ ҳастанд. Мо ба ҷои онки танқидро ислоҳ кунем, баръакс, саркӯб мекунем ва даҳони ҳамон касеро, ки танқидро навишта буғӣ мекунем то дигар садояш набарояд.”

Зафар Абдуллоев, таҳлилгар:

“Ҳукумат чунин имконияте надорад, ки ин корро анҷом диҳад. Зеро то имрӯз мебинем кадом одаме, ки дар кадом соҳае кор накунад, озодона фикрашро мегӯяду танқидҳое мекунанд, ки дар ИДМ ва Русия то ин дараҷа ҷой надорад. Вале агар ингуна танқидҳои бемарз рафтан гирад, аз марзи қонун берун мебарояд ва ҳукумати нимадемократи мо пурра тоталитарӣ мешавад ва ҳамаи танқидҳоро бо роҳи қонуниву ғайриқонунӣ масдуд мекунад. Ҳозир озодии баён дар Тоҷикистон ҳаст ва мо аз он истифода бурда истодаем.”

Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ:

“Ҳукумат ба осонӣ даҳони онҳоеро, ки аз вазъи сиёсиву иҷтимоии ин ҳукумати давр интиқод мекунанд, баста наметавонад. Магар ин ки онҳоро нобуд созад. То ба имрӯз муваффақ нашуда буд ва дар оянда ҳам муваффақ нахоҳад шуд. Чаҳор сол қабл мардум дар кӯчаву бозору нақлиёту идораҳо дар бораи масоиле, ки ба иқтисоду иҷтимоъ марбут аст, интиқоде намекарданд ва дар бораи ҳукумат ҳарфе намезаданд. Чун ҳукумати феълии мо мардумӣ нест ва ба мардум коре надораду мардум низ ба ҳукумат. Интиқод аз ҳукумат ва раҳбарони он хеле зиёд шудааст ва чун аз тарафи чи ҳукумати марказиву маҳаллӣ ҳуқуқҳои шаҳрвандон зиёд поймол мешавад, имрӯз доираи интиқоди мардум ба авҷи олӣ расидааст ва фикр накунам ба осонӣ садои онҳоро фурӯ нишонда тавонанд.”
Мӯҳр
Шамс
Э хайрияте, як бор акалан чаноби С.Сафаров, фикри шахсии худашро баён кардааст .

Тамошобин
Дар он холат ба Додочони Атовуллоев ичозат дихед,ки ба воситаи шабакахои телевизионии Точикистон баромад кунад ва хакикати холро ба мардум фахмонад, Ва як барномаи телевизионии бо номи "Ракобат" ,яъне ба монанди "Поединок"-русси дар телевизиони точик тахия кардан даркор аст,ки фикру андешахоро шахрвандон бе ягон тарсу харос ва лагандбардориву чоплуси, озодона баён намоянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)