Миёни марзбонони Қирғизистону Узбакистон задахурди мусаллаҳона ба миён омада, бар асари он як марзбони узбак захмӣ ва як тани дигар ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, ин ҳодиса имрӯз 23-уми июл тақрибан сотаҳои 10:25 дар деҳаи назди марзии Ҷалолободи Қирғизистон рух додааст.
Ин ниҳод мегӯяд, тирпаронӣ миёни марзбонони ду кишвар дар ҳоле сурат гирифтааст, ки марзбонони қирғиз аз ҳамтоёни узбаки худ дархост намудаанд, то аз қаламрави Қирғизистон берун раванд. Вале онҳо муқовимат нишон дода, оташ кушодаанд.
Ба гуфтаи Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, ин сарбозони узбак, ки иборат аз ду нафар будаанд, ғайриқонунӣ марзро убур карда, вориди қаламрави ин кишвар шудаанд.
Манбаъ гуфт, барои муайян намудани сабаби аслии ин задухурд гуруҳи корие аз ҳисоби афсарони Шуъбаи марзбонии вилояти Ошу Ҷалолободи Қирғизистон ба макони ҳодиса сафарбар шудаанд.
Мӯҳр