Бахшҳо
24 июл 2013 14:17Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Усмон Сабзов: “Кафолат медиҳам, интихобот бе тақаллуб мегузарад...”

Раиси ноҳияи Ҳисор гуфт, ба ҳама аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо кафолат медиҳад, ки ҷараёни овоздиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар ин ноҳия бидуни тақаллуб хоҳад гузашт.

Усмон Сабзов, ки рӯзи 24-уми июли соли ҷорӣ бо хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, “худам азоби интихоботро кашидаам ва намехоҳам каси дигаре онро таҷруба кунад”. Вале ӯ ошкоро нагуфт, ки дар интихобот чӣ мушкилеро аз сар гузарондааст. Оқои Сабзов моҳи феврали соли ҷорӣ ба курсии раиси ноҳияи Ҳисор такя зад.

Ин изҳороти Усмон Сабзов ба пурсишҳои зиёди хабарнигорон рӯбарӯ шуд ва аз ҷумла ин савол садо дод, ки агар мехоҳанд интихобот бе тақаллуб гузарад, чаро нагузоштанд, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, чанде пештар бо сокинон Ҳисор дидору мулоқот кунад. Ба ин савол Валиҷон Табаров, раҳбари Идораи умури дохилии Ҳисор, посух дод ва гуфт, ин мулоқоти Кабирӣ бидуни иҷозаи расмӣ баргузор шуданӣ буд, ки онҳо пешгирӣ карданд. “Онҳо мехостанд, ин мулоқотро дар як хона баргузор кунанд, ки бе иҷозаи расмӣ мумкин набуд”,-афзуд Табаров.

Усмон Сабзов, раиси ноҳияи Ҳисор, дар ҷавоб ба саволи хабарнигорон дар ин бора, ки оё худи ӯ омода нест, дар интихоботи президентии моҳи ноябр ба ҳайси номзад ширкат ҷӯяд, гуфт, то замоне зинда ҳаст, касеро аз раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон афзалтар нахоҳад шумурд.

Раиси ноҳияи Ҳисор дар ин суҳбаташ ҳамчунин дар бораи омодагиҳо барои таҷлил аз сеҳазорсолагии ин ноҳия ишора кард. Вай гуфт, онҳо талош доранд, то Қалъаи Ҳисор ба феҳристи ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО ворид шавад.
Мӯҳр
кпкпкк
Агар 95% ба ЧО ташкил накуни, аз вазифаат мепари. Ин кафолати ту сухани хушку холист. Чизе ки аз боло фармон доданд, хамонро ичро мекуни.

Рафик Сабзов! Мансаб ин кадар ширин будааст ха? Имруз кори ингуна раисон ба чое расидааст, ки дар шакли лухтак дида мешаванд ва метавон гуфт, ки тамоман фикри озод надоранд ва инхоро ва сиёсатмадор гуфтан дуруст нест. Чун ки кори доимииашон факат таърифу тамаллуку чоплусисту халос, дигар кор надоранд.

ХЕЧ ГОХ МАХСУС ТУ МУХТАРАМ Усмон Сабзов, КАФОЛАТ ДОДА НАМЕТАВОНИ ВА ТО ХОЛ ИНТИХОБИ ПРЕЗИДЕНТИ ДАР ТОЧИКИСТОН ШАФФОФУ ОЗОД ВА БЕ КОНУН ШИКАНИ НАГУЗАШТААСТ МО ДАР ИН БОРА АЗ ДАВЛАТИ КИРГИЗИСТОН САД СОЛ КАФОЕМ....

Хисори
Ту кафил нести чура, тибки конун президент кафил аст ва ту бояд лагандбардор боши. Президент бояд кафил бошад,ки дар соли 2010 кафилияшро дидем. Холо шумо ки креслои раисии шахрро сат дошта гирифтаед гапотонро хоида хоида занед ки боз хамон вазифаро аз даст надихед. Ба чои президент гап назанед. Хамин ки номи номзадиро гирифтанд ларза ба андоматон афтид ва аз тарс надонистед чи гуед, хатто кариб буд ягон гапи аз саросемаги бемаъни гуед. Ха кафолат медихам гуфта максадатон ин аст ки кафолат медихед ки раиси хизбатон сад дар сад бо такаллуб боз раиси чумхур мешавад ва шумо боз лагандбардор. хамту неми???

Манучер
Бараои он хеч касро афзалтар аз рахмонов намедони агар ин гапро нагуи аз вазифат мепари раиси вилояти сугд хам хами гапро гуфт ва чандин раисхои дигар кадомеша савол дихед ки номзадиатро барои президент шудан мемони дар чавоб аз раисчумхур дида хеч каси дигар лоик нест барои президент шудан шояд бехтаринхо бошанд

Тахлилгар
Камтар шарм дошта бош огои Сабзов о дар вохури бо намояндаи порлумон Устод Саидумар Хусайни инкадар шахсан монеа шудеду боз бо забони дароз мегуед кафолат медихам?! ... гуфт, то замоне зинда ҳаст, касеро аз раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон афзалтар нахоҳад шумурд. Пас инхел ки бошад ваъдаи дуруг киба даркор?

мухочир
Ту худат кии, ки кафолат мети? Хама нахути пеши кошукеее....

Мухочир
Мухтарам лаганбардорон ва чоплусони Чумхурии Точикистон.!Агар аз боло фармон шавад,ки пеши ПОРТРEТИ раиси чумхур сачда кунeд,шумо мекунед...ва барои курси шуда хама коро шумо мекунед. Рафик Сабзов ту ва ту баринхо лафз надоред..Ту касе нести ,ки кафолат дихи.Шумо чехрахои сиёх ва торики миллатед.

УСМОН САБЗОВ ту кафолати интихоботи бе тақаллубро дода наметавони. Ту факат кафолате дода метавони, ки овозхоро бо пешниходи БАРДУРУГИ 95% СУПОРЮ ТАМОМ.....

али
куафолати дуругини ту ба ки даркор мисли кафолати гурба ба муш...

Сехазорсолагии Хисорро бо маблагхое, ки магазин ба магазин масчид ба масчид ва мактаб ба мактаб гаштаву мачбури ситонида истодаанд пешвоз мегирифта бошанд . Шарм кунед барои чашни нохия аз мардум пул меситонанду худашон сохиби вилаву мошинхои киматтарин мешаванд. Ба пеш чаноби шоир .

Barodaroni giromi shumo asabotona xarob nakuned, oilai Sabzovho hamaashon yakxeland, ya'ne ki HOTAND

фаридун
ин хоб аст е бедор? е маст?
аз боло фармон меояд ки овозшуморира дуруст кунед - ва 95% ба ЧО тайер карда мефиристад

rost gufti sabzov.dar hakikat arzanda hej kas nest..dar hozira sharoit.ba'di 7 sol mumkin.

Барои курси шуда вичдонашонро мефуруршанду шаъну шарафи одамияшонро хам!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)