Саҳмияҳои Роғун 70 миллион сомонӣ фоида овардаанд
Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, маблағи саҳмияҳои Роғун, ки дар бонкҳои тиҷоратии кишвар гузошта шуда буданд, то ҳол аз ҳисоби фоизҳо 70 миллион сомонӣ дивиденд оварданд.
Наҷмиддинов имрӯз, 24-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, айни ҳол 90 миллион пули саҳмияҳои Роғун дар бонкҳои кишвар боқӣ мондааст. Вазири молия дар мавриди фоида, ки аз ҳисоби фоиз дар бонкҳо ба даст оварда шудааст, афзуд, ки он моли саҳмдорони Роғун буд, чӣ кор кардан бо ин маблағро худи саҳмдорон дар ҷаласаи муштараки худ ҳал хоҳанд кард.
Дар Тоҷикистон аз 6-уми январи соли 2010 ба маъракаи густардаи фурӯши саҳмияҳои НБО Роғун шуда буд ва аз ин ҳисоб ҳудуди 850 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ шуда буд, ки қисме аз онро барои нигоҳдорӣ дар бонкҳо гузошта буданд. Дар маҷмуъ дар ҳаҷми 6 миллиард сомонӣ 5 миллион дона саҳмияи Роғунро бо арзиши 100, 500, 1000 ва 5 ҳазор сомониро нашр кард. Аммо баъдан маъракаи фурӯши саҳмияҳо бо дархости созмонҳои молиявии байналмилалӣ мутаваққиф шуда буд.
Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт дар назар аст, ки калонтарин нерӯгоҳи обии Осиёи Миёна гардад ва Тоҷикистонро аз кишвари муҳтоҷи барқ ба содиркунандаи асосии он дар минтақа табдил диҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |