Бахшҳо
27 июл 2013 09:16Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Додихудо Саймиддинов: Тутубалина бояд ҷавоб диҳад

Додихудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, шикояти як гурӯҳ зиёиён аз болои Олга Тутубалина, хабарнигори “Азия-Плюс”, ба додгоҳ ҳирфаӣ ва касбӣ нест.

Ӯ, ки зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт: “Ин баҳсҳо баҳсҳои ҳирфаӣ ва касбӣ нестанд. Он чизе, ки ман шунидам албатта таҳқир аст. Таҳқири як қишри пешрафтаи ҷомеа бисёр чизи бад аст. Лекин Тутубалина бояд ҷавоб диҳад”.

Қаблан панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои венерологӣ аз болои рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс” ба додгоҳи иқтисодии Душанбе муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомониро талаб карда буданд. Аммо Додгоҳи иқтисодии Душанбе бо далели он ки номаи шикоятии зиёиён ба забони русӣ навишта шудааст, онро бозпас дод ва гуфт, бояд ин нома ба забони тоҷикӣ навишта шавад.

Даъвогари асосӣ Иттиҳоди адибон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст.

Тутубалина дар ин матлаб бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигари тоҷик кор фармуд.
Мӯҳр
Рузноманигорам гуфта Олга Тутубалина инсонро ба начосат баробар кард !
Худ казоват кунед хамин аз руи маданяту одоби рузноманигори аст !
Рузноманигор бояд намунаи дигарон бошад хам дар гуфтораш хам одобу рафтораш !!!
Пас аз ин бар меояд дар байни рузноманигорон низ шахсони бе одоб мавчуд буда аст сад афсус
Ба худо савганд ман ба рузноманигорон бисёр мехре дар дил доштам ки шахсони бо одобу маърифатанд пас аз навиштахои беодобонаи Олга Тутибалина нафратам омад рости гап ту навис на танхо нисбати зиёиён хато нисбати шахсии президент бояд навишт ки ба хама маълум аст хешу таборбозияш ана часорати рузнома нигор хамонро низ бо як махорати баланди инсони ки дикати хонандаро чалб намояд !!!

TK
Ne, Akayi Saimiddinov!
Xonomi Tutubalina az Lenin gapi haq goft!
Tutubalina, ne, balki "laganbardonron" meboyd javob dihand!

Хайрандеш
Агар начосат забон медошт, хонум Тутубалинаро ба суд мекашид, ки онро бо бархе "зиёиён" баробар кардааст.

ТУТУБАЛИНА ОН СУХАНРО БАРОИ ХАМАИ ЗИЁИЁН НАГУФТААСТ БА ФИКРИ МАН ТУТУБАЛИНА ИН СУХАНРО ОН ВАКТЕ ГУФТА БУД, КИ БОЗОР СОБИРОВ ОМАДА БУД ВА ОН СУХАН БАРОИ БОЗОР СОБИРОВ БУД...

Оғои Додихудо Саймиддинов!
Он чӣ Тутубалина навиштааст, иқтибос аз суханҳои Ленин аст. На дар суханҳои Ленин ва дар навиштаҳои Тутбалина ягон таҳқир ҷой надорад. Инро бифаҳмед ҳам Шумо – домулло Саймиддинов ва ҳам он ҳамфикронатон, ки ба дари суд рафтаанд. Аз моддаи 1741 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки таҳқир – ин беадабона бо алфози қабеҳ паст задани шаъну шараф ва эътибори шахси дигар мебошад. Моҳиятан таҳқир хусусияти соф инфиродӣ дорад, яъне тааррузу таҷовузи он ба ҳуқуқи шахсии ғайримолумулкӣ равона шудааст. Қаблан низ, то тағйирот ворид намудан ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳқир ҳамчун ҷинояти айбдоркунии хусусӣ ҳисобида мешуд. Дар таҳқир бояд шахсияти таҳқиршуда (хоҳ воқеӣ ва хоҳ ҳуқуқӣ) муайян бошад ва танҳо ҳамон шахс ҳақ дорад, ки барои таҳқир кардан даъво пешниҳод намояд.
Ба суду прокурорҳое, ки ин гуна парвандаҳоро баррасӣ менамоянд ва ё дар ҳалли он таъсиргузор ҳастанд, муроҷиат карда гуфтаниам, ки пеш аз оғози чунин қазияҳо як бор қонунҳоро, алалхусус моддаи 174 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро варақ занед, илтимос, ба мардум беасос гуноҳҳоро бор карда, ҷаримаҳои ғайриқонунӣ набандед!
Марбут ба навиштаҳои Тутубалина бигзор Бозор Собир даъво намояд, зеро танҳо номи ӯ гирифта шудааст. Лекин итминон дорам, Бозор Собир ба ҳеч куҷо даъво намекунад. Чунки ӯ дарк мекунад, ки ин ҷо ягон таҳқире нест. Он ки як гурӯҳ зиёиён ба суд муроҷиат кардаанд, мантиқе надорад, аз бекорӣ кадукорӣ аст, гӯё барои зиёӣ дигар коре намонда бошад. Пас, чӣ хел боварӣ ҳосил кардан мумкин нест, ки Ленин дуруст мегӯяд? Дарвоқеъ, Ленин бузург буд, ҳаст ва мемонад!
В.И. Ленин дар ҳаққи зиёиён боз навиштаи дигаре дорад: “Юристов надо иметь ежовыми рукавицами и ставить в осадное положение, ибо эта интеллигентская сволочь часто паскудничает.”
Мӯҳтарам Саймиддинов! То ин хел изҳороти бемоя додан як бор рӯзномаҳои дар арафаи Иди Забони соли 2012 нашршударо варақ зада, бубинед, ки роҷеъ ба нуқсу нақаси имлои забони тоҷикӣ чӣ ҳарфҳо гуфта шудаанд. Бисёр хуб мешуд, агар дар пайи ислоҳи он камбудиҳо мешудед.

Бетараф
"Он чизе, ки ман шунидам албатта таҳқир аст”. Ту одами хонда метавонистаги боши бояд, ки бо чашми худат хонда хулосаи халол барори, на балки "шунидан" аз худад барин "зиёии" хамун гуфтагии Тутубалина.
Ту барин "олимонро" Олим гуфтан аллакай "Таҳқири як қишри пешрафтаи ҷомеа".

Хайрандеш,
Дуруст мегӯӣ, шоир. Дақиқтараш, "онро ба 3.5 миллион равшанфикри тоҷик ва тоҷикистонӣ баробар кардааст", ки ин барои наҷосат таҳқири бузургест. Миллате ки ҳар гуна таҳқир ва ҳақорати аҷнабиёнро дар хонаи худ ҳамвора оромона таҳаммул мекунад, аз ӯ сангу кулӯху ҳатто наҷосати саг ҳам шарм медорад. Дигар ҷои шарҳе намондааст!

Ҳуқуқдон,

"ҳуқуқдони гиромӣ,
агар қонундони ростӣ мешудӣ, бо номат баромад мекардӣ! Ба иқтибоси зерин боз як маротиба таваҷҷӯҳ бикун:"...ЗИЁИЁН НА МАҒЗ, БАЛКИ НАҶОСАТИ МИЛЛАТАНД." ИН СУХАНОНРО МЕТАВОН НАТАНҲО БА БОЗОР СОБИР, БАЛКИ НИСБАТ БА БИСЁРЕ АЗ ЗИЁИЁНИ ДИГАРИ ТОҶИК КОР ФАРМУД(аз он ҷумла нисбат ба ту ҳам, ҳуқуқдон!)."

Агар дар он ҷумла таркиби ҷиноят - таҳқир, ҳақорат ва тавҳин нисбат ба як кас ва як гурӯҳи ашхос набошад, пас дар Тоҷикистони имрӯза ё илми ҳуқуқ мурдааст, ё ҳуқуқдонҳо, ё ҳарду! Агар ҳамин суханонро на як рус, балки ягон шахси маҳаллӣ мегуфт, боварии комил дорамки, ӯ кайҳо ба сахттарин муҷозот рӯбарӯ шуда, радди маърака мегардид. Бадбахтӣ дар он аст, ки МО АЗ РУСҲО МЕТАРСЕМ ВА ҲАР ОН НАҶОСАТХӮРИЕ КИ ОНҲО СОДИР МЕКУНАНД, БА ҲАҚИҲАТ БАРОБАР МЕКУНЕМ!

Сеюм инки, Бозор Собир ба чоҳе афтидки, худаш канда буд. Чанд сол пеш ӯ дар як мактуби аз Амрико фиристодааш он давлатро наҳ зада, русҳо ва Русияро аҳсану офаринҳо хонда буд. Имрӯз бошад, як нафар руси дӯстдоштааш ӯро (шоири зиндаи тоҷикро) ба г..ҳ баробар кард. Вале ӯ хомӯш аст. Ба фикрам, ба ӯ квартира "тақдим" карда, касе лаҷомашро кашида истодааст, ки канда нашавад. Воқеъан, дар арафаи интихоботи президентӣ "ҷанҷоли байналмилалии зиёдатӣ" ба кӣ лозим аст? Зеро шаҳрвандии тоҷикӣ ба Тутубалина заррае арзиш надорад. Ӯро ҳамчун шаҳрванди Русияи кабир мешиносанд ва аз ӯ меҳаросанд. Нашавадки қазия "ранги" қазияи пилотҳои русро бигирад. Аз бало ҳазар! Магар тоҷик дар таърихи худ аз аҷнабиён кам дашному ҳақоратҳо шунидааст? Боз яке дигараш ӯро кам намекунад, зеро ӯ камтарин аст. Мо аз парвардигорамон наҷот металабем, на аз ҳуқуқдонҳои беҳуқуқ.....

Ҳуқуқдон,
"ҳуқуқдони"гиромӣ,
агар ту қонундони ростӣ мебудӣ, бо номи худат баромад мекардӣ. Магар аз чизе тарсидӣ? Лутфан ба ин иқтибос таваҷҷӯҳ бикун: "....ЗИЁИЁН НА МАҒЗ, БАЛКИ НАҶОСАТИ МИЛЛАТАНД." Бале, ин суханонро диктатори шизофреник Ленин гуфтааст. Дар асарҳои ӯ сартосар дашному ҳақорат нисбат ба мухолифони сиёсии худ бисёр зиёд дучор мешаванд, ки якеашро худат овардаӣ. Акнун, "...ИН СУХАНОНРО МЕТАВОН НА ТАНҲО БА БОЗОР СОБИР, БАЛКИ НИСБАТ БА БИСЁРЕ АЗ ЗИЁИЁНИ ТОҶИК КОР ФАРМУД"(аз он ҷумла нисбат ба ту ҳам, Ҳуқуқдон, зеро ту ҳам зиёӣ ҳастӣ!). Чӣ тавре ки мебинӣ, ин суханони зишт ва қабеҳро О.Т. аз пеши худ илова карда, ба зиёиёни тоҷик баҳо додааст. Агарчи ҷиноят ҳам набошад (ҳолоки ҷинят аст!), кӣ ба О.Т. ҳуқуқ дод, ки ӯ нисбат ба шоири тоҷик ва (як қисми) зиёиёни тоҷик ин гуна суханони бадро раво бинад? Ва ту, ҳамҷун фарзанди миллат ва як нафар зиёии тоҷик, чи гуна метавонӣ дар ин гуфтаҳо тавҳин ва ҳақоратро набинӣ? Илова бар он ба тарафдории он зани густох далелҳо оварда истодаӣ! Вақеъан, "тоҷики асил" ҳастӣ, вагарна ин корро намекардӣ. Беҳуда нагуфтаанд: "МАН АЗ БЕГОНАГОН ҲАРГИЗ НАНОЛАМ, БО МАН ҲАР КОР КАРД, ОН ОШНО КАРД!"

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)