Бахшҳо

Раиси Оҷонсӣ: “Зайд Саидов мехост, аз Тоҷикистони нав сипар созад”

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон, гуфт, ниҳоди зертобеаш якуним сол боз корҳои Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони навро мавриди санҷиш қарор дода буд.

Оқои Саидов дар нишасти хабарии рӯзи душанбеи 29-уми июл гуфт, масъулони Оҷонсӣ тамоми аснодро барои боздошти Зайд Саидов рӯйи даст доштанд. “Зайд Саидов ҳам медонист, ки мо бештар аз 1 сол мешавад, ки дар пайи тафтишоти иншооташ ҳастем. Ӯ дар маҷлисҳои шаҳрӣ эътироз карда буд, ки чаро масъулини оҷонсӣ ба корҳои сохтмонӣ халал мерасонанд. Ҳол он ки тафтишоти мо қонунӣ буд. Ин ташкил кардани ҳизби нав ҳам, танҳо ба хотири обуранги сиёсӣ додан ба қазия буд”,-афзуд ӯ.

Раҳбари Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ гуфт, ҳоло бастаи санадҳое дорад, ки чӣ гуна Зайд Саидов замони вазири саноат буданаш корхонаҳоро ғайриқонунӣ хусусӣ кардааст. “Чӣ гуна “Тоҷикатлас”-ро ба як шаҳрванд ва чӣ гуна баъдан боз ба як хориҷӣ фурӯхт. Чӣ ҳел корхонаҳоро ба номи шиносҳояш ва баъди аз вазир рафтанаш ба номи худаш гузаронд. Зайд Саидов бисёр ҷиноятҳо содир кардааст. Беинсофиро бубинед, ки бо ҳамон хориҷие, ки маблағашро гирифта барнагардондаасту он ҷабрдида ба назди мо шикоят карда омад, рӯирост гуфт, он марди кореягиро намешиносад. Ин бевиҷдонӣ аст, беинсофӣ ҳаст”,--илова кард Фаттоҳ Саидов.

Ба иттилои Фаттоҳ Саидов, дар ҳоли ҳозир то 15 ҳолати ба ҷиноят даст задани Зайд Саидовро рӯйи даст доранд. Ба сифати далел номбурда аз изофанависӣ дар иншооти «Душанбе-Плаза» мисол оварда гуфт, “Зайд Саидов онҷо ба ҷои материалҳои босифат, аз маҳсулоти Хитой истифода кардааст. Ана, ҳамон фаршҳои чӯбине, ки дар Душанбе-Плаза ҳаст. Дар санадгузорӣ як маҳсулот, аммо дар асл онро Зайд Саидов аз Хитой бо арзиши ночиз овардааст. Ин инсон 38 миллион сомонӣ маблағи буҷаро аз худ кардааст. Ин ҳам ҷиноят аст.”

Дар ин маврид хабарнигорон аз он савол карданд, ки оё дар тамоми ҷиноёти мазкур Зайд Саидов ба танҳоӣ ҷавоб мегӯяд ва ё ҳамроҳ бо комиссияи давлатие, ки биноро баъд аз санҷиш қабул кард? Маврид ба зикр аст, ки дар бинои «Душанбе-Плаза» комиссияи давлатӣ, аз ҷумла масъулини Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ ду бор тафтишот гузарониданд. Дар дафъаи аввал камбудӣ ошкор нагардида, баъд аз боздошти Зайд Саидов санҷишгарон ба маблағи 38 миллион сомонӣ изофанависиро рӯи об бароварданд.

Фаттоҳ Саидов гуфт, санҷишгарони даври аввалро ба ҷавобгарӣ нахоҳанд кашид. «Чунки ин бино иншооти ҷашнӣ буд ва мо бояд зуд қабул карда, мусупоридем. Саросема шуд камтар. Барои ҳамин, онҳо аз ҷавобгарӣ озод ҳастанд. Санади ҳақиқӣ натиҷаи тафтишоти дувум аст”,-таъкид кард ӯ.

"Афроде, ки зидди Зайд шоҳидӣ доданд, аз ҷавобгарӣ озоданд"

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, сохта будани иттиҳомот алайҳи Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷикро, қатъиян рад намуд.

Раиси Оҷонсӣ изҳор дошт, ки айни ҳол чандин шаҳрвандони хориҷӣ ихтиёрӣ ба Оҷонсӣ омада, алайҳи Зайд Саидов шоҳидӣ медиҳанд, ки Зайд аз онҳо пора гирифтааст. Фаттоҳ Саидов аз ҷумла Сериқбол Окушев, тоҷири қазоқистониро мисол оварда афзуд, “мо ӯро маҷбуран наовардаем, худаш омада шоҳидӣ додааст, ки ба Зайд Саидов дар ҳаҷми 1,5 миллион доллари амрикоӣ пора додааст.”

Дар ҳоле ки қонунгузории Тоҷикистон натанҳо барои порагир, балки барои порадеҳ низ муҷозот таъин кардааст, Фаттоҳ Саидов мегӯяд, шоҳидон алайҳи Зайд Саидов аз ҷавобгарӣ озоданд, чун ихтиёрона омадаанд. Инчунин, Фаттоҳ Саидов иттилоъ дод, ки Зайд Саидов 15 корхонаро бо сӯиистифода аз мансаби вазирияш ба номи атрофиёнаш кардааст ва ба буҷаи кишвар даҳҳо миллион сомонӣ зарар расондааст.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар қаллобӣ, гирифтани ришва, сӯистифода аз мақом ва серзанагӣ муттаҳам мешавад. Коршиносони тоҷик иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро супоришӣ унвон карда, ба азмаш барои ворид шудан ба майдони сиёсат марбут медонанд.
Мӯҳр
курбон
Хеееееееееееее! ЗАБОН БУЛБУЛ.ЁФТИШ НЕКИ.

ҳама медонан ҳамаш дуруғай Офтоба бо доман намеша пушон. пага маргу қиёмат ҳаст каме фикр кунед

Хайрандеш
ана мантик! аз чавобгари озоданд, чунки ихтиёри омаданд. агар касе пора гираду ихтиёри ба шумо гуяд, ки аз фалони пора гирифтам, порадодаро айбдор мекунеду порагирифтаро не? э канд занед!

Ганда рост гуфти кариб боварт кнм !!! Чи хунаре дори кадангир як руз не як руз иншо аллох Зайд Саидов махбухи калбхо озод мешавад! Озодам нашавад ин шахс бихишти мебошад !!! Валлох касам аз Зайд да одами сахт дар кулли хаётум дидаги нестм !!

Dangarajon....
hamash maili..hami temai Tajovuzush bisyor gairi imkon toftestay..aku naxod yak mardaki Millioner xonai vayo ravadu, ba dugtarchai 14 sola oshiq shavadu bo u xohad izdivoj kunad, Zayd agar to in daraja bevijdon, yo beinsof mebud hij vaxt Milioner shuda nametavonist, tembole u ba mehnat milioner shud na az rui mansabeki az rui Pora milioner meshavand. Fikri man hamin hast ki yagon shohid nest in gapo durugmeboshad, yo in ki boz yagon zanaki Xudo zadada yagon sumi vazbin metian megan bura shohid shav, puray hozi ixali Xudo zadai kambagal...Agar Zayd xohad bo kase izdivoj kunad, har yak duhtaroni xushrui " Puxtagie hast ki " jon jon megan ki bo Zayd aloqa kunand, Arus baroi u problema nabud hijvaxt...ki ba in kori boftashuda dast zanad...

Манхам С Фатох дар бораи як ду вазир шикоят кунам маро макам намекнед вазири точик матулубот Валиюф 100 хо завод ро фурухта истодас якас кор надорад боз Вазири налог кор хонахои точик матлуботро ба наздики баноми писараш кард мархамад кане ку тафтиш кунед акои С ф ?????курбон,

Бовар
И Акай фатох чи гуфтесас ачиб. ОО Кишлоки, Зайд Саид проста метона як корхонара гирифта шахси кунад.? Унча чанд муасисаи дигар барои шахси кардани он имзои муборакшона мегузоранд, инаш хам гурба. Душанбе плазара чаро бо ашёхои пасифати хитои сохта буд кабул карден?. Касе кабул кард ба чавоб гари кашен. Гапа бин "Чунки ин бино иншооти ҷашнӣ буд ва мо бояд зуд қабул карда, мусупоридем. Саросема шуд камтар". дар конун дар кучош гуфтаст, ки саросима шиди аз чавобгари озоди ха!!! Кишлоки!!

насим
хакикат наздикаст иншаанллох

таасуфи зиёд,метрасам бадин минвол матолиби фачу чумлапорахои сериктибос шухрати "Озодагон"ро латма мезанад.Зафарчон наход ягон точики босаводтар нест,ки як хабари чолиб нависад.Гох аз шарку гох аз гарб иктибос оварда максадашро дар гулу хобондааст.За "Озодагон" обидно

Tojikatlas
Magar Kumitai ziddi inhisori salohiyati taftishoti oidi tajovuzro dorad ( zeroki in konunchikanii kriminali meboshad) va oyo Kumitai Ziddi Inhisori Salohiyati ozod kardani Shohidonro az Javobgari kashidanro dorad, MAGAR DODGOH Inguna salohiyatro nadorad ?

«Чунки ин бино иншооти ҷашнӣ буд ва мо бояд зуд қабул карда, мусупоридем. ...Санади ҳақиқӣ натиҷаи тафтишоти дувум аст” Паас. дар Точикистон санадхои расми бо майлу хохиши мансабдоре ба хакики ва гайрихакики таксим мешаванд. Хулоса аз идомаи коммедияи точики...

Лекин ба хар хол, чаро он вакт объектро ботантана кабул кардед? пас айб на танхо дар уст? Фирк мекунам як нафар танхо миллионхо сомониро "хурда" наметавонад. Кудрат доред, дигар бузургонеро, ки дар ин казия хамрох хастанду имруз маишат доранд, дастгир намоед? Фикр мекунам - на. Пас ин казия танхо сиёси аст...

Албатта сипар барои Точикистон ва барои мухофизати Точикистон......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)