Кордзании ду бародар дар Данғара
Муноқишаи оилавии ду бародар, ки дар як хонаи истиқоматӣ дар Данғара зиндагӣ мекардаанд, бо кордзанӣ анҷом ёфтааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, кормандони пулиси ноҳияи Данғара ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Холмуминов Ҷамшед Холмаҳмадович, соли таваллудаш 1987, сокини ин ноҳияро дастгир намудаанд, ки дар қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба бародари худ муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ боздоштшуда рӯзи 27-уми июли соли равон дар ҳавлии истиқоматиашон дар пайи муноқишаи оилавӣ бародараш Холмуминов Баҳром Холмаҳмадович, соли таваллудаш 1984-ро бо корди хоҷагӣ як маротиба ба шикамаш задааст, ки дар натиҷа охирон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, айни ҳол аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |