Афви беш аз 1000 зиндонии туркман дар Шаби Қадр
Беш аз 1 ҳазору сад нафар аз маҳбусони туркман бахшида ба моҳи шарифи Рамазон ба озодӣ баромаданд.
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон бо судури фармоне ба муносибати шаби қадри моҳи Рамазон 1166 нафар аз зиндониёни маҳбасхоҳаои кишварашро афв намуда, озод кардааст.
Торнамои расмии Туркманистон менависад, ин дастурро Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов авохири ҳафтаи гузашта зимни ҷаласаи ҳайати давлатӣ содир кардааст.
Афвшудани маҳбусон бахшида ба рӯзҳои ид дар Туркманистон бори аввал набуда, дар гузашта низ раисиҷумҳури ин кишвар садҳо нафарро дар арафи идҳои миллию фарҳангии мардуми туркман ба озодӣ бароварда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |