Ахиран, мақомоти амниятии ИМА Тоҷикистонро вориди феҳрасте кардаанд, ки шаҳрвандонаш дар фурудгоҳҳо бодиққат тафтиш шаванд.
Ин иттилоъ дар сомонаи расмии Идораи амнияти Амрико мунташир шудааст. Асосан ин рӯйхат кишварҳоеро дар бар мегирад, ки эҳтимоли иртиботи шаҳрвандонаш бо террористон болотар аз мамолики дигар аст. Зимнан, дар вебсайти ин муассисаи амрикоӣ омадааст, ба ин феҳрист кишварҳое шомил шудаанд, ки дар онҳо “тамоюл барои мушорикат ва пуштибонӣ аз фаъолияти созмонҳои террористӣ ва аъзои онҳо мушоҳида мешавад.”Ба ин феҳраст, ки ҳамасола таҳия мешавад, кишварҳое назири Афғонистон, Покистон, Эрон ва бархе аз кишварҳои дигари мусалмоннишин ворид мешавад.Дар соли ҷорӣ ба ҷуз аз Тоҷикистон ба ин рӯйхат Қазоқистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон низ ворид гаштаанд. Вале Русия, Қирғизистон ва Озарбойҷон, ки бахши аъзами ҷамъияти ин кишварҳо низ мусалмон мебошанд, шомили ин феҳраст нашудаанд.
Шомил шудани Тоҷикистон ба ин феҳраст ба ин маънӣ аст, ки шаҳрвандони тоҷик зимни дарёфти раводи ИМА ва вуруд ба ин кишвар мавриди таваҷҷӯҳи вижаи маъмурони Идораи муҳоҷират ва ниҳодҳои дигари марбут қарор хоҳанд гирифт.Ин дар ҳолест, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ Кен Гросс, сафири Амрико дар Душанбе гуфта буд, ки ба 57 дарсади дархосткунандагони визаи амрикоӣ дар Тоҷикистон посухи рад дода мешавад. {jathumbnail off}
Мӯҳр