Бахшҳо
09 авг 2013 10:14Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Нигаронии вазир аз худсариҳои кормандони пулис дар рӯзҳои иди Фитр

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, барои дарёфт ва муҷозоти кормандони пулис, ки дар рӯзҳои иди Фитр худсарона дар ноҳияи Восеъ дидбонгоҳ ташкил намуда, ронандаю мусофиронро беасос тафтишу санҷиш кардаанд, супориш додааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои 6 ва 7-уми августи соли равон дар минтақаи «Олимтой»-и ноҳияи Восеъ як гуруҳ кормандони милитсия бемувофиқа бо роҳбарияти ин ниҳод дидбонгоҳ ташкил карда, ронандагон ва мусофиронро беасос манъ намуда, мавриди санҷиш қарор додаанд.

Ба иттилои вазорат ин худсарии кормандон, ки боиси норозигии ронандагон ва шаҳрвандон дар арафаи Иди саиди Фитр гардидааст, роҳбарияти ин ниҳодро ба ташвиш оварда, барои муайян намудани кормандони милитсия, ки ба ин амали номатлуб даст задаанд ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани онҳо санҷиши хизматӣ таъин карда шудааст. Манбаъ афзуд, ки рафти санҷиши хизматӣ зери назорати бевоситаи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон қарор дорад.

Вазорати умури дохилӣ аз шаҳрвандоне, ки вобаста ба дидбонгоҳи мазкур ягон арзу шикоят доранд, даъват мекунад, ки тариқи телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ (221-21-21) муроҷиат намоянд.
Мӯҳр
Ронанда
Оги Рамазон Рахимов аз худсарихои гуфтагиат нав хабар шуди, аз субхи содик то даромадани офтоб аз Олимтой сар шуда то Дангара 1 то якчандто меистанд аламовараш ин аст рафик Вазир чогах мешаванд яку якбора баромада пеши рохата мегиранд то 100-80-70 надихи сар намедиханд хатто руи рост тухмат мекунанд ки аз руи хамин масофа омади агар бовар намекунед худатон савори мошини мусофиркаш шавед ва ба чашми хол бубинед холо он ки аз инхо худатон берафтан хам хабар доред. Ба гуфте онхо план дошта будаанд бояд планашонро хамон руз супоранду баъд боз ба худашона кор кунанд.

Вали
Дар маркази шахр, дар назди фурушгохи маркази, як руз пеш аз ид, як корманди чавони гаи номашро ба ед нагирифтам, бе маврид манъ намуд вакте ба у гуфтам ки бародар чоро бе маврид манъ мекуни, бо як такаббури ва гурур гуфт ки даркор бошад сад бор манъ мекунам. чи гуна мешавад хамингуна бемаънехоро аз шахри азизи ман нест кунем? Шумо ИЛТИМОС ЯК АМР БАРОРЕД КИ МИЛИСА ДАР ХИДМАТИ МАРДУМ АСТ НА МАРДУМ ДАР ХИДМАТИ ОНХО, гуфта ба он таъкид кунед. Агар кардем дар хакикат як умре ки дорем дар хаккатон дуо мекунем! шахот Душанбеи ман ба як кишлоке ки дар он аз нуктаи назари коидаи харакати рох монанд шудааст, кам касоне хастанд ки тартибу коидаро риоя кунанд. Ман фикр мекунам ки дар ин 200% кормандони гаи гунахкоранд. Агар бо адл ба хотири Аллох кор кунанд ин гуна ахвол ба миен намеояд.

Мухтарам вазир,рахмат,ки ба ин масъала ахмият метихед.Баъд аз оне,ки Шумо телефонхои бовариро ба кор даровардед ва дар бораи конуншиканихои кормандони БДА якчанд бор гуфтед,тартибу инитизом каме пайдо шудааст.Як чанд сол пеш бо онхо гап зада намешуд ва руи рост тухмат карда аз ронандахо тамъчуи мекарданд.

Муҳтарам Вазир
Телефони боварии Шумо муттассифона сари вақт ва зуд амал намекунад. Барои мисол. Ман як хабари номатлуб дар роҳҳро ба телефони боварии шумо расонидам. Фикр кардам ки ба таври фаврӣ кормандои ВКД амал мекунанд. Аммо боиси таассуф аст, ки пас аз ду руз ба ман занг зада адреси хона ва ҷои корамро пурсиданд. Баъд ду рузи дигар хоҳиш намуданд ки ма омада ба номи Шумо ариза нависам. Рости гап ма аз хабари расонидагим пушаймон шудам. Хоҳиш кардам ки рафиқ милиса дархости маро дигар барраси накунед, ки кор аз будаш гузаштааст. Ман намефаҳмам ин чи хел телефони боварӣ ки як корро 2-3 ҳафта мекашанд. Мардум фикр мекард ки телефони боварии вазир сари вақт ва зуд амал мекунад. Вале ҳайҳот ки ҳамааш гапи холи будааст. Барои ҳамин муҳтарам вазир илтимос дархосте ки ба телефони бовари мерасад зуд амал кунанд кормандони ВКД. Баъде ки кор аз кор гузарад дигар чи лозми телефони боварии шумо.
Ташаккур ба диққататон

За державу обидно. КУнгурот ВАЗИР шуд на фейс погледы это натуральный чабан если у него грамота куплина то с другими разговоров нет Ой как За державу обидно.

777
Икдоми нек.Хабар мерасонам,ки дар даромади шахри Истаравшан (назди идораи барк) низ дидбонгохи гайриконунии ходимони милиса гузошта шудааст ва дар давоми як мох боз планашро ичро менамояд...
Бахона мекунанд.ки ин чорабини ба интихоботи Президент вобаста аст. Ё ачабо интихоботи Президент низ воситаи пулчамъкуни шуд.... Аз ин пас ки ба Э Рахмон овоз медихад....

Мухтарам Вазир,, телфонии боварии шумо ки 221-21-21 кор намеунад е ин ки кормандони шумо ба Шумо маълумот намедиханд, Як чанд маротиба занг задам амо ягон нафар гушаки телефонро набардошт,
Восе не, дар Душанбе кормандони ГАИ дар кучое хоханд пост ташкил карда пул меруенанд,
Мисоли одди, кормандони ГАИ шахри Душанбе дар мошини шихсии худ тамгаи Опель рангаш сурх 2244АР01, бо сигнали гайриконуни дошта, дар кучое хоханд мошинхоро тафтиш карда пул меруенанд,,
Шумо мухтарам Вазир хеле корхои хуб карда истодает, аммо ин ГАИ шахри Душанбе тамомман беспредел шудааст,,,

Вазири мухтарам сабаб дар чи хаст ки кормандони ГАИ аз як минтакаанд ва хамаи чобосо гузории кадриро худи шумо ба ухдадоред

Вакти озод карданат гузаштааст мухтарам вазир.!

safarjon,
Safarjon... На танхо ин балки 70% вазирону апарат президент...

точик
якчаед номери телефони боари менавищтед, зеро дар кори щумо опративное реогировани гуфтани гап хаст , яке банд бошалд дигаре кор кунад

Чаноби вазир! Намедонам ки аз чи сабаб бошад, аммо дар рохи Душанбе-Хоруг (бо рохи Чормагзак,Кулоб) кариб ки тахминан то 30 дидбонгохи ходимони БДА ва тахминан 7-8 пости бо шлагбаум вучуд дорад. Аз чи сабаб бошад, аммо дар даромади тамоми нохияхо хатман шлагбауми кормандони милиса (холо он ки пости кушунхои сархади вучуд доранд) фаолят доранд ки гуё мо аз сархади як мамлакат ба дигар мамлакат гузаштаистодаем. Фаолияти ин постхо факат ба хотири пул гирифтан аз ронандагон: 3 сомон аз таксихои майда, 5 сомон мошинхои хачмашон миена ва 10 сомон аз мошинхои боркаши хачмашон калон. Ин пулчинии гайриконуни бе танаффус, руирост муддати дароз мушохида шудаистодааст ки аз ин тамоми шахрвандони точикистон огаханд.
Кай ин амали гайриконунии кормадони милиса аз байн бурда мешавад?

як чиз бенихояд нигаронкунанда мебошад дар минтакаи Кулоб факат нексию Опел пратакол мекнан масалан 1-хафта пеш дар н.Хамадони маро боз доштанд аз руи суръати 75 км/с ва протокол тартиб додан ачибаш дар он аст ки дар паси дарахти калон чочо шиданд ва маро протокол карда чавоб додан яке якто лексус омад аз руи тахминан 100-120 км/с буд лек ойнаро поён кад ха чо каден гуфт ГАИ-ё чест тоданш рафт ман гуфтам чаро шумо факат опелу некси ман мекнен гуфтан ки аз тани худат чавоб те
гуфтам нашавад якта лексус харем чанкари фора хай мекнем гуфт и лексус хочияй. хай набошад хочи шавем агене.

Мухтарам Вазир ташакур мегуям бо ин икдоми некатон.Бори аввал аст,ки чунин икдомоти вазирро нисбати коргарони БДА мебинам.Мувафакият мехохам

Спасибо товарищ министр я уже давно смотрю вы работаете с обществом и результат очевидно многим это хорошо но это не только вас должен касаться и ваших подчиненных по всей Р.Таджикистан !

ba muhtaram vazir az nomi man salom rasoned bad fahmonedash ki na dar vose balki dar khudi dushanbe niz kormandoni bda tochkai khub mekoband pasi svetofor pasi rohguzar johoda meshinand guyo mohi kapi omada boshand dar joe ki svetofor kor nakunad bda nest mardum khudashon probkaro regulirovka mekunand haminro ozodagon hatman ba vazir rasoned

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)