Бахшҳо

Тоҷири “мевафурӯш” алайҳи ҲНИТ садо баланд кард

Фариддуни Исматулло, як тоҷири мевафурӯш аз деҳаи Роғи ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ, ки мегӯяд, то соли 2007-ум узви ҲНИТ будааст, ахиран бо ирсоли як нома ба хабаргузории “Озодагон” дар бораи фаъолияти ҲНИТ дар Ванҷ ва дар маҷмуъ Бадахшон ибрози назар кардааст ва хабаргузорӣ ба хотири гуногунандешӣ ин номаро бетағйир пешкаши хонандагонаш мекунад:

Банда, ҳар рӯз нисфирӯз вориди сомонаҳои хабаргузорӣ мешавам, зеро дар вақтҳои дигар ба хариду фуруши сабзавоту мева машғул буда, вақти холии мувофиқ надорам. Имрӯз чун ҳаррӯза ба сомонаи хабаргузории Оздагон ворид шудам, назарам ба изҳороти Раҳмонов Завқибек, раиси Шӯъбаи ҲНИТ дар ноҳияи Ванҷ ва Броимшоева Муслима- иҷрокунандаи вазифаи раиси ҲНИТ дар Бадахшон афтод, ки онҳо изҳороти масъули ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ, Асрор Булбулловро маҳкум намудаанд.

Бо далелҳои нокифоя ва бо калимаҳои «шояд ва гумонам» мақомотҳои давлатиро муттаҳам намуда, ибораи ҷаноби Булбулов, ки узвияти 3 ҳазор дар ҲНИТ аз Бадахшонро дуруғ гуфт, инкор намуда, хонандаро ба гумроҳӣ роҳнамоӣ менамояд.

Бо далелҳои зерин факту рақамҳои ҷаноби Булбуловро дастгирӣ менамоям ва ҷонибдори онам, ки калимаи Ислом аз ҲНИТ бардошта шуда, фаъолияти ин ҳизб барои надоштани аъзои воқеӣ дар Бадахшон баста шавад. Дар ноҳияи Ванҷ ташкилотҳои ибтидоии ҲНИТ бо ном вуҷуд дошта, фаъолияти воқеӣ наменамоянд.Дар шаш ҷамоати деҳоти ноҳия узвҳо ва ҷонибдорони ҲНИТ танҳо дар баъзе чорабиниҳои сиёсӣ фаъол мешаванд. Бо истифода аз эҳсосоти бархе аз ҷавонони бехабар дар маъракаи интихобот бо калимаи ислом ҷавононро ҷалб намуда, дар сурати хат кашидан ба калимаи ислом гунаҳгор мешаванд. Аз 320 аъзо доштани ҲНИТ дар Ванҷ бӯи шубҳа меояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар бахши ҲНИТ-и ноҳия танҳо 3 нафар кор менамоянд.

Агар воқеан, бахши ҲНИТ дар ноҳия фаъол бошад, 10 нафар ҳадди ақал дар утоқи кории онҳо дида мешавад. Бо итминон метавон гуфт, ки аъзоёни ҲНИТ дар ноҳияи Ванҷ кайҳо бо ҷорӣ шудани низоми қонун аз сафи ҳизб хориҷ шуданд. Омори қайднамудаи Раҳмонов З. аз ҷониби масъулини ҲНИТ аз ҷумла доштани шаҳодатномаи ҳизбӣ, супоридани ҳаққи аъзогӣ мавриди санҷиш қарор гирад, ба рӯё монанд мебошад. Шиори онҳо истифодаи номи «Ислом» ба манофеи ҲНИТ аллакай дар байни мардум эътимод надорад. Аслан, аъзоёни ҲНИТ бо аҳли зиё иртибот надошта, инро худи онҳо низ эътироф менамоянд, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ба сари омӯзгорон, табибон, аҳли фарҳанг фишор оварда, онҳоро аз арҷ гузоштани сунатҳои миллӣ манъ менамуданд. Аъзоёни бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ванҷ, бо истифода аз ҳамагӣ 3 нафар буда, дониши кофии дунявӣ ва динӣ надоранд.

Ҳамчунин аз рӯи мушоҳидаҳо дар шаҳри Хоруғ, ки ба фурӯши маҳсулоти сабзавоту меваҷот машғул мебошам, ҳеҷ вақт номи ҲНИТ-ро нашунидам ва ба аъзоёни онҳо вонахӯрдам, зеро дар шаҳри Хоруғ урфу одати мардум дигар мебошад. Масъулини ҲНИТ дар Бадахшон воқеаҳои шаҳри Хоруғро ба манофеи худ истифода бурда, ном бароварданд.
Мӯҳр
КИРМОНШОХ
БАРОДАРИ АЗИЗАМ ФАРИДУНИ ИСМАТУЛЛО Аъзоёни бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ванҷ, бо истифода аз ҳамагӣ 3 нафар буда, дониши кофии дунявӣ ва динӣ надоранд. ИН ЧУМЛААТ ОРИФОНА ВА БОСАВОДОНА ХАСТ МАН ДАР БОЛО ИШОРА КАРДА БУДАМ КИ НАХЗАТИХО БА КАДРИ МАРДУМИ ФАРХАНГПАРВАРУ МАОРИФПАРВАРИ ВАНЧ НАРАСИДААНД ВА ХЕЧ ГОХ ДАР ДУНЁ ВА ОХИРАТ ОСУДА ВА КАМОЛУ БАРАКАТ НАМЕЁБАНД ЗЕРО КИ СИРИШТИ МАРДУМИ ВАНЧ БА ШЕЪРУ СУХАН ВА КИТОБУ ХОМА ТАМИЗУ САВОД ЭХТИРОМУ ОДАМГАРИ МЕХМОННАВОЗИВУ САХОВАТМАНДИ СИРИШТА ШУДААСТ ХАР КАСЕ КИ РУИ АХЛИ АДАБ НО ЧО КОР ГИРИФТ РАДДИ МАЪРАКА МЕШАВАД МИСЛИ ОНОНЕ ЧУН ЗАВКИБЕКУ ПАЙРАВРНЕ ЧУН ЗАВКИЕКИ РОХГУМЗАДА

ХАМА АЪЗОЁНИ ШУМО СОБИК МУЧОХИДДИНИ РОХГУМЗАДА ВА ХЕШУ ТАБОРОНИ ОНХОЯНД

КИРМОНШОХ
ЯК ТОЧИРИ МУВАФФАК СУХАН БАЛАНД КАРД АЗТ ИН ЧО ПАЙДОСТ КИ ТАМИЗУ ХИРАДАШ БОЛО АСТ ОЛИ АГАР МУАЛЛИМОНУ ФАРХАНГИЁНАШ СУХАН ОГОЗ КУНАНД ЗАВКИБЕК КАТИ КОМАНДАШ БА ФИКРАМ ПОКО ПИХИЛ АЗ ХАМИН АЪЗОГИИ ХНИТ МЕБАРОЯНД ВА НАЗДИ МАРДУМОНАШ УЗР МЕПУРСАНД

vanji
Шарманда наход кур курона друг мегуед. ман омодайам бо ту ру ба ру бахс кунам бо факту далелхо...

КИРМОНШОХ
ИН ГУРУХ ЗИШТКОРОН, КИ АЗ НОМИ ПОКИ ИСЛОМ ИСТИФОДА МЕКУНАНД МЕХОХАНД МАРДУМИ ВАНЧРО ЯК ААРДУМИ КАФОМОНДА БЕСАВОД ВА ЯКРАВ НИШОН ДИХАНД АММО ФАРОМУШ КАРДААНД, КИ МАРДУМИ ВАНЧРО КУЛИИ ДИГАР МАРДУМОНИ ТОЧИКИСТОН ХУБ МЕДОНАНД, КИ ХАМ АЗ ИЛМИ ДИННИ БОХАБАРАНД ВА ХАМ АЗ ДИННИ ДУНЯВИ ВА ХОЧЧАТИ РОХ НИШОН ДОДАНИ ОНХО БА АЪЗОЁНИ НАХЗАТИ ИСЛОМИ НЕСТ АГАР ИНХО РОХ ДОШТА БОШАНД ХУДАШОН МУШКИЛИХОЯШОНРО ХАЛ МЕКУНАНД

кирмоншох
vanji,
навис номерахои телефоната ман сухбат мекнам бо ту

саид
ин амали биёраки ванчи маколи "Калум заду курам зад, пасмонда клухам зад"-ро мемонад.Дигар хеч..

Ин сабзавот фуруш чиву зидди ХНИТ навиштанаш чи, ё холо бозоратонро хукуматчиён ба монанди бозори Кургантеппаю корвон оташ назадаанд...

vanji
ба комроншох., мардак бош дар курсии хукумати кач бишину рост гуи! он Рахмоне, ки дар хама чой лоф аз он мезани барои мардуми Ванч чи кардааст? дар ягон нохияи Точикистон аз рохи ванч дида валангортар бовр кунед надидам. (аз боло то маркази нохия хамги 40 км рох аст аз сабаби валангор будани рох нархи рохкиро 30 сомои меистад) надидам . гар чанде дар дигар минтакахои Точикистон свет факат дар замистон нест, дар Ванч боло бошад дар тамоми фасли сол свети халол вучуд надорад. дар ин 20 соли хумкумрониатон ягон корхоне сохте , ки 10 нафаро бо чой кори доими тамин кадрда бошед. дар мактабхо дигар маллими ихтисосманд намодааст хама саргардони мухочират . ягон китобхона ягон фаолят доранд ? чангалхо ва заминхои корамро карб ки бо тамои об шуста бурд. ман нафамидам шумо бо чи кардагиантон лоф менозед. довталабона чора холи кунед ! Мардум безор шудаанд , ободди мехоханд! илтимос моро ба ч,анг натарсоед . хеч кас чанг намехохад сулх мехохем ,пешрафту рушди комил мехохем

Сайёди Савр
Кирмоншохро, кирмхо рузе, ки ба кабр дарояд бихуранд. Ин як навъ шухи буд. Бародари азиз, хакикати гапро гуй ту кисти ва косаат аз кучо пур мешавад, лабат аз кучо тар мешавад? Дакик медонам, ки як чоплуси хукумати хасти, ки хар лахза дар мавриди як хизби аз сари кудрат дур сухане шуниди, зуд садо баланд мекуни. Ман на чонибдори ХНИТ ва на тарафдори хизби сари хукумат хастам, танхо мехохам, монед хизбхои сиёси фаъолияташонро озодона бикунанд. Аслан ту Кирмоншох на ба бахси нахзатихо тоб оварда метавониву на бахс карда метавони. Зеро суханпардозиятро дар мизон баркашидам, ки хеле сабук аст.

Ин точири мевафруш дар асл Зиератшо Назруллоев Исматуллоевич мутахассиси шуъбаи идиалогияи Хукумати нохияи Ванч мебошад

Сироч
Ин кабила мардум барои манфиати шахсиашон ба хар кори паст кобиланд.Ман ,ки худ зодаи Ванчам чунин шахси бемавке ва тухматгар бо чунин ном вучуд надорад дар Ванч.

Аз навиштахои Фаридуни Исматулло ва коментхои Кирмоншох чунин бармеояд, ки хар ду як нафаранд. Ва ин нафар хам як пасти бешарафи рохгумзадаи хукуматихо аз дехаи Рог, аст, ки Назруллоев Зиёратшо Исматуллоевич нум дора. Дар хукумати Ванч хамучн мутахассис шуда кор мекунад дар шуъбаи идиология. Вай дар асл мевафуруш набуда балки одамфуруш аст ва хабаркашаки хукумати нохия Ванч аст.

Язгуломи
Дар мохи рамазон нархи меваро дар потолок мебардориву боз бо мактуби фармоишиат хактароши мекуни! Айб аст. Ту рафта мевахоятро фуруш. Аз ту то сиёсат рох тулонист. Пагох подабонхои Ванч зери султа калам ба даст мегиранду алайхи ХНИТ номанигори мекунанд. Айни хол микрофони хукумат ба дасти ванчихо расид. Фардо навбати кадом минтака бошад?

Ин агар амун Зиёратшо боша пули амуе мргу индукора гардондагй аст ё олй ам дар ток?

Зиератшох бачам албат пули индуку мрга ва чавобову тахкири хнит чуброн накни оли дар 35расия безани бо эхтиром Кермолшох

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)