Оё Шумо закот медиҳед?
Зубайдуллоҳи Розиқ, раҳбари шӯрои фатвои ҲНИТ
Закот яке аз рукнҳои аслии Ислом аст. Закот дар қатори шаҳодат, рӯза, намоз ва ҳаҷ дар Ислом фарз мебошад. Барои мусалмонон чанд навъи ибодат вуҷуд дорад, ибодати рӯҳӣ, молӣ ва ҷисмонӣ. Ҳар як мусалмоне, ки дороии ӯ ба ҳадди муаяйн расид, бояд аз ҳисоби умумии он 2,5 фоизашро барои мискинону бечорагон бидиҳад. Ин ҳам як навъи таъмин намудани баробарии иҷтимоии ҷомеа мебошад. Мутаасифона, ҳоло дар ҷомеаи мо закот ва ё хайру садақа ба монанди рӯзаву намоз сартосарӣ нашудааст. На ҳамаи сарватмандони мо ин корро мекунанд. Мо ҳатто ҳозир гуфта наметавонем, ки 50 дарсад ва ё 30 дарсади дороҳои мо ба хайру садақа машғуланд.
Ғаффор Мирзоев, мудири шуъбаи дини академияи илми Тоҷикистон
Супурдани закот ин яке аз шартҳои аслии Ислом мебошад. Закот ин яке аз панҷ рукни Ислом буда, ин як амали хайрия мебошад. Қабл аз ҳама закот барои дастгирии ниёзмандон муаяйн шудааст. Масъалаи закот додан ҳамчун як шакли амали хайриявии мусалмонӣ рӯйи кор меояд. Дар асри пешин ҳолатҳои закот додан аз тарави мусалмонон муаяйн кардамешуд. Баробарии иҷтимоиро то андозае таъмин мекард. Дар вақти имрӯза сарватмандоне, ки дасташон мерасад ба одамҳои алоҳида, ба марказҳои хайрия ба кудакистону бемористон метаовнанд кумак расонанд. Албатта ман наметавонам бигӯям, ки ҳамаи сарватмандони мо закот медиҳанд, вале бо шаклҳои гуногун ба муҳтоҷон ёрӣ мерасонанд.
Беҳрӯзи Сатторӣ, мутахассиси шуъбаи фатвои Маркази исломӣ
Албатта дар Тоҷикистон ҳастанд бародарони сарватманде, ки даромади хуб, тиҷорат доранд ва аз он закоти худро мепардозанд. Мушоҳида мешавад, ки шахсони дорои мо кӯшиши кумак кардан ба бечорагонро мекунанд. Ба мо муроҷиат мекунанд чанде аз сарватмандон, онҳо суол мекунанд, ки чӣ гуна ва ба кӣ метавонанд кумак кунанд. Ба кадом қишри ҷомеа супурдани закот воҷиб аст, гуфта суолҳо мекунанд. Аз ин пурсишҳо маълум мешавад, ки дар ҷомеаи мо бародароне ҳастанд, ки дар сар андешаи кумак ба дигаронро доранд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки моли худро ҳалол истифода кунанд. Бодиққат машварат мегиранд. Баъзан муроҷиати шифоҳӣ, баъзан хаттӣ ва баъзан мустақиман меоянду дар ин бора мепурсанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |