Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 ноябр 2017, 10:41

Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА 8 зина ақиб рафт

9 август 2013, 15:22

Тими миллии Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА, Федератсияи байналмилалии футбол 8 зина ақиб рафта, бо 301 имтиёз дар ҷои 114-ум қарор гирифтааст. Моҳи гузашта мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 106-ум ва аз он пештар дар зинаи 112-ум ҷой гирифта буд.

Дар рейтинги нави ФИФА мавқеи мунтахаби Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиё се зина пойин рафта, ҷойи 15-умро мегирад. Дар муқоиса бо кишварҳои собиқ шӯравӣ Тоҷикистон аз Озарбойҷон, Латвия, Молдова, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон пеш буда, дар ҷойи 9-ум қарор дорад.

Дар садри ин раддабандӣ ҳамоно Испания ва дар пайи он Олмон, Колумбия, Аргентина, Голандия, Италия ва Португалия қарор доранд. Раддабандии ФИФА аз соли 1993 инҷониб омода шуда, ҳар моҳ таҳия мегардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!