Зимни таҳлилҳои Кумитаи андози Тоҷикистон маълум гашт, ки дар ҷумҳурӣ 1300 нафар шахсони воқеӣ ҳастанд, ки фаъолияти худро ба сифати соҳибкори инфиродӣ тариқи патент амалкунанда ба қайд гирифтанд.
Вале то имрӯз бе нишонанд ва фаъолияташонро тариқи пешбининамудаи қонунгузорӣ қатъ накардаанд. Қайд намуд, зарур аст, ки мувофиқи талабот соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти худро тариқи пешбинӣ намудаи қонунгузорӣ катъ наменамоянд, ҳамчун соҳибкори инфиродии амалкунанда ба ҳисоб мераванд. Зимнан, он мӯҳлатҳое, ки онҳо маблағи андозро пардохт накарданд, ҳангоми муроҷиат кардан ба бахшҳои бақайдгирӣ ӯҳдадоранд, ки ин маблағҳои мӯҳлати фаъолият накардаашонро пардохт намоянд. Бояд тазакур дод, ки баъд аз гузаштани амали бақайдгирии давлатӣ шахсоне, ки дар бахшҳои бақайдгирии давлатӣ ҳамчун соҳибкор ба қайд гирифта мешаванд ӯҳдадорӣ пайдо мекунанд, ки сари вақт ҳисобот ва эъломияҳои андозро пешниҳод намоянд. Бо сабабҳои гуногун фаъолият накардани онҳо субъектҳоро аз супоридани эъломия ва ҳисоботҳои андоз озод наменамояд. Аз ин лиҳоз тамоми соҳибкороне, ки амали бақайдгириро мегузаранд ӯҳдадоранд, ки ҳангоми фаъолият накардан ҳам ҳисоботҳои сифрӣ пешниҳод намоянд. Дар сурати пешниҳод накардани ҳисоботҳо ва эъломияҳои андоз мувофиқи талаботи моддаи 601 кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.
Мӯҳр