Президент барои сухтори бозор прокурорро аз вазифа гирифт
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, райисиҷумҳури Туркманистон барои «камбудиҳо дар кор» Бегенҷ Аллагулиев, прокурори вилояти Дашогуз ва муовинаш Хандурдӣ Хандурдиевро аз вазифа сабукдуш кардааст.
Бино ба иттилои расонаҳои Туркманистон ба Эсенмурод Оразгелдиев, раиси вилоят барои «иҷрои ғайриқаноатбахши уҳдадориҳои хизматӣ, назорати заифи вазъи бозорҳои вилоят ва кори сусти риояи қавоиди зиди сухторӣ дар бозорҳо» огоҳии ҷиддӣ дода шудааст.
Ин ҷазоҳо дар робита ба оташсӯзии бозори Дашогуз эълон шудааст, ки марги одамонро дар пай дошт. Дар мавриди теъдоди қурбониёни сӯхтор мақомоти расмӣ то ҳол хабаре пахш накардаанд.
Аммо торнамои «Хроника Туркменистана» менависад, "оташсӯзӣ сабаби ҳалокати ҳашт нафар шуда, вазъи чанд нафари дигар ваҳим аст".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |