Дар бозори "Садовод"- яке аз калонтарин бозорҳои Маскав ва макони аслии муҳоҷирини меҳнатии тоҷик таркиш ба амал омада чандин нафарро маҷрўх ва кушта бар ҷой гузоштааст.
Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" иттилоъ медиҳад.
Бино ба маълумоти ин манбаъ, инфиҷор дар истгоҳи нақлиёт, ки асосан муҳоҷирин бо нақлиёти шахсиашон ба ҳайси мошини кироя кор мекунанд, рух додааст
- Таркиш дар дохили яке аз мошинҳо рух дода, ба ҷойи ҳодиса қатори мошинҳои ёрии таъҷилӣ, наҷотдиҳандагон ва сўхторнишонон равона гаштаанд. Ҳамчунин, чархболи вазорати ҳолатҳои изтирорӣ барои интиқоли маҷрўҳон ба маҳалли ҳодиса парвоз кардааст,- навиштааст манбаъ.
Дар бораи ҳуввияти осебдидагон ва теъдоди фавтидагон, пулис ва мақомоти изтирории Русия то ин соат маълумоте пахш накардаанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр