Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи варзишгарон, ки имрӯз, 10-уми август таҷлил мегардад, бо иштироки 2000 варзишгарону истиқоматкунандагони шаҳри Хуҷанд ҷашнвора ташкил намуда, бархе аз мураббиёну варзишгаронро қадрдонӣ мекунанд.
Аз раёсати мазкур ба «Озодагон» иттилоъ доданд, ки имрӯз барои 15 нафар собиқадорон, мураббиён ва варзишгарон аз ҷониби мақомоти Суғд ифтихорнома ва туҳфаҳо тақдим мешавад.
Инчунин раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ варзишгарони камбизоату маъюб ва 12 нафар собиқадорони соҳаро аёдат намуда, ба онҳо маводи хӯрока тақдим кардааст.
Фаридун Ҳодибоев, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд мегӯяд, бахшида ба ин сана, имрӯз тамоми сексияҳои варзишӣ дар ҳолати корӣ қарор мегиранд ва ҳар кас метавонад аз муассисаҳои варзишӣ дидан кунад. Дар вилояти Суғд 40 муассисаи варзишӣ фаъолият мекунанд, ки наздик ба 16 ҳазор ҷавонон дар он тамрин мекунанд.
Мӯҳр