Бахшҳо

Бахси ахдофи иқтисодии номзади мухолифин ба президентӣ

Ҳумайрои Бахтиёр

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта бо баргузории ҷаласаи навбатӣ консепсияи пешазинтихоботии худро мавриди баррасӣ қарор доданд. Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҲСДТ гуфт, ки барномаи номзади ягонаи мухолифин ба президентӣ, дар асоси ҳамин консепсия тарҳрезӣ хоҳад шуд.

Гуфта шуд, ки консепсияи мазкур барои як давраи 4 солаи гузариш аз низоми авторитарӣ ба низоми демократӣ пешбинӣ шуда, дар сурати пирӯзиро ба даст овардан, номзад уҳдадор мешавад то консепсияро амалӣ намояд. Арзишҳои олии инсон, мардумсолорӣ, ба роҳ мондани адолати додгоҳӣ ва иҷтимоӣ, рушди бахши соҳибкорӣ, озодии виҷдон, сухан ва расонаҳои хабарӣ аз аҳдофи қабули консепсия арзёбӣ гардид. Барномаи амалии консепсияи пеш аз интихоботии иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон бознигарӣ дар бахшҳои қонунӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангу маоифро дар бар мегирад.

Нуктае, ки бештар иштирокдорони ҷаласаро ба баҳс кашид, ин давоми ду сол ба истифода додани ду агрегати неругоҳи Роғун мебошад. Зарафо Раҳмонӣ, узви ҲНИТ зикр шудани мӯҳлати ба истифода додани ду агрегати Роғунро ғайримантиқӣ хонд. Ба гуфтаи ин хонум эҳтимол аст, танҳо барои ҷамъоварии ҳуҷҷати ин иншоот ду сол сипарӣ гардад.

Дар ҳамин маврид Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ гуфт: "Нофаҳмиҳо танҳо дар сатҳи баланди сиёсӣ аст. Ба истифода додани нерӯгоҳи Роғун танҳо як каме ҷасорат ва иродаи сиёсӣ мехоҳад. Гузашта аз ин касе нагуфтааст, ки Роғун набояд сохта шавад. Роҳамонро бастанд, сарҳад минагузорӣ шудааст, низоми раводид ҷорӣ аст, мо дигар аз чӣ метарсем? Фаъол кардани нерӯгоҳи Роғун танҳо иродаи сиёсӣ мехоҳад".

Бояд гуфт, ки бахши иқтисодии консепсияи пешаинтихоботии иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ баҳси зиёдро ба вуҷуд овард. Ишора нагардидани рушди бахши истеҳсолот ва саноати кӯҳӣ аз ҷумлаи эроди иштирокдорони ҷаласа буд.

Ваъдаи таъмини иҷтимоии мардум, комилан ройгон кардани таҳсилот, тандурустӣ, ройгон кардани роҳҳо, монополияи давлатӣ кардани доруфурӯшӣ, таъмини ҳадди ақали музди меҳнат баробар бо сабади истеъмолӣ, баргардонидани маблағҳои мардум, ки барои хариди саҳмия равона шудааст, таъмини назорати истифодаи грантҳо ва қарзҳои давлатӣ ва ворид намудани хидмати алтернативӣ аз ҷумлаи нуқоти аслии бахши иқтисодии консепсия мебошад.

Дар робита ба ин Бузургмеҳр Ёров гуфт, ки консепсия бисёр хушбинона таҳия гардида, мардумро барои овоздиҳӣ ба номзади ягона водор намекунад. Дар бахши ислоҳоти конститутсионӣ, Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ бештар ба маҳдуд кардани мӯҳлати президентӣ дар Тоҷикистон ишора кардаанд. Ба ду чор сола маҳдуд кардани президентӣ, тақсим кардани салоҳияти идораи давлат, миёни раисҷумҷур, парлумон ва сарвазир. Гузаштан ба низоми парлумони якпалата бо таъмини намояндагони ҳамаи шаҳру ноҳияҳо (90 вакил +60 вакил аз феҳрасти аҳзоб, дар маҷмуъ150 вакил), интихобӣ будани раисони вилоят, ноҳияҳо, шаҳр ва ҷамоатҳо, интихобӣ будани додрасҳои ҳама зинаи додгоҳӣ ва интихоби раҳбари КМИР дар ҷаласаи парлумон ва бо пешниҳоди аҳзоби сиёсӣ аз нукоти марказӣ дар ҷаласаи ислоҳотхоҳон буданд.

Дар муқаррароти консепсия омадааст, ки барномаи ислоҳотӣ давоми 4 сол амалӣ гардида, баъдан интихоботи президентӣ баргузор хоҳад шуд. Ҳарчанд Сарқонуни кишвар муҳлати президентро барои 7 сол муаяйн кардааст, вале номзади ИНИТ уҳдадор мешавад, то баъди ҷорӣ кардани ислоҳот ва фароҳам овардани шароити баргузории интихоботи президентӣ номзадии худро дигарбора нагузорад. Қабули консепсияи пешазинтихоботии ИНИТ ба делели баъзе камбудиҳо ба таъхир гузошта шуд ва интизор меравад 18 уми августи соли ҷорӣ, консепсияи ИНИТ бо дарназардошти эрод ва пешниҳоди иштирокдорони ҷаласа қабул карда шавад.
Мӯҳр
Хело хуб мешуд агар хаммаи ин гапхо амали мешуданд! Накшахои оли! Биёед як шанс дихем!! то кай афсонаи хукуматдоронро гуш мекунем! БИСТ СОЛ КОРАШОНРО КАРДАНД, акнун навбатро супоранд ягон айб намешавад!!

Хело хуб мешуд агар хаммаи ин гапхо амали мешуданд! Накшахои оли! Биёед як шанс дихем!! то кай афсонаи хукуматдоронро гуш мекунем! БИСТ СОЛ КОРАШОНРО КАРДАНД, акнун навбатро супоранд ягон айб намешавад!!

Шахноза
Кабири дар тайёр шудани ду агрегати Рогун чи сахму чи кор дорад, ки алакай дар фикри кушодани он аст. Рогун моликияти халк аст. Мо дар он сахм дорем. Кабири 20 дирам сахм дорад ё не? Худо харгиз ба дохили Рогун ворид шудани Кабир ва РахматЗоирро розиги надихад. Зеро ин ду нафар хавфноктарин душмани ин иншоот мебошанд. Афсона! Фикр мекунад, ки курсии раиси чумхур ба осони ба у мерасаду Рахматзоир бо узбеко маслихат карда баъди як мох Рогунро месозанд. Хой чанобони аз дунё бехабар. Аз хоб хезед чанобони мансабталоши аз дину оини миллати точик бехабар. Шумо дар орзуи хамин мансаб муйсафед хохед шуд. Омин ва рабил оламин.

саид
Инит шумо дар пеши хонахоятон як трансформатори шинонда наметавонед

ин идеяи миллии..Рахмон ва халки точик аст ва иродаи сиёси хам бузург аст..аммо монеахои бузург низ вучуд дорад.ки онро ХНИТ ва Кабири намефахманд..е ин ки маъсулият хис намекунанд...афсус аксарияти гояхои оппозисияи ба ном муттахид дузди аз они як стратеги точик аст ки наметавонад онро ошкор гуяд...афсус.оппозисия эй афсус..

Зоирчон
Кабиров М! Бо пешниходи барномаи бемантик якбора хамон обруи набудагиатро хам резонди. Шумо бо хаммаслаконатон ба обеъктхои дорои хусусият ва ахамияти миллидошта мисли Рогун даст назанед. Зеро ба шумо бовар кардан кин аст. Шумо айни замон барои миллати мо мигрант хисоб мешавед. Бо Рахматулло Зоиров хардуятон дар як чамоати нохияи Айни ё Дарвоз раиси чамоат ё котиб кор кунед. Фахмед ки идора кардани давлат чи аст? Бисёр хавас накунед. Бовар кунед аз ухдаи ин корхо намебароед. Чунки аз болои худ кор накардаед. Пуркувват нестен. Ба чои аз кафои одамо ва рохбари давлат кор кардан хуб мешуд, ки ин кадар вакт мохияти идоракуниро меомухтед. Он чизе ки шумо хис мекунед, хавас аст, ки дар 6 мох шарманда шуда, бари Мурсии акаатон меравед. Хамун хам аз шумо безор аст.

Мулломирзочонбойхуча
Муваффкаят мехохам ба Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон!!! Ахсант ба Рахматилло Зоиров ва Мухиддин Кабири! ШЕРХОИ НАРРУ ДАЛЕРУ НОТАРСИ ТОЧИК! АГАР ЯКЕТ ПРЕЗИДЕНТУ ЯКЕТ САРВАЗИР ШАВЕД БИСЁР ЗУР МЕШАВАД.Бори дигар барор дар ин кори пешгирифтаатон.! Ба харфи касе гуш надихеду аз чизе натарсед! Факат ба пеш! Худо ёратон!

хусноро
мухиддин кабири метарсум ки президент шуда точикистона ранги нахзат алов сар натии

Сафсатахо, Кабири номи поки Ислом дар ин хизби ту хайф шуд, зеро ин кори ту зебанба ба Ислом нест, Ислом чангу талошу хархашаро ба бародари исломии ту раво намебинад, ХОХИШИ МАН ИН АСТ: ИН ХИЗБ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗ МОНДА ШАВАД... зеро НОМИ ПОКИ ИСЛОМ набояд дар чунин чой бошад... Шер ин як хайвони дарандааст набояд одамиро ШЕР гуфт охир ин Кабириву Зоир хам одаманд ку))))))))
Чаноби Оли Рогунро хохад сохт мо умедвор аз рахмати Худо хастем, ки чаноби ОЛИ сабаб шуда Рогун ба истифода хохад омад....

ИН ГУШНАХО СЕРШАВИ НАДОРАНД
як бало карда ба як бахонае мардумро бечора мекунанд
чанд сол пеш ба бахонаи:
1 - арабистон кор мебарем гуфта аз мардум пули бисёре ситониданд дар натича нашуд
2 - як шлюхаи падарлаънат пайдо шуд ки норвегия кор мебарам гуфта пули зиёди мардумро гирифтанд ки хеч нашуд гурехт рафт
3 - мухрабизнес буромад Чамшеда оварданд пули мардума чамъ кардан ки дар натича хеч чиз нашуду мардумро хонавайрон кардан
4 - О ИН САХМИЯХОШОНАМ ДУРУГАЙ ПУЛИ МАНУ ШУМО БАРОИ КИССАИ БОЧАХОШОНАЙ ОХИ

О ТОЧИКИ ШИРИ ГУРБА ХУРДА КАЙ ХУШЁР МЕШЕД ОХИ!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Шахноза,
саид,
Зоирчон,
хусноро,
Хакчуй,

Ашхоси дар боло зикршуда!
Ба назар мерасадки ин суханони ношоистаро аз номи чанд нафар як кас рӯи қоғаз меорад. Мутаассифона, дар компютер инро назорат карда намешавад.
Матлаб ин аст ки, аз ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ натарсед! Бузургони шеъру адаби миллатамон гуфтаанд: "РАХТЕ КИ ТАҒЙИР НАЁБАД ГӮР АСТ. ОН ДИДАЕ ИБРАТ НАГИРАД КӮР АСТ." Агар ишон саводи кофӣ доранд, бояд бифаҳманд, маънии ин гуфтаҳо чӣ аст? Мумтаҳо ман ба фаҳмиши ишон сахт шубҳа дорам. Банда оқоёни Кабирӣ ва Зоировро танҳо аз матбуот мешиносам. Шумо ҳеч фикр намекунед ки мақомот (фақат!) ба ҳамин ду нафар "иҷозат" додаанд, ки онҳо "фикру ақидаашонро" бигӯянд, пешниҳоде доранд - бикунанд... Хулоса, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дода шавадки дар Тоҷикистон муғҷаҳои демократия пайдо шуда истодааст. Агар инҳо набошанд, пас, ҳукумат касе дигарро "месозад", зеро ягон интихобот бе АЛТЕРНАТИВА доир намегардад. Алтернативаи ҳукумат ҳаминҳоянд. Ба инҳо овоз додан намехоҳед, ба шахси дилхоҳатон овоз диҳед. "Гапи бисёр, як харро бор!" гуфтаанд. Сафсатаи зиёдатӣ ба кӣ даркор. Пеш аз ҳама тамаддуни (култура) муколамаро ёд гиред, пас аз он аз паси танқид шавед. Шахсан ман бар он ақидаамки ба Тоҷикистон ИСЛОҲОТИ СИЁСӢ ВА ИҚТИСОДӢ ОБУ ҲАВО БАРИН ЗАРУР АСТ. Фарқаш нест, он барономаро кӣ эълон ва амалӣ мекунад, тандеми Кабирӣ - Зоиров, Э.Раҳмон ё каси (гурӯҳи) дигар. Вале то ба ҳол ба ҷуз ҳамин ду сиёсатмадор, аз тарси ҷон, каси дигар дар ин бора сухане нагуфтааст. Шумо ҳаминҳоро ҳам чашми дидан надоред. Кай тарки хислати бардагӣ мекунед? Мехоҳедки як умр дар давлати жандармҳо зиндагӣ кунед? Инсон аз модар озод таваллуд шудааст ва бояд озод зиндагӣ кунад. Албата, бе хиёнату ҷиноят!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)