Ҳудуди панҷ ҳазор табааи Чин ҳаққи шаҳрвандии Қазоқистонро ба даст овардаанд.
Инга Иманбай, яке аз фаъолони бошгоҳи “Рух пен тіл” аз афзоиши раванди муҳоҷирати шаҳрвандони Чин ба Қазоқистон ибрози нигаронӣ карда, гуфтааст: “Агар Шумо ба манотиқи ғарбии ин кишвар сафар кунед, тақрибан 60-70 дарсади сокинони он ҷо чиниҳо мебошанд. Ба иттилои расмӣ ҳудуди 5 ҳазор чинӣ шаҳрвандии Қазоқистонро ба даст овардааст.”
Инга Иманбай гуфтааст, муҳоҷирати ғайриқонуни чиниҳо ба Қазоқистон дар ҳоли афзоиш мебошад.
Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандони Қазоқистон баъд аз ба миён омадани хабарҳо дар мавриди бекоршавии низоми раводид миёни Остонаву Пекин вокунишҳои шадид нишон дода, аз мақомот шарҳи ин иқдомро талаб кардаанд.
Вале Кайрат Сарубай, муовини вазири хориҷии Қазоқистон хабарҳо дар мавриди қатъи низоми раводид миёни Чину кишварашро беасос хонда, аз ин бобат изҳори беиттилоӣ кард.
Ӯ гуфт, танҳо сода намудани низоми раводид дар назар аст. Зеро ба гуфтаи муовини вазири умури хориҷии казоқ, вақтҳои охир шаҳрвандони Қазоқистон аз мушкил шудани дарёфти раводиди Чин шикоят доранд.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло миёни Чин ва Қазоқистон дар як ҳафта беш аз 30 хатти парвоз вуҷуд дошта, интизор меравад, ин нишондод то соли 2014 ба 35 адад расад.
Мӯҳр