Тарҳи нави кодекси андози Тоҷикистон ба хотири аз миён бурдани мушкилӣ ва баъзе нукоти норӯшан таҳия шудааст, мегӯяд Аюбҷон Солиев, муовини аввали райиси кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон.
Ба қавли номбурда қисми аввали кодеси андоз ба ягон хел тағирот эҳтиёҷ надорад, зеро он мисли кодекси андози кишварҳои дигар таҳия шудааст: «Базеҳо мегӯянд, ки кодекси андози Тоҷикистон бояд ба пуррагӣ тағир дода, шавад, аммо ба андешаи ман ба ин чиз зарурат нест». Муовини аввали раиси кумитаи андоз ҳамчунин гуфт, дар комиссияе, ки оид ба таҳияи лоиҳаи нави кодекси андоз таъсис шудааст, намояндагони ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, анҷумани миллии соҳикорони хурду миёна, ассосиатсияи корфармоёни Тоҷкистон ва шӯрои ҳамоҳангсозони анҷумани соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон шомиланд. Ин ассосиатсияҳо нисбат ба дигар анҷуманҳои кишвар калонтарин ба ҳисоб рафта, адозсупорандагони зиёдеро фаро гирифтаанд. «Онҳо бояд фикру андешаи андозсупорандагонро дар робати ба тарҳи лоиҳаи андоз ба кумита пешниҳод намоянд», -афзуд Солиев. Гузашта аз ин кумитаи андоз муваззаф шудааст, ки шурӯъ аз 19 июл бо андозсупорандагон оид ба таҳрири нави кодекси андоз машваратҳои корӣ анҷом бидиҳад. {jathumbnail off}
Мӯҳр