Бахшҳо

Номзадҳои наву кӯҳна ба мансаби президентӣ

Абдулазизи Восеъ

То интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 80 рӯз ва ё чизе бештар аз он боқӣ мондааст. Аммо ҳоло танҳо исми ду номзади эҳтимолӣ ба маснади президентӣ рушан аст, ки яке аз онҳо райисҷумҳури феълӣ ва дигаре собиқ номзад ба мақоми президентӣ дар ҳафт соли пешанд.


Ҳанӯз якуним сол қабл аз ин, Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) эълон кард, ки бо номзади худ дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2013 ширкат меҷӯяд ва он ҳам райиси ҷумҳури феълӣ - Эмомалӣ Раҳмон аст. Худи оқои Раҳмон то ҳанӯз дар ин мавриди чизе нагуфтааст.

Аммо Абдуҳалим Ғаффоров, райиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСД) ахиран аз тасмимаш барои муддаии курсии президентӣ шудан хабар дод. Ҷаноби Ғаффоров, ки дар интихоботи соли 2006 низ номзад буд, дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфтааст, ин навбат бо барномаи нав ва бештар паҳлӯи иҷтимоидошта вориди корзор мешавад. Аммо ин ягона «дастовез»-и ӯ набуда, ҳамчунин изҳороти раёсати ҳизбашро низ овардааст, ки дар он аз талошҳои Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон барои ташкили як эътилофи интихоботӣ шадидан интиқод мешавад. Дар он гуфта мешавад, ки Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар ин эътилоф ширкат нахоҳад кард ва аз президенти Тоҷикистон, вазири адлия, раиси Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати умури дохилӣ ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дархост шудааст, ба талошҳои Зойиров вокуниш нишон дода, пеши роҳашро бигиранд.

Таърихчаи интихоботии ҳафт соли қабл

Абдуҳалим Ғаффоров яке аз панҷ номзад дар интихоботи сипаришудаи раёсатҷумҳурӣ буд, ки камтарин шумори овозҳоро соҳиб шуд. Дар интихоботи соли 2006 панҷ номзад – Эмомалӣ Раҳмонов (ҲХДТ), Исмоил Талбаков (Ҳизби коммунист), Олим Бобоев (Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ), Амир Қароқулов (Ҳизби аграрии Тоҷикистон) ва Абдуҳалим Ғаффоров (ҲСД) вориди корзори интихоботӣ шуданд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ки Эмомалӣ Раҳмонов 79,3 дар сади райъи интихобкунандагонро соҳиб шудааст. Он вақт бархе коршиносон гуфтанд, ки ҳадафи пешниҳоди номзадҳои дигар танҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷилва додани демократия буд.

Имсол ҳам интизор меравад…

Зимнан, имсол низ ба миён омадани чунин як сенария пешгӯӣ мешавад. Эҳтимоли афзоиш ёфтани муддаиёни курсии президентӣ ҳам зиёд аст. Бархеҳо мегӯянд, ки боз ҳам Исмоил Талбаков, Олим Бобоев ва Амир Қароқулов шояд аз азмашон барои номзад шудан хабар диҳанд.

Бархе аз соҳибназарон чунин эҳтимолеро ҳам сарфи назар намекунанд, ки ба хотири хеле рақобатпазир намоиш додани интихобот исми чеҳраҳои шинохтае назири Маҳмадсаид Убайдуллоев, Муродалӣ Алимардонов, Ғайбулло Афзалов ва амсоли онҳо дар қатори номзадҳо пайдо шавад.

Аз намояндаҳои аҳзоби сиёсӣ танҳо Раҳматилло Зоиров, райиси ҲСДТ гуфта буд, ки ҳозир аст, номзадияшро пешниҳод кунад. Ҳамчунин, «Ҷунбиши миллӣ» як созмони сиёсии сабтиномнашуда, Зоировро номзади худ дар интихоботи президентӣ муаррифӣ карда, аз ҳамаи аҳзобу созмонҳо хоста буд, то номзади онҳоро дастгирӣ кунанд. Аммо ҷомеа мунтазири эътилофи аҳзоби мухолиф аст, ки бо номи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) амал мекунад. Ин иттиҳод то имрӯз чанд ҷаласаи худро созмон дод ва аммо ҳадс зада мешавад, ки исми номзади ягонаашон то охири моҳи ҷорӣ муайян шавад.

ИНИТ ҳоло ҳам фикр мекунад

Дар охирин ҷаласа ИНИТ консепсияи пешазинтихоботии худро таҳия намуда ва пешниҳоди ҷомеа кард, то нуктаи назари худро роҷеъ ба он изҳор доранд. ИНИТ мегӯяд, номзади онҳо барои даври гузариш ва барои чор сол интихоб хоҳад шуд. Ӯ ҳаққи пешниҳоди номзадиашро дар интихоботи дигар, ки қарор аст то он замон муҳлати раёсатҷумҳурӣ ду давраи чорсола шавад, надорад. Хотирасон мекунем, тибқи муқаррароти Сарқонуни Тоҷикистон феълан президент барои 7 сол ва бо ҳаққи пешниҳоди номзадияш барои як даври дигар интихоб мешавад.

Тахмин кардани номзади ИНИТ ғайриимкон аст. Ҳарчанд дар доираҳои гуногун аз Раҳматилло Зоиров, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси варзида, Абдуқаюми Қаюмзод, журналисти маъруф ва дигарон ном мебаранд, аммо эҳтимоли қавӣ вуҷуд дорад, ки он шахси дигар бошад.

Мавзӯи пешниҳоди номзадҳо ҳамеша ба мавзӯи шаффофияти интихоботҳо мепечад. Дар интихоботи қаблӣ аҳзоби мухолиф бо иддаои он ки кафолати бидуни тақаллуб баргузор шудани интихобот мавҷуд нест, вориди корзори интихоботӣ нашуданд. Аммо ин навбат гӯйё ин кафолат дода шуд. Моҳи майи соли равон Шермуҳаммади Шоҳиён, раҳбари Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфт, интихобот шаффоф хоҳад гузашт. Аз ин пеш Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар низ ваъдаи шаффоф доир гардидани интихоботро дода буд. Бо вуҷуд, баъди рад шудани пешниҳоди ворид кардани тағйирот ба қонун “Дар бораи интихобот” бисёре аз коршиносон гуфтанд, ки ба шаффоф гузаштани интихобот бовар надоранд.

Интихобот бо кадом номзадҳо ва дар чӣ фазо мегузарад, танҳо вақт нишон хоҳад дод. Мо ҳам интизор хоҳем буд.


Мӯҳр
Агар шумо хохед, ки бо барномаи пеш аз интихоботии Абдуҳалим Ғаффоров аз наздик шинос шавед МАРХАМАТ - баъд аз шом ба шафати заводи пивобарори шахри Душанбе. Дар ин вохурихо аслан масъалахои рузмарраи чомеа аз кабили -сохтани ядрои атоми, ба кайхон равон намудани ракетаи истехсоли точикистон , мубориза бо мухочирини гайриконуни (гастербайтера из китая)-шахрвандони чин ва гайраву гайрахои дигар мавриди мухокима карор мегиранд. Шахсоне, ки барои гани гардонидани идеяхои хизб пешниходхо доранд метавонанд ба сурогаи зикршуда баъд аз соати 18:00 хамаруза хозир шаванд.Иштирок ройгон,вале "Харочот" аз хисоби худ.Бо боварии комил гуфта метавонем, ки иштироккунандагон аз маводхои истехсоли заводи дар боло зикрёфта бенасиб намемонанд.

Савобчу
Худо хамашро гирад. Хама худнамоишдихи .. Акси Каюмзод чи кор мекунад ин чо .. У хам президентшав аст чи...

Устод Абдухалим Гаффоров кариб хар руз обедашонро дар ошхонае наздик ба бозори Шохмансур, вокеъ дар наздикии кафедрахои Университет мегузаронанд. Як ноштои оддиёнаву хоксорона доранд ва маълум аст ки аз табаки оддии мо точиконанд. Гурухашон аз 5-6 нафар зиёд нест. Хамрохашон занхо низ буданд ва шояд узви хизбашон бошанд. Дар болои миз ба истиснои хурокворихо чуз як шиша араки "Точикистон" чизи дигаре набуд. Ин худ маънои онро дорад, ки устод танхо "Точикистон"-ро дуст ва танхо "Точикистон"-ро менушанд. Хар бинанда ба зуди хулоса мекард, ки занхои хамрохашон низ аз дутсдорони "Точикистон" буданд.

дар урфият мегуянд, ки поятро чени курпачаат дароз кун, нобуди хамма, неки хами каюмзод хамара шарманда кард, охи ту кучову номзад ба президент кучо?? ай озоди дафат кардан, срок годностут тамом шид, бо ягон бузи дига ёфтан??? бра ягон газета кор кун, як хаёт дар хидмати муассисони озоди буди..бра хамуё президенти киддаткардагихошон интихобут кнан, хот журналисти профессионал нести ака худт, як чои кор ёфта наметони ба худта. бо хаваси президенти дори...? Баъд ага имконт шид, як борак ришота трош, акачон,

Sado
In gafforov niz gap zada metonistay da yo ki faqat dar du mohi intixobotho? ))))

Хусноро
Номзадхои азиз илтимос худтона гам натиен все равно курси аз Рахмоновай зуртон намерасад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)