Гардиши савдои хориҷӣ дар шаш моҳи сипаришудаи соли равон 2 милларду 214 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш 31,1 дар сад зиёд аст.
Ин нуктаро Ҷамшед Юсуфиён, муовини аввали райиси Бонки миллӣ иброз дошт. Ба гуфтаи ӯ ҳаҷми содирот 23,2 фоиз афзуда, ба 686,4 миллион доллар баробар шуд, воридот бошад, ба ҳадди 34,8 фисад зиёд гардида 1 миллард 528,1 миллион долларро ташкил намуд. «Сарфи назар аз тағйироти зиёд дар бозори ҷаҳонӣ ва фишорҳои таваррумӣ вазъи макроиқтисодии кишвар мӯътадил боқӣ монда, тақвияти бештари нишондиҳандаҳоро инъикос намудаст»,- афзуд Ҷамшед Юсуфиён. {jathumbnail off}
Мӯҳр