Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар раддияе хабари сомонаи бахши тоҷикии ВВС-ро дар робита ба дохил шудани Тоҷикистон ба рӯйхати амниятии ИМА бепоя хондааст.
Дар ин маълумот гуфта мешуд, бо шомил кардани Тоҷикистон ба ин феҳраст нисбат ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ меъёрҳои ҷиддии тафтишот ва азназаргузаронӣ дар фурудгоҳҳои Амрико истифода мешаванд. Аммо сомонаи расмии вазорати корҳои ҳориҷии Тоҷикистон навиштааст, ки ин маълумот ба ҳақиқат мувофиқат намекунад. «Дар асли ҳол мувофиқи маълумоти сомонаи расмии вазорати амнияти дохилии ИМА, Тоҷикистон ва боз 34 кишварҳои дигар ба рӯйхате ворид гардидаанд, ки нисбат ба шаҳрвандони онҳо ҳангоми боздошт шудан аз ҷониби мақомоти қудратии ИМА санҷиши иловагӣ бо мақсади муайян намудани дигар қонуншиканиҳо гузаронида мешавад. Чунин санҷиш танҳо нисбати шаҳрвандоне сурат мегирад, ки онҳо дар маҳкамаҳо қарор доранд. Дигар меъёрҳои иловагӣ барои тафтишот ё азназаргузаронӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои ИМА истифода намешавад»,- омадааст дар раддияи ВКХ-и Тоҷикистон. {jathumbnail off}
Мӯҳр