Пешниҳоди Э.Раҳмон барои таъсиси Маркази байналмилалии об дар Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон дар оғози Конфронси байналмилалии сатҳи олӣ доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, пешниҳод намуд, ки аз соли 2015 даҳсолаи нави амалиёти байналмилалӣ дар соҳаи об эълон гардад.
Тавре сомонаи расмии президент навиштааст, барои иштирок дар кори Конфронс беш аз 900 нафар меҳмонони воломақом ва мутахассисону коршиносони маъруфи зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои сершумори минтақавию байналмилалӣ иштирок доранд.
Конфронсро сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ифтитоҳ бахшида, нахуст президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба суханронӣ даъват намудааст.
Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони конфронсро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, доир ба тадбирҳои сершумори ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи об андешаҳои худро баён намуд. Аз ҷумла аз иқдоми дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфташудаи Тоҷикистон, “Соли байналмилалии оби тоза (2003), даҳсолаи (2005-2015) байналмилалии “Амалиёти об барои ҳаёт” ва “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013)” ёдовар шуда, пешниҳод намуд, ки аз соли 2015 даҳсолаи нави амалиёти байналмилалӣ дар соҳаи об эълон гардад. Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ ва дипломатияи соҳаи об таъсис дода шавад.
Дар робита ба масоили ҳалталаби обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид кардааст, ки “Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманд ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд. Мо хуб мефаҳмем, ки танҳо ҳамкории мутамаддин ва иродаи сиёсӣ метавонад ба ҳамаи мо пешрафту инкишофро дар ин ҷода таъмин намоянд. Тоҷикистон ба чунин ҳамкорӣ комилан омода аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |