(АКС) "Тоҷикӣ" дар паскӯчаҳои Самарқанд ҳам дар ҳоли фаромӯшист
Шаҳри Самарқанд, ки замоне маркази фарҳангии тоҷикон буд, айни ҳол расман намуди зоҳириашро аз забони тоҷикӣ пок кардаанд ва ҳамакнун бо ин забон танҳо дар паскучаҳо бо як қатор хатоиҳо менависанд.
Барои решакан намудани забони тоҷикӣ дар Самарқанд, ки бештар аз ним миллион аҳолӣ дорад ва аксар тоҷиканд барои мақомоти Узбакистон ҳамагӣ 22 сол лозим шуд. Ба навиштаи сомонаи uznews.net ҳангоми гардиш дар Самарқанд шумо ҳеч таблиғоту овезаеро ба забони тоҷикӣ нахоҳед дид, ҳамааш ба забони узбакӣ аст.
Забони тоҷикӣ ҳамзамон дар расонаҳои расмӣ решакан мешавад. Рӯзномаи шаҳрии «Самарқанд» солҳост, ки ба забони тоҷикӣ матлаб нашр намекунад. Танҳо телевизиони давлатӣ хабарҳоро ба забони тоҷикӣ, ду-се маротиба дар як ҳафта пахш мекунад.
“Uznews.net” менависад, бисёрзабонии Самарқанд то солҳои 1991 дар Узбакистон мушкиле надошт ва тоҷикӣ дар баробари забонҳои русӣ ва узбакӣ қарор дошт. Мактабҳои тоҷикӣ фаъол буда, бо маводи дарсӣ аз Тоҷикистон таъмин мегаштанд.
Аз соли 2000-ум маҳдудкунии забони тоҷикӣ дар Самарқанд шуруъ гардид. Ҳамасола теъдоди шуъбаҳои тоҷикӣ дар мактаб ва донишгоҳҳои олӣ коҳиш ёфта, норасоии шадиди китоб ба забони тоҷикӣ эҳсос мегардид.
Аз ин хотир имрӯзҳо дар Самарқанд насле ба воя мерасад, ки ба забони тоҷикӣ суҳбат мекунад, аммо бе иштибоҳ навиштан наметавонад. Дар суҳбатҳои шифоҳӣ ҳам насли ҷавон забонҳои русӣ, узбакӣ ва тоҷикиро омехта карда, дар алоҳидагӣ бо ин забонҳо дуруст сухан гуфта наметавонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |