Кумитаи ахлоқи федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Муҳаммад бин Ҳаммомро аз тамоми фаъолиятҳои марбут ба футбол то охири умраш маҳрум сохт.
Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки собиқ раҳбари конфедератсияи футболи Осиё бо иттиҳоми талоши харидории курсии раҳбари ФИФА зимни маъракаи интихоботӣ муҷрим шинохта шуд. Сомонаи «Р-Спорт» навиштааст, баррасии қазияи миллиардери 62-солаи Қатар ду ҳафта ҷараён гирифтааст.
Бин Ҳаммом аз рақиби ягонаи Зепп Блаттер дар интихоботи раҳбари ФИФА буд, ки авохири моҳи май баъди сару садоҳо атрофи ба ришвату фасод даст доштанаш номзадияшро бозпас гирифт. Ҳамааш баъди он сар шуд, ки матбуот перомуни мулоқоти Ҳаммом ва ноибрайиси собиқи ФИФА Ҷек Уорнер бо 25 намояндаи Иттифоқи футболи Қариб навишт. Тибқи маълумотҳо дар ин вохурӣ бин Ҳаммом бар ивази баргузидани номзадияш ба симмати райиси ФИФА ба онҳо 40 ҳазор доллар ваъда кардааст.
Дар изҳороти расмии сомонаи ФИФА гуфта мешавад, ки бин Ҳаммом то охири ҳаёташ иҷозаи ширкат дар фаъолиятҳои ба футбол вобастаро чӣ дар кишвараш ва чӣ дар сатҳи байналмилал надорад.
Ёдовар мешавем, дар интихоботи берақиб Зепп Блаттери 75-сола бори чорум раҳбари федератсияи байналмилалии футбол шуд. Ӯ аз соли 1998 ба ин сӯ курсии раҳбари ФИФА-ро ҳифз кардааст. Қабл аз Блаттер ФИФА-ро Жоао Ҳавеланж 24 сол раҳбарӣ карда буд.{jathumbnail off}
Мӯҳр