Тибқи иттилои вазорати кишоварзӣ аз оғози мавсими кишти пахта то имрӯз дар майдони 202 ҳазору 820 гектар пунба корида шудааст, ки 97 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Бино ба қавли манбаъ имсол дурнамои кишти пахта дар ҷумҳурӣ 210 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва феълан кишти пахта дар ҳоли ба анҷом расидан аст. Аз миёни минтақаҳои пахтакор рафти кишти пахта дар вилояти Суғд хуб буда, ноҳияҳои пешсафи он Спитамен, Ашт, Конибодом, Истаравшан ва Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб мераванд.
Мӯҳр