Бахшҳо

Боздиди президент аз хонаи як деҳқони оддӣ, ки хонаводааш муҳоҷир надорад

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корияш ба Ёвон аз хонаи як деҳқони оддии ноҳия дидан карда, аз аҳволи рӯзгораш пурсон шуд.

Ба иттилои манбаъ дар ҷамоати Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон президенти Тоҷикистон ба хонаи деҳқони асил Кароматулло Раҳматуллоев ташриф оварда, аз аҳволи рӯзгораш пурсон шуд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, зимни боздиди Эмомалӣ Раҳмон аён гардид, ки ин марди деҳқон роҳбари хоҷагии деҳқонии Алишер аст ва 4,7 га замин дар ихтиёр дорад: “Дар хоҷагӣ 5 бародару 5 хоҳар аз як хонавода, ки ҳама оила барпо кардаанд, бо фарзандону пайвандонашон кор мекунанд. Онҳо, асосан, бо кишти ғалладонаю полезӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ машғул буда, аз он ризқу рӯзӣ ҳосил мекунанд ва ҳеч яке ба муҳоҷирати корӣ намераванд.”

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури миёни Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли хонаводаи ин деҳқони асил сари дастурхон суҳбат сурат гирифтааст.

Хабари боздиди президент аз хонаи як деҳқони оддӣ дар ҳолест, ки таҳлилгарони тоҷик аз сохтакорию намоишкориҳои мақомоти маҳаллӣ зимни сафари раисиҷумҳур ба навоҳии кишвар борҳо шикоят кардаанд.
Мӯҳр
Ёвони
Ин худнамоихоро дигар хеч кас бовар намекунад. Барои чи ин хукумат пеш аз эълони интихобот таблиги номзадашро сар карда бошад? магар ин конуншикани нест?!

Чаноби оли хама сохиби замин нест ку? Масалн дар минтакахои мо раисон, бригардирхои пештар, бухгалтерхои замони колхози, кормандони чамоатхо ва рохбарони органхои кудрати, чонишинои шархру нохия, кормандони кумитаи замин ва хешу табори онхо сохибои аслии замин буда ва дар навбати худ заминро ба дигарон 1200-1500 сомони ба ичора дода худ кайфу сафо карда мегарданд. Ман фикр мекунам ки тамоми Чумхури дар чунин ахвол карор дорад. Ин бенизоми, берабти ва беадолатихо кай аз байн мерафта бошад?

Холид
Ин боздиди Эмомали Рахмон аз як худнамоие беш нест. Вакте Хазрати Юсуф тамоми Мисрро яктопараст мекунад ва дар киштзор аз ахволи як хонаводаи факир дидан мекунад аз ному нишони худ чизе намегуяд то замоне, ки худи онхо намепурсанд. Вакте ахли ин оила мефахманд, ки Хазрати Юсуф ба диданашон омадааст мухаббаташон бо у дучанд мегардад. Аммо гап сари ин меравад, ки Юсуф пеш аз оне, ки бо ин оила вохурад бо касе машварат накарда буд, вале вохурихои Эмомали Рахмон ба хамагон маълум аст, ки тахрезишуда аст.

Ин театри лухтак дигар ба ки ачоиб аст? Кариб ду миллион мардуми кобили мехнат агар дар ватан каме имкон медошт, наход ки ба мухочират мерафт? Боз нисбати мухочирон таънаомез менависанд... "бинед, ки аз ин хона касе мухочир нашудааст". Шарм доред ё не?

комил
дар хонаи ин муйсафеди содда мухочир нест зато дар дигар оилахои камбизоат аз 1 то 4 фарзандхояшон дар гурбатанд!

Мушохидачи
Бараъло намудор аст,ки мардум руз то руз аз сиёсати пешгирифтаи хукумат норози хастанд ва дар кучое,ки нарави сухан дар бораи фасодзадаги ва ришвагири дар макомотхои давлати,ноадолати,бекори,бебарки,роххои пулаки,
маошхои паст,хешутаборбози ва махалчиги,вазифахари ва вазифафуруши дар сохторхои давлати,шиканча дар муассисахои ислохоти сухан меравад ва мардум ину он тарафаша нигох карда ба якдигар,дарду алами худашона мегуянд.

ТОҷик
Ба фикрам, дар ноҳияи Ёвон ҳамин як оила будааст,ки касе ба мардикорӣ нарафтааст. Инро роҳбарияти ноҳия қаҳрамонӣ дониста, президентро онҷо бурдаанд.

Ҷамшед
Лаҳзаҳои гуворо давом дорад!

Лаҳзаҳои гуворо давом дорад!

Лаҳзаҳои гуворо давом дорад!

махмад
Шарм нокарда шукрона нокарда ин гапа бинед. Катагии президенту хукумату хешутабораш аз кадом хисобаст?бешармон. Зиеда аз 40% ВВП-и точикистон аз хисоби ана хамон мухочироне ки дар гурбат хун мехуранду пул ба Ватан мефиристанд боз ба онхо писханд зада як муйсафедро барои худнишонтии мисол кардаанд. Мухочират таъна ки бошад мохам безорем аз хамин гариби чои кор ташкил кун чаноби оли равем кор кунем. Мо мухочиронро хам мефорад бегох аз кор омадем фарзандонамон дар канору дуструяконамон дар огушамон бошад. Дар сари дастурхони гариби дар фикри зану фарзанд нон не захр мехури ЧО. Барои хамн режисерхои азиз аз ин баъд барои ЧО ягон спектаклхое таер кунд акалан камтар мардум бовар кунад.

одил
Дар Исфара ба омадани чаноби оли тайёри дида истода шабонаруз сохтмони 3то варзишгохи 20000, 3000,ва 5000 нафараро давом дода истодаанд, вале ба фикрам дастгир намешавад. Ба дили мардум хамаи ин сохтакорихо задааст, хар руз шанбеги, коргари давлат дар таги бало мондаги. Барои шахраке,ки 50000ахоли дораду 10000-ш аз чумлаи чавонони кобили кор дар россия мебошанд стадиони 20000каса чи лозим, мудоме ки хамон стадиони 2000нафара хам боре пур нашудаасту командаи футбол хам надорем? Хусусан ки як кисми калони он аз хисоби сохибкорон ва ташкилотхо бо рохи мачбури маблаггузори шуда истодааст. Ба чои ин стадионхою чойхонаю туйхонахои бешумор агар корхонаю беморхонаю мактабхою роххо обод мешуданд хуб мешуд. Баъдан маблагхои калони рафту омади президент ба нохияхо ва хамаи ин "маскарадхо" ки то ба дилбехузури бурда расонидаанд ба ки лозим аст?

Обру ва эхтиром акнун ба кормандони кумитахои замини нохияхову вилоят ва чумхури мондааст.Кормандони ин комитетхо аз судяхову прокуратураву сардорони шуъбахои милиса дида бокадру боэхтироманд.Хукумат хаминхо хастанд.Агар шахсе дар комитети номбурда кор кунад,у гуиё президенти махалли аст.Агар дар Точикистон ба хар як оилаи мустаким аз 1-га то 3 га замини корам мерасид,алабатта касе ба мухочират намерафт.Мардуми точик табиатан шоир хам,ки бошанд(иктибос аз шоири маъруф шодравон Турсунзода)лекин пеш аз хама дехконанд.Агар чунин муроду максадхо ба мардум ноил мегашт,Точикистон аз хама бухронхои иктисоди мебаромад.Лекин хамон "уф"хову "юф"хову "актиф"хову коммунистхову атеистхои даврони шурави,аллалхусус дар Точикистони шурави мукобили хама тагиротхои ислохотии заминдориву ичоракориву фаъолияти хочагихои дехкони буданд.Як рафики хамкори мо накл мекунад.ки дар нохияи Чоми,аввал собик "уф"хову точирони пулдор заминхоро ба ичора мениранду баъди чанде,мутахассисони кумитаи заминро даъват карда,"тадкикот"и кадастри карда,забон як мекунанд,ки ин заминхо барои хосилдихи ношояманд.Яъне "алику малик"и хуччати карда,баъд ба мухточоне,ки мехоханд.ки як чанд сотих заминчо барои сохтани манзил гиранд,мурочиат мекунанд.Ана баъд даводаву ташвишро мебинед.Мутахассисони кумита онхоро ба назди раиси чамоат мефиристонад.онхо мухточони заминро ба назди раиси хочаги(сохтори колхоз)ии собик равона мекунанд.Раис китфхояшро дархам мекашаду дастонашро артиствор ба суи шахси ичоракори заминдор рост мекунад.Баъд миёнаравхову наздикони кормандони судхову прокуратураву рохбарони кумитахои заминхо пайдо мешаванд.Аз хама ачоибаш дар он аст,ки мухточони доимии замингир судяву прокурори нохия,военкому дигар раисону хучаинхои даврон ба хисоб мераванд.Баъд бозори хариду фуруши заминхои давлати огоз мешавад."Мутахассисону шахсони фаъолу собикадор"хои миёнараву "оксаколхои хирадманд" амал мекунанд.Мирзохуча-бобои коммунист,Хочи Махрами "сахиву авлиё",Хочи Гуломи "пак",собик корманди партияви Хамдам Сафарови раис ва кормандони чамоатхои дехоти,аз зумпаи онхо хисоб мешаванд.Чунин "фаъолон"и хубамал дар хамаи хочагихои нохия хастанд.Баъди даву тозу "дунгу дав" ва ташвишу рафту омадхо,миёнаравхо 8000-то 10000-доллари мухточони замингирро гирифта,"пакети документ"хоро дар давоми як хафта.ба дасти онхо медиханд.Баъд боз "ташкили"и сохибони заминро хурда,хушхол аз мехмони мераванд."Акаи Боки замин инъоми ту,он замин дар хиссаву дар номи ту".Президент магар ин мушкилихоро бохабар нест,ё мисли Брежневи аввали солхои 80-уми асри гузашта бехабар аст?

odami korgar dar hamajo kor karda rizkashro meyobad.xonavu rohoi urusro rafta merubanu toza mekunandu arobakashi meravan rasiya..hamin korhoro dar vatanat charo namekuni?sharm medori?xonai urusa tualetasha toza mekuni sharm namedori?kor nest?kor pur..bra kishlokhoi durda zaminkorivu zamindoronda korgar shav..zato vatanatbai ozodi.boloi sarat milati digar sardori namekunadu mazokat namekunad.

shams,
Бародар сабр кун!!! Шояд баъд аз бист сол ё чил сол ё дар асри 22 хама мушкилихо хали худро меёбанд. Ва баъд ману ту аз осмон ба мардуми точик назар мекунему шукри Худо мегуем. Шукронаи ана хамин сарзамин кунед. Шукрона кунед, ки чунин ватани азизу махбуб доред.

Юсуф
ин хам як намоиши сохта шуда мебошад. дар он заминхое, ки Алишер хочагии дехкони дорад ба гайр аз галлаи тирамохи чизе дигаре руёнида намешавад, чунки ин заминхо ба ном оби буда дар асл соле як бор хам об сар дода намешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)