Дархости дахолати парлумон ба фишорҳо болои ҲНИТ
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сардабири сомонаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҳайси як шаҳрванд ва интихобкунанда аз парлумони Тоҷикистон хостааст, ба фишорҳо болои ҲНИТ расидагӣ кунад.
Файзраҳмонов, ба ҳайси як сокини деҳаи Пахтакори ноҳияи Қумсангир ба Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон барқия ирсол намуда, навиштааст, ки “вақтҳои охир тавассути расонаҳои давлатӣ, махсусан шабакаҳои радио ва телевизонии он алайҳи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, созмони сиёсии расмӣ ва эътирофшуда ҳам дар дохил ва хориҷи кишвар дар марҳалаи омодагириҳо ба интихоботи президентӣ, таблиғоти муғризона, ки ҳадаф мавқеъ ва ҷойгоҳи онро ноҷиз сохтан аст, ба таври густурда идома дорад.”
Ин сокини деҳаи Пахтакор афзудааст, ки “маро ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин фазосозиҳои носолим ва тавҳиномез сахт нигарон сохтааст.”
Файзраҳмонов илова намудааст, ки “ба ҳайси интихобкунанда аз шумо, вакилони мардумӣ мавқеъи Маҷлиси Олӣ ва намояндагони Тоҷикистонро нисбати ин вазъият фаҳмиданӣ ҳастам ва бисёр мехостам, ки дар пешгирии ин амалҳои номатлуб тадбирҳои зарурӣ меандешидед.”
Ин дархост, дар ҳолест, ки ахиран тариқи телевизионҳои давлатӣ барномаҳои зиёде алайҳи ҲНИТ пахш мешаванд. Аммо Кумитаи радио ва телевизион роҳандозии маъракаи махсус алайҳи ҲНИТ-ро рад карда, изҳор медорад, ки танҳо назари иштирокдорони ҷамъомадҳоро нашр мекунад ва уҳдадор нест, барои ради назарҳо ба ҷониби дигар минбар ироа кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |