6 ноябр, дар рӯзи Сарқонун, интихоботи президент баргузор мешавад
Имрӯз, 30-юми август дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон санаи баргузории интихоботи президентӣ 6-уми ноябри соли 2013 таъин шуд.
Дар ҷаласаи панҷуми муштарак, ки бо ҳузури мушовирони президент, Суди конститутсионӣ, Суди олӣ, додситонӣ ва роҳбари Комиссияи марказии интихобот дар Душанбе баргузор гардид, масъалаи таъини санаи интихоботи президентӣ баррасӣ шуд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон гузориш дода гуфт, ки "инак бо наздик омадани анҷоми ваколати президенти феълӣ, пешниҳод мекунам, ки интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябр, ки ба рӯзи чоршанбе, ки рӯзи Сарқонун ва рӯзи истироҳат аст, баргузор карда шавад."
Ӯ гуфт, ки баргузории интихоботи президентӣ дар кишвар баъд аз солҳои вазнини давлатдорӣ, падидаи хуб мебошад: “Кишвари мо чандин буҳрони сиёсиву иҷтимоиро паси сар кардааст. Интихоботи қаблӣ натиҷаи рисолати худро ба даст овард. Буҷети давлат сол то сол афзоиш ёфта танҳо дар соли 2013 12, миллиарду 200 миллион сомониро ташкил медод. Бунёди ҷомеаи навини озоду демократӣ бо суръат идома дорад.”
Дар ҳамин ҳол пешниҳоди Зуҳровро аъзои Маҷлиси Олӣ бо як овоз қабул ва тасвиб карданд.
Шукурҷон Зуҳуров таъкид намуд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчун ҳомии Сарқонун кафолат медиҳад, ки интихоботи президентӣ шаффофу демократӣ хоҳанд гузашт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |