Бахшҳо

Turajon.org дар бораи пӯшидани кафшҳои пошнабаланд

Сомонаи Turajon.org, торнамои хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо, аз рӯҳониёни саршиноси Тоҷикистон пӯшидан ва фурӯхтани кафшҳои пошнабаланд (каблук)-ро барои занҳо нораво хондааст.

Торнамои Turajon.org дар посух ба суоли яке аз корбаронаш, гуфтааст, “агар он кафшҳо пошнабаланд бошанд ва пӯшидани ин навъ кафшҳо хоси занҳои фосиқа бошанд ва дар вақти роҳ рафтан овоз содир кунанд, пас пӯшидан ва фурӯхтани ин навъ кафшҳо барои занҳо ҷоиз нест.”

Ин торнамо шарҳ додааст, ки дар Қуръон ба занҳои мусалмон хитоб мешавад, "ва пойҳои худро дар замин накӯбанд то зинати пӯшидаи худро ба дигарон бифаҳмонанд." Яъне Худованд дар ин оят аз баровардани овози занҷире, ки занҳо дар пояшон мекарданд, наҳй кардааст.

Вале ба навиштаи Turajon.org, агар кафшҳои пошнабаланд, ба шарте, ки зиёд баланд набошаду овоз содир накунаду хоси занҳои фосиқа набошад ва барои зан зарар нарасонад, пас пӯшиданаш барои онҳо ва инчунин фурӯхтанаш ҷоиз мебошад.

Торнамои мазкур ба корбаронаш тавсия додааст, ки аз пӯшидани ин навъи кафш худдорӣ кунанд: “агар занҳо ин навъ кафшҳоро напушанд беҳтар аст.”

Ин дар ҳолест, ки моҳи марти соли ҷорӣ маъмурияти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз духтарони донишҷӯ ва муаллимаҳо хоста буданд, ки бо пойафзолҳои пошнапаст, аз ҷумла «иринка» ба дарсҳо ҳозир нашаванд ва тавсия доданд, ки кафшҳои пошнабаланд пӯшанд.
Мӯҳр
Самандар
Дар замони хазрати Мухаммад бисёрихо пойи луч мегаштанд. Биёед хама пойлуч гардем. Ё калушу махси ва чоруки хомак пушем. Охир хар неъмате, ки дар дунё хаст мешавад, бо хости Худо хаст ку. Барои чй онро напушанд. Ин Турачон сараш войрон шудагй...

Манучер
Рут сиех самандар барои зани мусалмон ин хама манъ аст ин туфлихои пошна баланд ва ун либосхне ки имруз дар чомеаи мо хама таклиди куркурона мекнан хама хоси мардуми гарб аст турачон хам аз пеши худаш хеч чиз намегуйяд хамаш дар доираи шариат пешкаши мухлисош мегардона шумо баринхо хеч чиза ба назар нагирифта ай пеши хдт як чи мегуй аклта кор фарм

Салмон:
Эй Самандар аз ХУДО тарс! Ин Турач,онзодах,о аз назди худ ин фатворо надодаанд ин аз китоби ХУДО гирифта шуда. Вак,те ту бад бини нафорад х,ам к,абул кун амри ХУДОРО!!! Ва як чизи дигар вак,те, ки номи паёмбарро навишти фаромуш накун (с) навиштанро чаро, ки ту барин бефах,мх,о бифах,манд! Ва маълум шуд, ки ту одами х,укумат будаи чаро, ки мусалмононро бад медиди!...

Самандар
Рут сафед Манучер! Агар ин туфлию либосхо аз Гарб бошад, пас напушед. Хамон ТВ, мошин Самолёт, ракета, Интернет телефони мобилй хам аз Гарб аст, пас истифода накун! Худат ягон чиз созу калушу мукй чомаю сала пушида, истифода карда гард. Ба ягон чо иншооллох мерасй....

ali
ба самандар ахлоти говхам неъматастки зимистон алов мекунию гарм мешави.

Ассалому ъалайкум варахматуллохи вабаракатух!
Дуруст аст суханони Турачонзодахо... Зеро Худованд чалла чалолаху ин тавр худнамоие, ки аксари занхои мусулмони точик хаст манъ намудааст... зеро зебогиро ба шавхари худ кунанд на ба мардхои бегона...
Бародарон мо мусулмонем, хукуматдорон хам мусулмон хастанд чи даркор суханхои носазое, ки мегуед???

Самандар
Манучер,Рут сафед Манучер! Агар у туфлию либос аз Гарб гуфта пушиданашро макрух гуед, пас телефон, мошин, поезд, самолёт, ракета, интернет ва... хамаш аз Гарб аст, пас истифода накун. Чй хел фахмидй?

Котиб
Самандар, бигзор ин пешрави дар ту бошад. Мо безорем аз он неъмати дуняви, ки дар он хушнудии Худову расул набошад. Сад фоиз фахмост?

А
Рост гуфтаанд эшон.

Салом бародарои азиз! Асосан хамаи ин ихтироот телефон, интернет, мошин, самалёт асосаш дар Куръон зикр ёфтааст. Яъне "Бихон" гуфт Худованд ба инсон мардуми гарб хонданд(гарбихохам инсонанд бандаи Худоянд )аммо мо нахондем ва дар азобем. Бидонед илм илм аст ва хама илм аз Худованд меояд. Инки чахони гарб пеш рафт аз илм аст, яъне хонд ва гуфти Худовандро ичро кард мо чи? Мо факат ба бахси тахорат, обдастаро ба рост капем ё чап, туфлии баланд пушем ё паст агар пушем гунох напушем гунох ба чои он, ки гуем Бихон ва аз чахолат барун шав (рости боре нашунидаам аз ягон рухони ки гуфта бошад илм наомузи гунахгор меши чун Худо гуфтааст "Бихон"). Бародаро дин дар такя ба илм устувор аст. Аммо афсус рухонихои маъруф тамоман гофил аз ин чиз дар фикри дигар чиз. Худо хидоят кунад моро ба суи илм ва рушнои ва боздорад аз торики ва гафлат. Синоро кофир гуфтанд имруз хама муллохо аз тиб истофода мебаранд. Муфтарам рухонихо аз таърих тачриба омузед. Дар охир аз Озодагон хохиш дорам андешаи маро чоп намоед. Худо шохид бегараз гуфтам. Бо умеди тавфик Шер!

Салом бародарои азиз! Асосан хамаи ин ихтироот телефон, интернет, мошин, самалёт асосаш дар Куръон зикр ёфтааст. Яъне "Бихон" гуфт Худованд ба инсон мардуми гарб хонданд(гарбихохам инсонанд бандаи Худоянд )аммо мо нахондем ва дар азобем. Бидонед илм илм аст ва хама илм аз Худованд меояд. Инки чахони гарб пеш рафт аз илм аст, яъне хонд ва гуфти Худовандро ичро кард мо чи? Мо факат ба бахси тахорат, обдастаро ба рост капем ё чап, туфлии баланд пушем ё паст агар пушем гунох напушем гунох ба чои он, ки гуем Бихон ва аз чахолат барун шав (рости боре нашунидаам аз ягон рухони ки гуфта бошад илм наомузи гунахгор меши чун Худо гуфтааст "Бихон"). Бародаро дин дар такя ба илм устувор аст. Аммо афсус рухонихои маъруф тамоман гофил аз ин чиз дар фикри дигар чиз. Худо хидоят кунад моро ба суи илм ва рушнои ва боздорад аз торики ва гафлат. Синоро кофир гуфтанд имруз хама муллохо аз тиб истофода мебаранд. Муфтарам рухонихо аз таърих тачриба омузед. Дар охир аз Озодагон хохиш дорам андешаи маро чоп намоед. Худо шохид бегараз гуфтам. Бо умеди тавфик Шер!

мусулмон
НАКУН ТАКЛИДИ ИН ЗАНХОИ НИМУРЁНИ ГАРБИРО,ХИЧОБАТ ЭЙ ЗАНИ ШАРКИ ТУРО ЗЕБАНДАГИ БОШАД!!!

Сафар
Турачонзода солхоии 92 куштани мардумро хам дар доираи шариат ичозат дод буд. Тавба, ин чи хел одам аст, ки ба хамаи чомомон кор дорад. Наход одам ин кадар беру шавад ? У худаш ки будааст, ки аз у ин кадар "пайгамбар" метарошед. Аз ин сафсатахои Турачонзода кай халос мешуда бошем.....?

Э бадбахти Самандари дар ба дар!
Вакте зан туфлии баланд мепушад барои мувозинати баданро нигох доштан бояд комати худро ба кафо барад! Дар ин сурат синохои зан ва думбааш аёнтар мешавад, барои хамин мумкин нест! Лекин шумоба маъкул аст? хохару занатонро монед пушанд ва дигарон халоват баранд!!!!!

Абдушукур
Ассалому алайкум ва рах ва бар. Аллох (ч) одамизотро акл додаст ки хубро аз бад, фоидаро аз зарар, халолро аз харом, одамро аз хайвон фанк кунад. Чи хеле ки Самандар мегуяд хамаи ин чизхо моли гарбиест, хамон гарбихо хам мисли ту одам хастан чиба онхо метавонанд мошин, телефон, хавопаймо, поезд созанд ту на метони барои он ки ту барин динфурушон аз кадим то ин замон буданду хастанд.
Ту ки тарзи либос пушиши Исломро кабул надори дигар ту аз Ислом харф назан.
Гарбиера дар пешон ба хохарошон, ба модарошон, ба духтарошон, ба заношон мерасанд ин хам аз гарб аст ин хам кабул дори ту , зинати зан барои шавхараш аст на барои мардони куча агар ту даьвои мусалмони мекуни худи хозир барои суханони навиштаат бахшиш пурс зеро инсон бе хато намешавад .
Гунохи худро икрор шудан нишонаи имондорист . Аллохи пок хама бандагонатро ба рохи рост хидоят намо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)