Бахшҳо

Додоҷони Атовулло: “Дар ҳукумате, ки адолат нест, инсон қадр надорад”

Ҷунбиши сиёсии “Ватандор” ба раҳбарии Додоҷони Атовулло дар 13 банд пешнависи барномаи ислоҳотии худро интишор додааст.

Интихобӣ шудани раҳбарони шаҳру вилоятҳо, кам кардани андозу коҳиш додани сафи кормандони давлатӣ, мубориза бо фасоди молӣ ва якҷоя намудани Вазорати умури дохиливу Кумитаи амнияти миллӣ аз нуктаҳои муҳими пешнависи барномаи “Ватандор”-анд. Инчунин, бар асоси ин лоиҳа раисиҷумҳур танҳо барои чаҳор сол интихоб шуда, баъд аз он бо хоҳиши худ бояд аз вазифа биравад.

Додоҷони Атовулло мегӯяд, ин барнома ба интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ рабте надорад. Ба гуфтаи ӯ, “ин танҳо маромнома ва таманнономаи Ватандор аст.” Дар ҳоле ки ба бовари раҳбари “Ватандор”, “ман ба ин интихобот бовар надорам. Кай дидаед, ки аз мурғ шир бидӯшанд? Касе ба интихобот дар як кишвари диктаторӣ бовар мекунад ё одам нест, ё аз ин олам нест!”

Оқои Атовулло мегӯяд, ҳоло ин пешнависи барнома барои баррасӣ ва такмили он ба мардум пешниҳод шудааст: “Мо мехоҳем, дар ин замина назару пешниҳоди ҳамватанонро бигирем. Ақлҳо ақлҳоро ёрӣ диҳад.” Ба қавли раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, талоши онҳо барои адолатпарвар шудани давлату давлатдорӣ будааст. “Зеро дар ҳама ҳукумате, ки адолат нест, инсон қадр надорад ва ин ҳукумат ба як дастаи авбошон бадал мешавад”,-таъкид кард ӯ.

“Ҳукумате, ки мо мехоҳем, сохторе, ки мо орзуяш дорем, ҳукумате бошад, ки дар ғами ҳар як шаҳрвандаш бошад. То як одам - рӯбанда, академик, аскар ё донишомӯз бовар дошта бошад, ҳукуматаш, президенташ, раҳбараш дар фикри ӯст. Ва ин ҳукумат ӯро бекору бехонаю бе табибу бе пуштибон намемонад”,-афзуд Додоҷони Атовулло.

Додоҷони Атовулло, муассис ва сардабири “Чароғи рӯз”, яке аз мухолифони сарсахти ҳукумати феълии Тоҷикистон аст, ки дар ҷараёни ҷанги дохилӣ кишварро тарк карда, дар ғурбат ба сар мебарад.
Мӯҳр
Як чахон ташаккур акаи Додочон! барномаи бехтарин.

Браво Додочони Атовулло. Зинда боши.

Har chi KHUDO khost hamon meshavad...

Шарофиддин
Салом ба кули мардуми сарбаланди Точикистон фикри банда хамчун шахрванди ин диёр ин аст. Ин Додик зараи дилаш ба ин ватан ва ин милат намесузад

Курбон
Додочон дилат барои президентй гум мезанад, лекин зеби президентй надорй. Президенти моро бин, чор кас медидагй. Аз тамоми президентхои олам бехтару зебост. Танхо барои як кораш бояд мардона эътирофаш кунем, ки Точикистонро аз нобудй начот дод. Дигар чизе лозим нест, барояш овоз медихем.

Чаноби Икс
Бехтарин аст ин мард.Барномахояш хам хубанд!

мухочир
100% гапуш ростай!

Али Сугди
Эй бадбахт ту мард боши гурехта нарав буд барои ин диер мехнат кун бие обод кун

Ман
Шарофиддин[/
хато мекни ин шахс агар дилаш намесухт инкадр чонфидои намекард.

lutik
mosholloh dodik!мушохидакор,
мушохидакор,
мушохидакор,

Ватандуст
Магар Додоҷони Атовулло чун дигар рақибони сиёсӣ наметавонист дар Ватан истода даъвои «Ватандор» намояд? Тафаккураш қудрат надораду мақомоти қудратиро наҳ мезанад. Дар бист соли Истиқлолияти давлатӣ нафъе ба Ватан нарасондаасту даъвои Ватандорӣ мекунад.

Ватандорӣ обилаи кафи марди деҳқон аст.
Ватандорӣ бунёд кардану сохтан аст.
Ватандорӣ дасти дуои неки падару модарон аст.

Додоҷони Атовулло хуб эҳсос кардааст, ки ӯро ба роҳи каҷ ва зулмат раҳсипор намудаанд, аммо забонаш, ки ба талаффузи калимаи тавба намепечад, сари худро аз доми бало раҳо карда наметавонад (барои чи чоп намекуни Озодагон? Озод бошед!!!!!)

Мубориз
Шарофиддин,
Ба Шарофиддин: Аммо, бародар, ин гапат хеле рост аст--монанди дос. Мо аз гапат фахмидем, ки дили ту ба ин хукумат ва чиновникхои порахураш месузад. Мумкин аз нуги он порахо ба ту хам камтар мерасидагист...

точик
Ба фикрам ин Додика хочахои хоричиаш, ки барои низоъ андохтан ва нотинчи овардан дар Точикистони азизамон пул дода буданд, оромаш намонда истодаанд, чунки натича нест. Мардуми точик дигар сода намешавад, Худо хохад ватанашро худаш обод мекунад. Мо медонем, ки ватандории Додик дар нохунак аст, яъне "Ватандор"

рашид
Бас кунед бародаро шукронаи тинчиамонро кунед

Донишҷу
мушохидакор,
Раҳмон: “Дар ҳукумате, ки инсон нест, адолат қадр надорад”

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)