Бахшҳо

Сӯзондани 60 000 диски филмҳои туркӣ ва ҷавобгарии “Насиҳат”

Идораи “Тоҷиккино” барои тарҷума ва дубора ба фурӯш гузоштани ду силсилафилми туркӣ бо забони тоҷикӣ – “Водии гургон” ва “Пайроҳаи тақдир” студияи “Насиҳат”-ро ба додгоҳ кашидааст. Бежан Қурбонов, сардори бозрасии давлатии назорат дар соҳаи маводи аудиовизуалии “Тоҷиккино”, 11-уми сентябр ба “Озодагон” гуфт, дар баробари студияи «Насиҳат» бархе аз афроди алоҳида низ чунин филмҳоро аз Интернет гирифтаву бо сифати паст ба фурӯш гузоштаанд.

Мусоҳиби мо афзуд, дар чанд рӯзи ахир 60 ҳазор диски ин ду филми туркиро аз фурӯшгоҳҳо ҷамъоварӣ намуда, сӯзонда нобуд кардаанд. “Ҳоло боз тақрибан 10-15 ҳазори дигар дар идора ҷамъ шудааст”,-илова кард ӯ.

Бежан Қурбонов гуфт, филми туркии «Водии гургон» ва «Пайроҳаи тақдир» қаблан аз тариқи студияи «Ҳамсадо» бароварда мешуд, ки ҳоло ин студия ба баровардани ин филмҳо машғул нест. Баҳори соли гузашта бар асоси дастури роҳбарияти “Тоҷиккино” истеҳсол, тарҷума ва нашри силсилафилмҳои туркӣ, аз ҷумла «Пайроҳаи тақдир», «Мисли Юсуф», «Ҳомиён», «Водии гургон» дар қаламрави Тоҷикистон манъ шуда буд.
Мӯҳр
курбонов изатулло
ман намедонам аз чи сабаб бошад ки хукуматдорони мо инкадар ба корхои бехуда даст мезананд баъзе вакт фиттахои турки баъзан фиттахои амри маъруфро манъ мекунад ба фикрам ин окибати хуб надорад сабри мардум мардум лабрез мешавад аз хамин филмхои точики дида хазор маротиба филмхои турки тарбиятовар аст бубинед филмхои точикию точиккиноро овораи ишк 20 рузи боигарии ман ки обруи точикистонро паст мезанад

Офарин ин коро барвакт кардан даркор буд хайр холо хам дер нашудааст. Ин филмхо кайхо зиёнхои худро ба чомеа расонидаанд. Тамоман несту нобуд кардан даркор хама филмхо туркиро

Эмомали
Салом
Ба хотири ин ба ин корхо даст мезананд ки, филмхои ҷаноби Раҳмонро дар ҳамавақт мардум тамошо кунанд. Аз кудака гаҳвора то муйсафеди 100 сола бояд корҳои ҷаноби Раҳмонро дар шабакаҳои телевизионии давлати, дар радио, газета, ДиВиДи, ...... халлас бояд дар ҳамаҷо ҷаноби Раҳмонро бояд гушкунанд, тамошо кунанд ва ҳамаи авомирашро итоат кунанд.
Фиравнро мардумаш фиравн кард ба сабаби ҳайвон буданашон ки дар охир фиравн худашро (наъузу бил Лоҳ) худо эълон кард.
Пас аз дасти инхел лагандбардорҳои беақлу бе тамизи мо ягонро ҷаноби Раҳмон худашро сояи Худо дар замине нею ягончизи дигар мебофад.

Бежан
Хукуки муаллифии истехсолкунандагони фонограмаро "Точиккино" вайрон кардааст. Кани як хукукшиноси номие, ки "Точиккино"-ро барои зарар овардан ба истехсолкунандаи фонограмма ба чавобагари кашад. Точиикстон аъзои якчанд санадхои меъёриву хукукии ташкилоти байналмилалии моликияти аклони (wipo) аст. Хатто Точикистон узви конвенсия оид ба химояи истехсолкунандагони фонограммахо (яъне студияхои сабти мебошанд) аст. Бояд Студияи "Насихат" ба болои "Точиккино" аз Судхои байналмилаи мурочиат кунад.

Чаноби Икс
Дар хамин давлату хукумат дигар мушкилот нест ки даст ба киноманъкуни задаед??

фард
чавоб ба чаноби иксу эмомали
Хамаи ифротгарои, тафрикаандози, таассуб, зиёдарави, таклиди куркуронаи занхо аз либосхои бегона ва бисер дигар чизхои номатлуб дар чомеаи мо аз тамошои хамин филмхо ба вучуд омадаанд. Як мисол меорам дар Точикистон 2 кудак нобуд шуд, хеле кофтанд.... кор то дарачае расид, як кампир гуфтаст, агар хамон йигити турки мешуд кудакора меёфт.
бинед охир йигит як образ аст, накш аст актер аст.... дар кино харчи шуданаш мумкин мурда зинда мешад боз бисёр дигар матлаб. Як сиёсатмадори хитои гуфтааст: дар давлате, ки як суруди бегона садо дихад, он давлат ва чомеааш вайрон мешавад. Як бор дар сухбати олимон шинед, ки туркон ки хастанду чи корхо кардаанд. Боз мо филмхои онхоро бо завк тамошо мекунем. чукур фикр кнед, ки давлату хукумат барои мардум зиндагии бехтар сохтанианд. Шумо бошед хамеша тангназар. одам бояд ояндаи худу фарзандонашро фикр кнад. литсейхои турки фикр мекунед барои Точикистон кадр тайёр мекунанд, не... агар аз як фан медалист бошанд, аз бокимонда фанхо кариб ки тасаввурот надоранд, барои он ки як равияро мегиранд кудакро майнаи сарашро бо хамон пур мекунанд тамом. одам бояд аз хамаи илмхо дар зиндаги огах бошад.... Хулоса барои ояндаи фарзандон, миллату давлати худ хушбин (оптимист) бошед.
Озодагон ташаккур.

чавоб ба чаноби икс
Давлату хукумат кори бисёр дорад хам барои сиёсати дохили хам хоричи.
Хукумати ЧТ динро болои сар кард, олимону орифонашро то хол гироми медорад. Хукумат озодиро ба мардум дод, мархамат намоз хонед, хач равед, дониши исломиро аз худ кнед, вале мардум зиёдарави кард. хизбу равияхо, гуруххо пайдо шуд, тафрикаандози, агар пеши ин корхоро нагиранд... сурия ирок яман ва боз бисёр дигар давлатхои араб ки мардумаш теша ба решаи худ зада истодаанд. аз барои чи? аз пушти хочахои хоричии худ.... шахрхои вайрон, курбониёни зиёд..... кор то дарачае расид, ки як духтарро дар кобул вахшиёна куштанд... ки чавоби инро медихад.??? хамаи ин таъсири ана хамин филмхо хаст...... боки шумо медонеду такдиратон...

Рости гап ман ин фильмхоро тамошо накардаам. Аммо ба гумонам дар ин фиильмхо арзишхои Исломи мисли намоз, масчид, сатри занхо ёфт мешаванд ва аз хамин сабаб мамнуъ бошад. Шумо чи мегуед???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)